Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телевизиони православӣ - барои кишварҳои Осиёи Марказӣ


Калисои православии Русия барои ҷалби пайравони бештар дар Осиёи Марказӣ як шабакаи вижаи телевизионӣ таъсис додааст.

Бахши Осиёи Марказии Калисои православии Русия аз таъсиси шабакаи махсуси телевизионӣ барои ҷавонони ин минтақа хабар дод. Михаил Столяров, сухангӯи епархияи Тошканд мегӯяд, шабакаи телевизионии "Восток Свыше" аз тариқи пойгоҳи интернетии Ютуб нашр шуда, ҳадафаш “ба мардум, бахусус ҷавонон расондани каломи Худост.» Иеродиакон Михаил афзуд, барои пайравони бахшҳои ин калисо дар епархияҳои Тошканду Узбакистон, Душанбеву Тоҷикистон ва Бишкеку Қирғизистон алакай плей-листҳои алоҳида сохта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, таҳияи барномаи алоҳида барои пайравони калисои православӣ дар Туркманистон низ дар назар гирифта шудааст.

Калисои православӣ мегӯяд, ин шабакаи телевизионӣ ҷалби ҷавонони аз 16 то 35-соларо дар меҳвари аҳдофи барномавиаш мегузорад.

Епископ Питирим, раҳбари епархияи Душанбеву Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт: “Мо ҳам алакай барои ин шабака наворҳое сабт карда фиристодем. Аммо ба фарқ аз епархияҳои Тошканду Бишкек имконоти молии мо хеле камтар аст ва мо ин наворҳоро асосан бо нирӯи худ таҳия мекунем. Маъмулан ин наворҳои аз мавъизаҳои ман иборатанд, ки як нафар бо камера ба навор мегирад. Дар оянда қасд дорем аз ҷараёни маросими мазҳабие, ки доир мекунем, низ гузоришҳои алоҳида таҳия кунем.”

Ҳавзаи митрополитии Осиёи Марказии Калисои православии Русия епархияҳои Тошканду Узбакистон, Душанбеву Тоҷикистон ва Бишкеку Қирғизистон ва приходҳои алоҳидаи православӣ дар Туркманистонро зери роҳбарии митрополити Тошканду Узбакистон муттаҳид мекунад.

Дар даврони Шӯравӣ, ки дар ин 4 кишвар қариб 10 миллион аҳолии русзабон ба сар мебурд, бо вуҷуди атеистӣ эълон шудани низоми ҳокими он замон, шумори пайравони калисоҳои православӣ дар ин минтақа садҳо ҳазор нафар баровард мешуд. Аммо баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аксари аҳолии русзабон ба Русия кӯчиданд ва ин боиси башиддат коҳиш ёфтани шумори намозгузорон дар калисҳои православии ин қаламрав шуд. Аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки дар аҳди Шӯравӣ беш аз 1 миллион аҳолии русзабон дошт, ҳоло шумори русзабонҳо аз 50 000 то 70 000 баровард мешавад.

Епархияи Душанбеву Тоҷикистони Калисои православии Русия феълан як калисои ҷомеъ дар Душанбе ва калисоҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Қӯрғонтеппаву Турсунзода ва як ибодатгоҳ дар пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Епископ Питирим
Епископ Питирим

Епископ Питирим мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҷамъи намозгузорони ин калисоҳо ҳатто ба 1000 нафар намерасад: “Дар иди Мавлуди Исои Масеҳ дар калисои Душанбе ҳамагӣ 300-400 нафар ҷамъ мешаванд. Дар дигар калисоҳо низ аз 100 то 150 нафарӣ гирд меоянд. Аксари пайравони мазҳаби православӣ аз калисо дур шудаанд. Як ҳадафи таъсиси шабакаи телевизионӣ низ ҷалби он православиҳоест, ки ба калисо намеоянд. Бахусус ҷавонон.”

Аммо таъсиси телевизиони православӣ барои Осиёи Марказӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки кишварҳои ин минтақа дар солҳои охир ба мавҷи афзоиши тундравиҳои мазҳабӣ ва боло рафтани сатҳи мазҳабишавии ҷомиаҳои аксаран мусалмониашон рӯбарӯ мебошанд. Ва афроди тундрав метавонанд таъсиси телевизиони православиро ҳамчун кӯшиши калисои православӣ барои “аз роҳ задан”-и мусалмонон, бахусус ҷавонони мусалмон талақӣ кунанд.

Аммо епископ Питирим, раҳбари епархияи Душанбе мегӯяд, телевизиони "Восток Свыше" ба даъвати танҳо ҷавонони православ тамаркуз хоҳад кард ва аслан ҳадафи ташвиқи дини православӣ дар байни пайравони мазҳабҳои дигарро надорад: “Калисои православии Русия дар тӯли 150 соле ки дар Осиёи Марказӣ ҳузур дорад, ҳеҷ гоҳ аз сиёсати ба дини худ ҷалб кардани аҳолии маҳаллӣ кор нагирифтааст. Дар ин ҳама муддат ҳамагӣ чанд мавриди ангуштшуморӣ ба дини православӣ гароидани аҳолии маҳаллӣ сабт шудаасту халос. Дар Тоҷикистон ман танҳо як мавриди сабтшуда аз дини Ислом ба мазҳаби православӣ гузаштани як сокини маҳаллиро ёд дорам. Мо дар фаъолиятҳои худ аз ҳар навъ баҳси динӣ бо рӯҳониёни мусалмон ҳам худдорӣ мекунем. Ҳадафи телевизиони нав низ танҳо ба ҷавонони православ расондани каломи Худост, на ба мусалмонон.”

Дар Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсад аз 8,5 миллион аҳолиашро мусалмонон ташкил медиҳанд, беш аз 3000 масҷид ва 85 созмони динии ғайриисломӣ фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG