Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии вазири фарҳанги Русия аз 3 муҳоҷири тоҷик


Владимир Мединский

Вазири фарҳанги Русия дар як номаи расмӣ ба раиси Думаи давлатӣ аз се муҳоҷири тоҷики барандаи ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” ҳимоят кардааст. Ин бори аввал аст, ки як вазири Русия ба ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик садо баланд мекунад.

Вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский дар номаи расмие ба раиси Думаи давлатӣ Сергей Наришкин хостааст, то кумиссиюни ахлоқи маҷлиси поёнии порлумони Русия рафтори вакил аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” Евгений Фёдоровро таҳқиқ кунад. Хабаргузории русии Регнум дар ин бора бо такя ба мақомоти Думаи давлатӣ хабар додааст.

Евгений Фёдоров рӯзи 25 апрел дар суханрониаш дар ҷаласаи Думаи давлатӣ зимни интиқоди тунд аз кори вазорати фарҳанг аз ҷумла ба тасмими ҳайати ҳакамони ҷоизаи “Золотая маска”, ё “Ниқоби тилоӣ” - мӯътабартарин ҷоизаи театрии Русияро, ки ахиран ин ҷоизаро ба се мардикори тоҷик дод, сахт дарафтод: "Ҷоизаи мусиқиро се гастарбайтер аз Тоҷикистон гирифт, сантехникҳое, ки зоҳиран унитази харобшуда дар яке аз театрҳоеро дуруст карданд ва баъдан дар саҳнаи ҳамин театр ин намоиши беҳамторо гузоштанд.”

Аммо вазири фарҳанги Русия дар номааш ба Сергей Наришкин навиштааст, “дар робита ба суханронии вакил Е.А.Фёдоров дар иҷлосияи рӯзи 25 апрел лозим аст хабар бидиҳам, ки далелҳои овардаи ӯ таҳриф шудаанд ваё асос надоранд.” Владимир Мединский аз ҷумла иддаои вакили Дума дар бораи гӯё ба се мардикори кӯча ва ғайриҳирфаӣ расидани ҷоизаи мӯътабари “Ниқоби тилоӣ”-ро бофтаи хаёли Евгений Фёдоров номид:
"Ниқоби тилоӣ"
"Ниқоби тилоӣ"
«Ҷоизаи вижаи ҳайати ҳакамон дар бахши театри мусиқӣ ба муаллифон ва ҳунарпешагони тарҳи «Оқин-опера» бо чунин асос – “Барои садоқат ба фарҳанги суннатии мусиқии мардуми худ дар шароити шадиди зиндагӣ” ("За преданность традиционной музыкальной культуре своего народа в экстремальных жизненных условиях") дода шуд. Навозандагони касбии тоҷик – ҳарсе Донишкадаи ҳунарҳои зебои Душанберо хатм карда, дар Кохи фарҳанги Хоруғ кор мекарданд – ба иллати шароити дунвори иқтисодӣ маҷбур шудаанд, ки ба Маскав биоянд ва инҷо корҳои муғоир ба касбу ихтисоси худро анҷом диҳанд. Муаллифони намоиш тавонистанд истеъдоди нодири онҳоро ошкор кунанд ва ба тамошобинон нишон диҳанд.”


Евгений Фёдоров
Евгений Фёдоров
Мединский ҳамчунин иддаои Евгений Фёдоров дар бораи ба минбари мухолифони давлати Владимир путин табдил ёфтани маросими эътои ҷоизаҳои “Ниқоби тилоӣ”-ро бепоя хондааст.

Андрей Андреев, вакил аз ҳизби коммунист ва муовини раиси кумиссиюни ахлоқи Думаи давлатии Русия ба Регнум гуфтааст, ки дархости вазири фарҳанг бо талаби расидагӣ ба рафтори вакил Фёдоров ҳанӯз ба дасти онҳо нарасидааст, «вале агар расид, кумиссиюн онро баррасӣ хоҳад кард.» Аммо Андреев эътироф кардааст, ки «то ҳол ягон мавридеро дар ёд надорам, ки вазири ҳукумати Русия дар робита ба сӯҳбатҳои ягон вакил ба раиси Думаи давлатӣ муроҷиат карда бошад.»

