Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидҷалол Саидов барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон шуд


Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат барпо гардид, бо пирӯзии паҳлавони тоҷик Саидҷалол Саидов ба поён расид.

Дар ин мусобиқа ба ҷуз гуштигирони тоҷик, варзишгарон аз кишварҳои дигар низ ширкат доштанд. Мусобиқа дар вазни 90 килограмм миёни варзишгарони синашон аз 18-сола боло сурат гирифт.

Паҳлавонони тоҷик Саидҷалол Саидов ва Комроншоҳи Устопириён ба финал роҳ ёфтанд. Саидов, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ пирӯз шуд, бо Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид. Устопириён барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуд.

Гуштигирон Саидҷамол Алимардонов (Тоҷикистон) ва Шаҳриёр Идрисов (Қирғизистон), ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, ҳар кадом бо медалҳои биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG