Ин дувуми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия дар моҳи ҷорӣ аст. Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр ба шаҳри Маскав, дар нишасти раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат карда буд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қазонро "боздиди корӣ" гуфт.
Шаҳри Қазон мизбони нишасти сарони БРИКС аст ва дидори роҳбарони узви ин созмони иқтисодӣ рӯзҳои 22-24 октябр дар ин шаҳр баргузор мешавад.
Ба ҳайати БРИКС Русия, Эрон, Бразилия, Чин, Ҳиндустон ва Африқои Ҷанубӣ шомил ҳастанд.
Ин сафари севуми Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баъд аз ҳамлаи маргбори шубҳабарангез ба толори консертии “Крокус” дар наздикии шаҳри Маскав аст. Мақомоти Русия дар тарҳрезӣ ва анҷоми он шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам мекунанд.
Баъди ин ҳамла муносибат ба садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия бад шуд ва ба ҳадде расид, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин масъаларо ба президент Владимир Путин гӯшзад кард, ҳарчанд аҳвол баъди ин беҳтар нашудааст.
Чанд рӯз пеш аз ин сафар, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба мақомоти Русия гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аз бадрафтории мақомоти Русия бо муҳоҷирони тоҷик нигарон аст.