Евгений Фёдоров 51 сол дошта, дар Думаи давлатӣ аз ҳизби ҳокими Русияи воҳид намояндагӣ мекунад. Ӯ ахиран созмони сиёсиеро бо номи "Национально-Освободительное Движение в современной России" таъсис дод, ки аз талошҳо барои эҳёи СССР, аз ҷумла аз ишғолгариҳои Путин дар Украина ҳимоят мекунад.


Роҳи тӯлонии се муҳоҷири тоҷик аз Хоруғ то Болшой театр

Ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” имсол барои бори аввал насиби се ҳунарманди тоҷик шуд. Ҷоизаи вижаи ҳайати ҳакамони “Золотая маска” (“Ниқоби тилоӣ”) рӯзи 18 апрел дар маросими бошукӯҳе дар Болшой Театр - обрӯмандтарин саҳнаи театрии пойтахти Русия – ба муҳоҷирони тоҷик Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чаккабоев ва Абдулмамад Бекмамадов барои намоишномаи “Оқин-опера”-и Всевоволод Лисовский супурда шуд.

Лаҳзае аз "Оқин-опера"
Лаҳзае аз "Оқин-опера"
Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чақабоев ва Абдулмамад Бекмамадов дар солҳои 90 дар Тоҷикистон дар театри Хоруғ бозӣ мекарданд. Покиза як муддат собиқаи кор дар театри “Ганҷина”-и Душанберо ҳам доштааст, вале ҳарсе бо амри тақдир дар соли 2000 ба Русия муҳоҷират кардаанд ва маъмулан ин ҳама сол дар инҷо ягон кори сиёҳеро анҷом медоданд. Аҷаму Абдулмамад дар сохтмон ва Покиза ба ҳайси фаррош кор мекарданд.

Дар соли 2009 ишқи театр онҳоро ба Театр.док овард. Қаҳрамонҳои тоҷики "Оқин-опера" дар ин намоиш аз саргузаштҳои худ дар Тоҷикистон ва Русия қисса мекунанд ва дар лобалои ин қиссаҳои талху ғамангез бо созҳои миллӣ таронаҳо низ маҳзунеро иҷро мекунанд. “Оқин-опера” сужаи собите надорад, балки дар бештари мавридҳо бадоҳатан иҷро мешавад ва бозигаронаш дар саҳна ончиро бозӣ мекунанд, ки ҳамон лаҳза аз зеҳни онҳо мегузарад.

Абдулмамад Бекмамадов, иҷрокунандаи нақши асосӣ дар “Оқин-опера” рӯзи 20 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар “Оқин-опера” ҳунармандони ҳаваскор аз Узбакистону Қирғизистон ҳам ширкат мекунанд, вале ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” имсол сирф ба бахши тоҷикии ин намоиш, ки онҳо 3 нафар бозӣ мекунанд, дода шуд. Бекмамадов гуфт, дар маросими эътои “Ниқоби тилоӣ” дар Болшой Театр танҳо ӯ ширкат дошт ва “вақте номи намоиши моро гирифтанд, тамоми вуҷудамро хушиву хурсандӣ ва ифтихор фаро гирифт.”

Абдулмамад Бекмамадов мегӯяд, бо вуҷуди даст ёфтан ба мӯътабартарин ҷоизаи театрии Русия, ӯ, ки тоза аз Тоҷикистон ба Маскав баргаштааст, бекор аст: “Рӯзи чоршанбеи оянда мусоҳиба дорам ва шояд дар Малий театр ба корам бигиранд. 15 сол кори сохтмон кардам дар Русия, вале ишқи театр аз дилам нарафт. Ҳамин ишқ буд, ки ҳар рӯзи шанбеву якшанбе ба Театр.дос мерафтем. Даромаде надошт, вале хуморамонро мегирифт як андоза.Худое, ки бо ин ҷоизаи баланд корам омад кунаду, дар театр кор биёбам. Орзуе аз ин баландтар дар дил надорам.”

