Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Золотая маска" - рӯи дастони 3 мардикори тоҷик


Муҳоҷирони кории тоҷик барандаи ҷоизаи вижаи ҳайати ҳакамони “Золотая маска” – мӯътабартарин ҷоизаи театрии Русия - шуданд.

Муҳоҷирони тоҷик Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чаккабоев ва Абдулмамад Бекмамадов ҳамроҳ бо муаллифон ва ҳунарпешаҳои дигари намоишномаи “Оқин-опера”-и Всевоволод Лисовский ба ҷоизаи вижаи ҳайати ҳакамони “Золотая маска” (“Ниқоби тилоӣ”) даст ёфтанд. Онҳо амалан нахустин ҳунарпешаҳои тоҷиканд, ки сазовори ин мӯътабартарин ҷоизаи театрии Русия мешаванд. Расми эътои ҷоизаҳои “Ниқоби тилоӣ” рӯзи 18 апрел дар Болшой Театр – обрӯмандтарин саҳнаи театрии пойтахти Русия – доир шуд.

Покиза Қурбонҳусейнова, Аҷам Чақабоев ва Абдулмамад Бекмамадов дар солҳои 90 дар Тоҷикистон дар театри Хоруғ бозӣ мекарданд. Покиза як муддат собиқаи кор дар театри “Ганҷина”-и Душанберо ҳам доштааст, вале ҳарсе бо амри тақдир дар соли 2000 ба Русия муҳоҷират кардаанд ва маъмулан ин ҳама сол дар инҷо ягон кори сиёҳеро анҷом медоданд. Аҷаму Абдулмамад дар сохтмон ва Покиза ба ҳайси фаррош кор мекарданд.

Дар соли 2009 ишқи театр онҳоро ба Театр.док овард. Қаҳрамонҳои тоҷики "Оқин-опера" дар ин намоиш аз саргузаштҳои худ дар Тоҷикистон ва Русия қисса мекунанд ва дар лобалои ин қиссаҳои талху ғамангез бо созҳои миллӣ таронаҳо низ маҳзунеро иҷро мекунанд. “Оқин-опера” сужаи собите надорад, балки дар бештари мавридҳо бадоҳатан иҷро мешавад ва бозигаронаш дар саҳна ончиро бозӣ мекунанд, ки ҳамон лаҳза аз зеҳни онҳо мегузарад.

Абдулмамад Бекмамадов, иҷрокунандаи нақши асосӣ дар “Оқин-опера” рӯзи 20 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар “Оқин-опера” ҳунармандони ҳаваскор аз Узбакистону Қирғизистон ҳам ширкат мекунанд, вале ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” имсол сирф ба бахши тоҷикии ин намоиш, ки онҳо 3 нафар бозӣ мекунанд, дода шуд. Бекмамадов гуфт, дар маросими эътои “Ниқоби тилоӣ” дар Болшой Театр танҳо ӯ ширкат дошт ва “вақте номи намоиши моро гирифтанд, тамоми вуҷудамро хушиву хурсандӣ ва ифтихор фаро гирифт.”
Сӯҳбати Абдулмамад Бекмамадов баъди дарёфти ҷоизаи "Ниқоби тилоӣ"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
Линки мустақим

Абдулмамад Бекмамадов мегӯяд, бо вуҷуди даст ёфтан ба мӯътабартарин ҷоизаи театрии Русия, ӯ, ки тоза аз Тоҷикистон ба Маскав баргаштааст, бекор аст: “Рӯзи чоршанбеи оянда мусоҳиба дорам ва шояд дар Малий театр ба корам бигиранд. 15 сол кори сохтмон кардам дар Русия, вале ишқи театр аз дилам нарафт. Ҳамин ишқ буд, ки ҳар рӯзи шанбеву якшанбе ба Театр.дос мерафтем. Даромаде надошт, вале хуморамонро мегирифт як андоза.Худое, ки бо ин ҷоизаи баланд корам омад кунаду, дар театр кор биёбам. Орзуе аз ин баландтар дар дил надорам.”


Намоишномаи “Оқин-опера”-ро Всеволод Лисовский дар саҳнаи як театри ғайрисуннатии Маскав бо номи Театр.doc гузоштааст. Всеволод Лисовский рӯзи 20 апрел дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” ба маънои эътирофи ин намоиш дар сатҳи театрҳои касбии Русия буда, барои онҳо як ифтихори бузургест. Вале, афзуд ӯ, барои ҳунарпешаҳои муҳоҷир, ки дар ин намоиш нақш бозӣ мекунанд, шояд ин ҷоиза имкони пайдо кардани ҷои кори беҳтареро фароҳам биорад: “Оқин-опера аз нигоҳи иқтисодӣ сӯдовар нест, як тарҳи иҷтимоист. Ҳунарпешаҳо шомгоҳон меоянду бозӣ мекунанду мераванд ва қути фардояшонро бояд худ пайдо кунанд. Ҳоло аз 7 ҳунарпешаи “Оқин-опера” ду нафараш бекоранд. Шояд акнун иқбол ба рӯи онҳо бештар бихандад, агар эълон диҳанд, ки “Ба кӣ роҳрӯби соҳиби “Ниқоби тилоӣ” лозим аст?”

Ба гуфтаи Лисовский, дар ҳоли ҳозир дар “Оқин-опера” 7 нафар бозӣ мекунанд, бо шумули 3 тоҷики Бадахшон ва Аскар Рустамов, як тоҷики зодаи Узбакистон, ки шоми 20 апрел дар Маскав шаби шеърашро барпо мекунад. Ӯ мегӯяд, “ҳадафи мо ба мардум расондани воқеъияти зиндагии муҳоҷирон аз тариқи қиссаҳои воқеъӣ ё мустанад аз рӯзгори ҳамарӯзаи онҳост.Ва онки ин намоиш ду сол боз идома дорад, худ нишон медод, ки мо ба ин то ҷое ноил шудем. Ҷоизаи “Ниқоби тилоӣ” бовари моро ба ин боз ҳам меафзояд.”

Абдулмамад Бекмамадови 46-сола ва қаҳрамони асосии “Оқин-опера”, ки аз сисолагиаш дар Русия ба сар мебарад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ӯ аз саҳна ба тамошобинон саргузаштҳои муҳоҷирати худаш ба Русияро қисса мекунад.
Абдулмамад Бекмамадов бо сари докапеч дар саҳна
Абдулмамад Бекмамадов бо сари докапеч дар саҳна
Дар моҳи ноябри соли 2012 Абдулмамад Бекмамадов дар Маскав ҳамроҳи бародараш ҳадафи ҳамлаи скинҳедҳо ҳам қарор гирифт, вале ба гуфтаи масъулони Театр.дос, Бекмамадов баъди ин ҳамла ҳам аз кор дар театр даст накашид ва алакай баъди 3 рӯзи табобат бо сари докапеч дар намоиши навбатии “Оқин-опера” ширкат кард.

Абдулмамад Бекмамадов қиссаҳояшро ба забони русӣ зери оҳанги “Ай парӣ”-и Далер Назаров қисса мекунад. Ин таронаи маъруфро дар “Оқин-опера” Покизамо Қурбонҳусейнова, ҳунарпешаи собиқи театри “Ганҷина”-и Душанбе зери навои рубоби Аҷам Чаккабоев иҷро мекунад. Абдулмамад Бекмамадов дар он сӯҳбаташ бо Озодӣ гуфта буд, ки дар асл ӯву Аҷам дар сохтмон ва Покизамо ба ҳайси фаррош кор мекунанд ва театр барои онҳо як ҳоббӣ аст.
Ҷоизаи “Золотая маска” ҳанӯз соли 1993 аз тарафи Иттиҳодияи ходимони театри Русия таъсис ёфта, ҳар солдар 34 номинатся ба беҳтарин намоишномаҳову ҳунарпешаҳои театри ин кишвар дода мешавад.

Имсол ҷоиза барои беҳтарин нақши мардонаро Максим Миронов барои нақши Линдоh дар намоиши “Хонуми итолиёӣ дар Алҷазоир”-и театри ба номи Станиславский ва Намирович-Данченко ва барои беҳтарин нақши занонаро Верена Гимадиева барои нақши Аина дар намоиши “Сомнамбула”-и Болшой театр ба даст оварданд. Ринас Туминас барои намоишномаи “Евгений Онегин” дар театри Вахтангови шаҳри Маскав беҳтарин коргарони сол ва намоишномаи Лев Додин бо номи “Коварство и любовь”(“Макр ва ишқ”) дар театри Аврупо беҳтарин намоишномаи сол эълон шуданд.
XS
SM
MD
LG