Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари президенти Русияро ба Узбекистон "анъанавӣ" донистанд


Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин
Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 26-уми май вориди Узбекистон шуд. Ин сафари сеюми ӯ ба хориҷа баъди савганд хӯрданаш ба ҳайси президенти Русия аст. Вай рӯзи 7-уми май ба даври панҷуми раёсаташ шуруъ кард.

Таҳлилгар Темур Умаров Баъзе ин сафарро анъанавӣ донист: “Дар ин сафар гапи муҳиме нест, чунки Узбекистон рушд мекунад ва дар умум на танҳо Русия, балки давлатҳои дигари ҷаҳон ба ин кишвар таваҷҷуҳ мекунанд. Узбекистон барои Маскав бисёр муҳим аст ва дар қолаби наве мехоҳад ҳамкориашро идома диҳад, ки он пас аз ҳамлаи Русия ба Украина шакл гирифтааст.”

Путинро кишварҳои ғарбӣ барои ҳамлааш ба Украина таҳрим кардаанд. Як додгоҳи Созмони Милали Муттаҳид низ қарори боздошти ӯро баровард ва сафари ӯро ба баъзе аз кишварҳо зери суол бурд.

“Путин нишон доданист, ки ҳама роҳҳо барои ӯ баста нашудааст ва тарафдор ҳам дорад. Раҳбарони кишварҳои минтақа ҳастанд, ки бо ӯ гуфтугӯ мекунанд. Вай бо ин амалаш нишон доданӣ аст, ки ҳанӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ зери нуфузаш ҳастанд,” – шарҳ дод Сироҷиддин Толибов, муҳаррири барномаҳои Радиои Озодӣ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Сафари Путин ба Узбекистон то куҷо муҳим аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Путин бо Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла сохтани нерӯгоҳи атомиро дар ин кишвар баҳс кардааст.

Сироҷиддин Толибов мегӯяд, “созише, ки баррасӣ мешавад, ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Шояд ин санад имзо шавад ва ҳамкорӣ шавад, вале равшанфикрони узбек аз ҳамкорӣ бо Русия интиқод мекунанд. Намехоҳанд, ки таъсири як кишваре, ки зери таҳримҳо ҳаст ва ба кишвари ҳамсояи худ, Украина, ҳамла кардааст, дар Узбекистон зиёд бошад.”

Русия Узбекистонро, ки беш аз 35 миллион аҳолӣ дорад ва пурҷамъияттарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, шарики стратегӣ медонад.

XS
SM
MD
LG