"Оқин-опера" зери навои таронаи Далер

Намоишномаи “Оқин-опера”-ро Всеволод Лисовский дар саҳнаи як театри ғайрисуннатии Маскав бо номи Театр.doc гузоштааст. Всеволод Лисовский рӯзи 20 апрел дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” ба маънои эътирофи ин намоиш дар сатҳи театрҳои касбии Русия буда, барои онҳо як ифтихори бузургест. Вале, афзуд ӯ, барои ҳунарпешаҳои муҳоҷир, ки дар ин намоиш нақш бозӣ мекунанд, шояд ин ҷоиза имкони пайдо кардани ҷои кори беҳтареро фароҳам биорад: “Оқин-опера аз нигоҳи иқтисодӣ сӯдовар нест, як тарҳи иҷтимоист. Ҳунарпешаҳо шомгоҳон меоянду бозӣ мекунанду мераванд ва қути фардояшонро бояд худ пайдо кунанд. Ҳоло аз 7 ҳунарпешаи “Оқин-опера” ду нафараш бекоранд. Шояд акнун иқбол ба рӯи онҳо бештар бихандад, агар эълон диҳанд, ки “Ба кӣ роҳрӯби соҳиби “Ниқоби тилоӣ” лозим аст?”

Ба гуфтаи Лисовский, дар ҳоли ҳозир дар “Оқин-опера” 7 нафар бозӣ мекунанд, бо шумули 3 тоҷики Бадахшон ва Аскар Рустамов, як тоҷики зодаи Узбакистон, ки шоми 20 апрел дар Маскав шаби шеърашро барпо мекунад. Ӯ мегӯяд, “ҳадафи мо ба мардум расондани воқеъияти зиндагии муҳоҷирон аз тариқи қиссаҳои воқеъӣ ё мустанад аз рӯзгори ҳамарӯзаи онҳост.Ва онки ин намоиш ду сол боз идома дорад, худ нишон медод, ки мо ба ин то ҷое ноил шудем. Ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” бовари моро ба ин боз ҳам меафзояд.”
Абдулмамад Бекмамадов бо сари докапеч дар саҳна
Абдулмамад Бекмамадов бо сари докапеч дар саҳна
Абдулмамад Бекмамадови 46-сола ва қаҳрамони асосии “Оқин-опера”, ки аз сисолагиаш дар Русия ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ӯ аз саҳна ба тамошобинон саргузаштҳои муҳоҷирати худаш ба Русияро қисса мекунад. Дар моҳи ноябри соли 2012 Абдулмамад Бекмамадов дар Маскав ҳамроҳи бародараш ҳадафи ҳамлаи скинҳедҳо ҳам қарор гирифт, вале ба гуфтаи масъулони Театр.дос, Бекмамадов баъди ин ҳамла ҳам аз кор дар театр даст накашид ва алакай баъди 3 рӯзи табобат бо сари докапеч дар намоиши навбатии “Оқин-опера” ширкат кард.

Абдулмамад Бекмамадов қиссаҳояшро ба забони русӣ зери оҳанги “Ай парӣ”-и Далер Назаров қисса мекунад. Ин таронаи маъруфро дар “Оқин-опера” Покизамоҳ Қурбонҳусейнова, ҳунарпешаи собиқи театри “Ганҷина”-и Душанбе зери навои рубоби Аҷам Чаккабоев иҷро мекунад.

Ҷоизаи “Золотая маска” ҳанӯз соли 1993 аз тарафи Иттиҳодияи ходимони театри Русия таъсис ёфта, ҳар солдар 34 номинатся ба беҳтарин намоишномаҳову ҳунарпешаҳои театри ин кишвар дода мешавад.

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG