Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҷоми ҷаҳонӣ муҷрии рус довари узбекро таҳқир кард


Рақобати мунтахабҳои Аргентинаву Хорватия ҳарчанд бо мағлубияти аргентиниҳо анҷомид, баҳси доғи баъди он на марбут ба худи бозӣ, балки атрофи шарҳи таҳқиромези муҷрии рус дар ҳақи довари узбекистонӣ сар зад.

Шореҳи футбол Василий Уткин (Русия) дар саҳифаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии Twitter рӯзи 21-уми июн ба кори довари узбек Равшан Ирматов ҳангоми бозӣ миёни мунтахабҳои Аргентина ва Хорватия бо ифодаи таҳқиромез вокуниш кард.

Уткин қаблан шореҳи бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар шабакаи аввали телевизиони Русия буд, вале баъдан ӯро озод карданд. Сабаби расмии барканор карданаш аз шарҳи футбол дар ин шабакаи давлатии Русия тавзеҳ дода нашудааст.

Ҳанӯз худи Ирматов ба ин баҳсҳо ва ҳам таҳқири Уткин посух надодааст

Дар рафти қисми аввали бозӣ миёни дастаҳои Аргентина ва Хорватия, ки шоми 21 июн баргузор шуд, футболбозон муқобили ҳам дағал бозӣ карданд. Уткин дар вокуниш ба ин бозӣ ва тарзи доварии Ирматов дар саҳифааш дар Twitter бо лафзи қабеҳ навишт: “Ровшан Ирматов, бачаи хар! Кани кортҳо?” (манзураш корти зард ва сурх, ки барои вайрон кардани қоидаи бозӣ ба футболбоз нишон дода мешавад).

Ин амали Василий Уткин ба эҳсоси мухлисони узбекистонӣ ва як қатор шаҳрвандони Русия расид ва ҳамон лаҳза ба навиштаи ӯ вокуниш нишон доданд. Аз ӯ ҳамчун як шахси “бетарбия” ва “бадахлоқ” ном бурданд.

Мунаққидони Уткин гуфтанд, ки Равшан Ирматов бозиро хуб доварӣ кард, на ба шакле, ки хости дили Уткин буд. Ҳамзамон истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ӯ муроҷиат карданд, ки ҳатто ба ғалабаи мунтахаби Русия вокуниши нек намедиҳад ва дилаш пок нест. Ин амалҳои Уткинро шармандагӣ гуфтанд.

Субҳи 22-юми июн Василий Уткин ба нафароне, ки ӯро танқид карданд ҷавоб дод, ки ин танҳо назари шахсии ӯ буд ва дар бисёр ҳолатҳо ҳаводорони футбол нисбати доварони бозиҳо аз ин ҳам суханҳои бадтар мегӯянд. «Узбекҳо ва ҳамроҳонашон! Дар бораи «бачаи хар»: шикояти нафароне қабул карда мешавад, ки ҳангоми тамошои футбол боре «довар нобакор» нагуфтаанд! Дигарон хомӯш бошед ва ба мухлисии ман халал нарасонед. Маҷлиси пагоҳирӯзӣ ба охир расид!», - навиштааст Уткин.

Гуфта мешавад, Уткин феълан дар Сербия қарор дорад ва ба пешгӯии натиҷаи бозиҳо барои ширкатҳои букмекерӣ машғул аст. Ҳанӯз худи Ирматов ба ин баҳсҳо ва ҳам таҳқири Уткин посух надодааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG