Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳони Донетск журналистро латкӯб ва ихроҷ кардаанд


Хабарнигори “Новая газета” Павел Канигин
Хабарнигори “Новая газета” Павел Канигин

Хабарнигори рӯзномаи русие, ки талош мекунад, бархилофи хости Кремл воқеияти Украинаро ба хонандагонаш расонад, бино бар хабарҳо, аз тарафи ҷудоихоҳон дар Шарқи Украина боздошт, латукӯб ва ихроҷ шудааст.

Хабарнигори “Новая газета” Павел Канигин ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони “Вазорати амнияти давлатӣ”-и Ҷумҳурии худхондаи Мардумии Донетск (ҶМД) ӯро боздошт карданд ва ҳангоми бозпурсӣ, дар ҳоле ки дастҳои ӯ баста буданд, ба рӯяш мушт задаанд.

Канигин рӯзи 16 июн баъд аз он боздошт шуд, ки аз раҳпаймоии ғайримуқаррарии зидди ҷудоихоҳон гузориш дод. Дар ин тазоҳурот сокинони Донетск аз ҷудоихоҳон талаб карданд, ки гулӯлаборони мавқеъҳои нерӯҳои давлатии Украинаро аз миёни маҳаллаҳои аҳолинишин қатъ кунанд.

Хабарнигор рӯзи 17 июн, дар ҳоле бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, ки ҷудоихоҳон ӯро аз қаламрави Ҷумҳурии худхондаи Мардумии Донетск ихроҷ карданд. Вай мегӯяд, ҷудоихоҳон ӯро айбдор кардаанд, ки ҳамаи анвои маводи мухаддирро истифода мекунад, ҷосуси Киев ва Амрикост ва дар қаламрави таҳти назорати онҳо бе акрредитатсия фаъолият дорад.

“Новая газета” ба нақл аз Канигин менависад, яке аз афсарони амниятии ҶМД ҳангоми бозпурсӣ мили туфангчаро ба тарафи ӯ рост кард ва таҳдид намуд, ки агар аз ҷой такон хӯрад, ӯро хоҳад паронд.

Канигин мегӯяд, аз ӯ пурсида шудааст, ки кадоме аз тарафҳои низои байни ҷудоихоҳон ва Киевро ҳимоят мекунад. Ин дар ҳолест, ки аз оғози ин низоъ дар моҳи апрел то ҳоло зиёда аз 6400 нафар ба ҳалокат расидаанд.

“Ман гуфтам, ки тарафдори сулҳ ҳастам. Барои ҳамин суханам, ба рӯйи ман бо мушт заданд,” – гуфт Канигин.

Ба гуфтаи ӯ, шахсе, ки ӯро задааст, қаблан, то сар задани низоъ дар Хадамоти амнияти Украина кор мекардааст.

Канигин чанд рӯз пеш аз ин воқеа ба мақомоти ҶМД аризаи дарёфти аккредитатсия додааст, вале посухи рад гирифта, намедонад, ки сабаби радди эътимод ба ӯ чист.

Канигин нахустин журналисти Русия буд, ки аз ду марди боздошткардаи нерӯҳои украинӣ мусоҳиба гирифт, ки гуфта мешавад, сарбозони артиши Русияанд.

Дар ин мусоҳиба Александр Александров ва Евгений Ерофеев гуфтанд, онҳо ҳангоми омӯзиши мавзеъгириҳои ҳарбӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Русия боздошт шудаанд. Вале Маскав мегӯяд, ин афрод аз зумраи хидматчиёни ҳарбӣ нестанд.

Вазорати дифои Русия гуфт, Александров ва Ерофеев қаблан дар нерӯҳои мусаллаҳ хидмат мекарданд, вале мустаъфӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG