Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси "Легиони хориҷӣ" дар артиши Русия


Сарбозони "Легиони хориҷӣ"-и артиши Фаронса дар Чили
Сарбозони "Легиони хориҷӣ"-и артиши Фаронса дар Чили

Пешниҳоди вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби либерал-демократ Роман Худяков дар бораи таъсиси Легиони хориҷӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар баҳс ва ҳамовозиҳоеро ба миён овардааст.

Вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби либерал-демократ Роман Худяков ба вазорати дифои Русия ва созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод кард, ки дар таркиби артиши Русия "Легиони хориҷӣ" таъсис дода шавад. Ба ақидаи ӯ, чунин нерӯ метавонад кафили субот дар ҳудуди Осиёи Марказӣ шавад ва аз ҷумла посухе ба таҷовузи эҳтимолии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар ин минтақа бошад.

Ҳарчанд ин шарики Владимир Жириновский бо пешниҳоду баёнияҳои моҷаробарангез шӯҳрат дорад, бархе аз вакилони порлумони Русия гуфтаанд, легиони хориҷӣ дар артиши Русия метавонист, бархе аз мушкилоти ҳарбии ин кишварро ҳал кунад.

Дар тақвияти пешниҳоди худ Роман Худяков "Легиони хориҷӣ"-и артиши Фаронсаро намуна овардааст, ки аз 40 000 нафар иборат буда, дар он хориҷиён аз 136 кишвар тибқи шартнома хидмат мекунанд. Бино бар пешниҳоди ин вакил, онҳое, ки ба "Легиони хориҷӣ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия шомил мешаванд, баробари сарбозу афсарони рус маош гирифта, ин ҳуқуқро пайдо мекунанд, ки баъд аз 6 соли хидмат дар артиш шаҳрванди Русия шаванд.

Роман Худяков
Роман Худяков

Ин вакил ба рӯзномаи “Известия”-и чопи Маскав гуфтааст, чунин легион харҷи камтар мехоҳад, ҳамон гуна ки музди якмоҳаи хидмат дар Легиони хориҷии Фаронса ҳамагӣ 1000 евро аст. Аммо ӯ афзудааст: “Амнияти миллӣ ва ҳаёти шаҳрвандони мо гшаронтар аст. Сокинони Узбакистон ва Таҷикистон, ба гуфтаи Худяков, бо хушнудӣ сафҳои ин легионро пур хоҳанд кард, ин ҷо мушӯкиле пеш нахоҳад омад. Аммо ҳамаи фармондеҳон ва мураббиён бояд афсарони артиши Русия бошанд.“

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим


Ба ақидаи вакили Думаи давлатии Русия, дар ҳоли ҳозир чунин вазъият дар Тоҷикистон имтиҳон шудааст. Ҳамаи ҳарбиёни тоҷик, ба гуфтаи ӯ, дар Русия таълим мегиранд, пас бояд ҳамаи инро қонунӣ кард. Муаллифи пешниҳод бар ин аст, ки татбиқи чунин нақша дар шароити "ҷангҳои гибридӣ", ки ба гуфтаи вай, Амрико зидди Русия ба роҳ андохтааст, муҳим мебошад.

Раҳбарони Думаи давлатии Русия гуфтаанд, ин пешниҳод мавриди омӯзиш қарор дорад. Муовини аввали раиси Кумитаи дифоъ дар Дума Сергей Жигарев мегӯяд, дар гузашта низ пешниҳод шуда буд, ки ба хориҷиён имкони хидмат дар артиши Русия дода шавад. Ва барои ҳавасманд сохтани хидматчиёни эҳтимолӣ ба онҳо ва аҳли хонаводаашон ваъдаи додани шаҳрвандӣ низ дар миён буд. Аммо, меафзояд Жигарев, ин пешниҳод аз тарафи департаменти ҳуқуқии ҳукумати Русия баҳои манфӣ гирифт. Мушкил, ба гуфтаи ӯ, ба макони истиқрори ин нерӯ бастагӣ хоҳад дошт: “Он дар қаламрави Русия вуҷуд дошта наметавонад.”

