Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи "ғоибона" - роҳи осонтари халос шудани Русия аз муҳоҷирони "нохонда"


ФМС то имрӯз дарвозаҳои Русияро ба рӯи тақрибан 800 000 муҳоҷири хориҷӣ бастааст. Муҳоҷиронро метавонанд ҳатто барои вайрон кардани қоидаи ҳаракат “ғоибона” аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум кунанд.

“Рӯйхати сиёҳ”-и ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия - рӯзторӯз афзоиш ёфта, имрӯз то 800 000 хориҷии маҳрум аз ҳаққи вуруд ба ин кишварро дар бар мегирад. Танҳо чунин “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС дар вилояти Маскав, ба истиснои худи пойтахти Русия, 200 000 нафарро фаро мегирад.

Олег Молодиевский, раҳбари ФМС дар вилояти Маскав, ки ин оморро дар мусоҳибааш бо нашрияи “Известия” овардааст, мегӯяд, онҳое “ғоибона” ё “дистанционно” аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда мешаванд, ки дар қаламрави ин кишвар дастикам ду дафъа даст ба ягон ягон қонуншиканӣ зада бошанд ваё дар мӯҳлати барои атбоъи аксари кишварҳои хориҷӣ муқарраршуда, яъне 90 рӯз, тарки қаламрави Русия накардаанд.

​Олег Молодиевский мегӯяд, “ходимони созмони мо шаҳрванди хориҷиро ҳангоми будубошаш дар қаламрави Русия тавассути бойгонии мавҷуда тафтиш мекунанд. Ва агар ходимо мо ҳадди ақал яке аз ин қонуншиканиҳоро биёбад, ки барои мисол, бо гузашти 90 рӯз аз замони вурудаш ба Русия муҳоҷир аз кишвар берун нашудааст ваё беш аз ду қонуншикании мисли напардохтани пули ҷарима ё додани маълумоти бардурӯғ дар бораи худаш карда бошад, пас ин ходим ба ҷамъоварии аснод ҷиҳати манъи ғоибонаи вуруди минбаъдаи ӯ ба кишвар мепардозад ва ба идораи марказии ФМС мефиристад. Дар як сол коргарони мо танҳо дар вилояти Маскав 200 000 нафарро ғоибона аз ҳаққи сафари дигарбора ба Русия маҳрум карданд.”

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз ин мардум мамнӯъулвуруд метавонанд ҳанӯз дар қаламрави Русия бошанд, вале бехабар аз онки дигар ҳаққи ворид шудан ба ин кишварро аз даст додаанд. Чунин афрод маъмулан ҳангоми амалиётҳои маъмурони ФМС ваё баъди рафтан ба Ватану бозгашти дигарбораашон ба Русия мефаҳманд, ки дар “рӯйхати сиёҳ” афтодаанд. Баъди ин, муҳоҷири баргаштабахтро боздошт ва аз Русия ихроҷ мекунанд.

Боздоштгоҳ дар ... пойгоҳи чархболҳо

Хадамоти муҳоҷирати вилояти Маскав барои муҳоҷирони боздоштшуда бо сарфи 200 миллион рубл, муодили қариб 5,5 миллион доллар, дар майдони 5 000 метри мураббаъ дар ҳудуди як пойгоҳи собиқи тамрини халабонҳои чархболҳо дар ноҳияи Егореви вилоят як маркази муваққати нигоҳдорӣ ё ба таъбири дигар боздоштгоҳи муҳоҷиронро дуруст кардаанд. Ба навиштаи “Известия”, феълан дар ин марказ 150 муҳоҷири хориҷӣ, аксар аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистону Молдова, дар боздошт қарор доштаанд.

Олег Молодиевский гуфтааст: “Ҳамин рӯзи ҷумъаи гузашта 50 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистонро бо қарори додгоҳ иҷроҷ кардем. Муҳоҷиронро мо одатан вобаста ба мазҳабашон шашнафарӣ дар ҳар хона ҷобаҷо кардаем. Агар касе аз онҳо хостори мулоқот бо ягон рӯҳонии намояндаи дини онҳо бошад, мо ин имкониятро ҳам барояшон фароҳам меорем. Ҳамин тавр, мо барои онҳо шашкаву шоҳмот харида, нақша дорем, ки майдонҳои футболу волейбол ҳам бисозем дар инҷо.”

Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки “рӯйхати сиёҳ”-и ФМС дар ҳоли ҳозир чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дар бар мегирад. Аммо дар гузоришҳои қаблии ин мақомот сухан дар бораи дастикам 72 700 муҳоҷири тоҷик мерафт, ки ба далоили мухталиф ва асосан бо далоили ночизе, чун напардохтани пули ҷаримаи пулиси роҳ барои бо суръати баланд рондани мошин, ё қарздор шудани ӯ аз пули об ё газу барқ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд.

Рӯйхати ФМС комил нест

Сомонаи ФМС
Сомонаи ФМС
Муҳоҷирон қабл аз сафари Русия метавонанд дар сомонаи расмии ФМС - http://services.fms.gov.ru/info-service.htm?sid=3000 - исми худро бисанҷанд, каи оё дар “рӯйхати сиёҳ” ҳастанд ё на. Вале корафтодагони зиёде аз Тоҷикистон мегӯянд, ин рӯйхати нашршуда комил нест ва чандин нафарро, бо вуҷуди тоза баромадани номашон ҳангоми тафтиш дар ин сомона, баъдан аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Русия пас гардондаанд.

Ҷамъи муҳоҷирони хориҷӣ дар Русияро аз 13 то 18 миллион нафар ҳисоб мекунанд. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар, бино ба ҳисобҳои мухталиф, аз 800 000 то зери 1,5 миллион гуфта мешавад. Гуфта мешавад, шароити сахти зиндагӣ дар кишварҳои пасношӯравӣ аҳолии қобили кор аз саросари ин паҳноро ҳамчунон ба бозори кори Русия тела медиҳад.

Мақомоти Русия дар чанд соли охир таҳти фишори афзояндаи гурӯҳҳои қавмгаро ва гароиши ҳатто бисёре аз сиёсатмадорони расмии ин кишвар ба шиорҳои зидди муҳоҷирон сиёсаташ алайҳи мардуми омадро шадидтар мекунад. Аз ҷумла аз соли оянда супурдани имтиҳон аз забони русиву таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои муҳоҷирон ҳатмӣ мешавад.

Роҳи осонтари халос шудани Русия аз муҳоҷирон?

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, “ғоибона” шомил кардани муҳоҷирони гӯё “қонуншикан” дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия ба фарқ аз ихроҷи муҳоҷирон тавассути додгоҳ ӣхеле арзонтару осонтар тамом шуда, дасти мақомоти Русия барои рондани шумори ҳарчӣ бештари муҳоҷирони “нохонда”-ро дарозтар мекунад.

Ренат Каримов, раиси Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории Русия ба “Известия” гуфтааст, “тибқи оморҳо, дар як сол тавассути додгоҳҳо 40 000 нафарро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карданд. Ин назар ба тафтиши қонуншиканиҳои муҳоҷирон тавассути компутар вақти бештар мегирифт. Ҳоло муҳоҷиронро барои қонуншикании оддие, ҳатто барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ метавонанд ба “рӯйхати сиёҳ” бидароранд.”
XS
SM
MD
LG