Донаҳю дар солҳои 1980-ум муҷрии барномаҳои зиндаи мубоҳисавӣ буд ва барои тамошобинони амрикоӣ ва шӯравӣ суҳбатҳои таҳлилӣ таҳия мекард.
Барномаҳои ӯ бо номи “Ҷанги сард” тамошобинонро дар студияҳои телевизионии шаҳрҳои гуногун ба ҳам оварда, имкони саволу ҷавоби байни тамошобинону меҳмононро фароҳам мекард.
Ин барномаҳоро аз Амрико Донаҳю ва аз Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзноманигор маъруф Владимир Познер барандагӣ мекарданд. Дар солҳои 1990 ин ду журналист дар мизи гирдҳои ҳафтаии телевизиони тиҷоратии CNBC ҳам кор кардаанд.