Сарбозони "Легиони хориҷӣ"-и артиши Фаронса дар Лубнон
Сарбозони "Легиони хориҷӣ"-и артиши Фаронса дар Лубнон

Бархӯрди бархе аз коршиносон ба ин пешниҳод эҳтиёткорона аст. Онҳо мегӯянд, хатаре вуҷуд дорад, ки чунин легиони иборат аз мардумони Осиёи Марказӣ дар вазъи ногуворе метавонад ба “Давлати исломӣ” "байъат" кунад ва силоҳи русии худро зидди Русия гардонад. Аммо коршиноси мустақили ҳарбӣ Павел Фелгенҳауэр мегӯяд, истифодаи хориҷиён дар артиши Русия чизи наве нест ва қаблан дар Тоҷикистон ҳам дар ҳайати нерӯҳои фирқаи 201 ва ҳам қувваҳои марзбон итсифода шудааст. Вай меафзояд: “Чунин гуфтугӯҳо муддати зиёде дома доранд, баъзе қарорҳо ҳам дар вақташ ба тасвиб расид, аммо хоиҳшмандони иҷрои он зиёд набуданд, ҳарчанд дар Тоҷикистон ин ҳолат таҷриба шуд, ки фармондеҳон аз Русия буданд ва сарбозон аз шаҳрвандони Тоҷикистон. Ҳоло ин ташаббус ба куҷо мебарад, то чӣ андоза он амалан ба иҷро мерасад ва чӣ натиҷае ҳосил, гуфтан номумкин аст.”

Бо вуҷуди он ки эҳтимоли баррасии ин тарҳ дар Думаи давлатӣ зиёд аст, сардабири маҷаллаи “Натсионалная оборона” Игор Коротченко мегӯяд, амалӣ шудани он ба мавзеъгирии Вазорати дифои Русия бастагӣ хоҳад дошт. Аммо, мегӯяд, ӯ зарурати чунин нерӯ кайҳо ба миён омадааст. Ба ақидаи Коротченко, дар ҳоли ҳамла аз Афғонистон ба Тоҷикистон пеш аз ҳама нерӯҳои миллӣ бояд бо онҳо вориди ҷанг шаванд, то сарбозони Русия. “Мо наметавонем, барои суботи Осиёи Марказӣ сарбозони худро қурбон кунем, аммо Легиони хориҷӣ дар ин ҷо айни муддао буда метавонист,” -- мегӯяд Коротченко.

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Сарони чандин ҷомеаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, агар ин тарҳ ба тасвиб расад, ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Легиони хориҷии артиши Русия хоҳанд рехт. Раҳбари Иттиҳоди тоҷикистониҳо дар Русия Абдулло Давлатов рӯзи 10-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо афзоиши бекорӣ дар байни муҳоҷирон шумораи зиёде аз онҳо омода хоҳанд буд, ки ба ин легион шомил шаванд. Гузашта аз ин ман шахсан даҳҳо нафар аз ҷавонони тоҷикро медонам, ки дар орзуи сохтани “карйера”-и ҳарбӣ дар Русияанд.”

Раиси созмони “Этмос” дар Маскав, Каримҷон Ёров бар ин аст, ки на танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки муҳоҷирон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ омода хоҳанд буд, ки ба ин легион шарик шаванд. Ба ақидаи ӯ, мазҳабӣ будани ин ҷавонон аз ҷангидани онҳо зидди афроди дигари мусулмон пешгирӣ нахоҳад кард. “Ба ҳисобҳои мо, ҳоло зиёда аз 2000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия, Афғонистон ва Украина ширкат мекунанд.”

Ба ақидаи расонаҳои русӣ, таъкиди Вакили Думаи давлатии Русия Роман Худяков ба истифодаи Легиони хориҷӣ дар мубориза бо гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Осиёи Марказӣ танҳо шиор аст ва худи вакил дар ҷаласаи порлумон гуфтааст: “Ҷузвутомҳои ин легионро метавон барои кӯмак ба Новороссия фиристод.” Вай афзудааст, ки барои чунин ҷанговарон пул дар ҷойи аввал қарор хоҳад дошт.

Вале Абдулло Давлатов мегӯяд, дарёфти шаҳрвандии Русия барои хоҳишмандони хидмат дар артиши Русия муҳимтар аст ва дар ҳоли шомил шудан ба Легиони хориҷӣ онҳо омода хоҳанд буд, ҳатто зидди мардумони худ низ биҷанганд, чун ҳисси миллӣ ва ватанхоҳӣ дар миёни онҳо рӯ ба коҳиш дошта, бахши зиёде аз муҳоҷирони тоҷик байни ҳукумат ва кишвар фарқе нагузошта, сахтиҳои зиндагӣ дар ватан онҳоро дилсард кардааст.

XS
SM
MD
LG