Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як генерали рус дар Сурия кушта шуд


Вазорати дифои Русия мегӯяд, як генерали артиши ин кишвар, ки барои "анҷоми корҳои машваратдиҳӣ" ба артиш ва нерӯҳои давлатии Сурия дар он кишвар қарор дошт, дар ҷараёни даргирӣ, кушта шудааст. Ин баландпоятарин як мақоми низомии Русия аст, ки дар ҷараёни ҷанги Сурия кушта мешавад. Дар гузашта чанд афсари дигари Русия дар Сурия кушта шуда буданд.

Хабаргузории расмии "ТАСС" рӯзи якшанбеи 24-уми сентябр ба нақл аз вазорати дифои Русия гуфтааст, генерал-лейтенант Валерий Асапов "дар як маркази фармондеҳии артиши Сурия дар ҳоли ёри додан ба фармондеҳони суриягӣ, дар ҷараён амалиёт барои озодсозии Дайр Аз-Зур буд."

Русия яке аз ҳомиёни ҳукумати Сурия ба шумор меравад ва низомиёни рус аз нерӯҳои артиши режими Башор Асад дар ҷангҳои заминӣ ва ҳавоӣ, пуштибонӣ мекунанд.

Ба назар мерасад, марказе, ки генерал Асапов ва дигар мақомҳои низомӣ дар он ҳузур доштанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Он тавр, ки гуфта мешавад, ин афсари рус дар пайи партоби мушак аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷони худро аз даст додааст. Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки генерал Асапов дар ҷараёни озодсозии Дайр Аз-Зур кушта шудааст. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ба генерал Асапов медал тақдим хоҳад кард.

Русия яке аз ҳомиёни режими Башор Асад ба шумор меравад. Нерӯҳои артиши Сурия ва тарафдорони он аз як тараф ва нерӯҳои демократи Сурия, ки аз ҳимояти эътилоф бо раҳбарии Амрико бархӯрдоранд аз сӯи дигар, дар ҳоли анҷом додани амалиёт барои озодсозии Дайр Аз-Зур ҳастанд. Эътилоф бо раҳбарии Амрико ва артиши Русия ҳар ду дар ҳоли ироаи умури машваратдиҳӣ ва кӯмак ба нерӯҳои мусаллаҳи даргири набардҳои заминӣ мебошанд ва илова бар ин, аз ин нерӯҳо ҳимояти ҳавоӣ низ мекунанд.

Нерӯҳои русӣ дар Сурия.
Нерӯҳои русӣ дар Сурия.

Дар ҳоли ҳозир нерӯҳои Асад бо кӯмаки ҳампаймонҳои худ муваффақ шуданд қисматҳои асосӣ аз ғарби Дайр Аз-Зурро ба тасарруфи худ дароваранд. Байни ду бахши шарқӣ ва ғарбии ин минтақа дарёи Фурот мегузарад, ки дар ҳоли ҳозир хатте аст миёни нерӯҳои демократик ва артиши Сурия.

Нерӯҳои демократии Сурия, ки асосан аз шибҳинизомиёни курд ташкил шудааст, ҳафтаи гузашта эълон карда буданд, ки амалиёти онҳо барои бозпасгирии Раққа, маркази аслии ҳузури гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар шимоли Дайр Аз-Зур воқеъ аст, дар марҳилаи ниҳоии худ қарор дорад. Ҳамзамон вазири умури хориҷии Сурия низ ду рӯз пеш аз пирӯзии "қарибулвуқӯъ"-и нерӯҳои давлатӣ сухан гуфт.

Ҷанги дохилии Сурия аз ҳафт сол ба ин тараф идома дорад. Тибқи гузоришҳо, дар ин муддат ҳадди 370 ҳазор то ним миллион нафар кушта шуданд ва дастикам ниме аз аҳолӣ овора шуданд ва бархе аз марокизи аслии шаҳрҳо ва зерсохтҳо осеби ҷиддӣ дидаанд.

XS
SM
MD
LG