Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ксения Диодорова: Тоҷикҳо орзуҳои баланд надоранд (ВИДЕО ва 20 АКС)

Ксения Диодорова
Ксения Диодорова

Ксения Диодорова, таррроҳ ва аксбардори ҷавон аз шаҳри Санкт Петербург, барои ошноии наздик бо зиндагиву ҷаҳони ботинии муҳоҷирон аз Бадахшон зимистони гузашта ба водии Бартанг рафта ва тайи як моҳ меҳмони сокинони чанд рустои ин водӣ шудааст ва ҳоло мехоҳад, ҳамаи дидаву шунидаҳояшро дар як китобу филми мустанад ба намоиш бигузорад.

Ксения Диодорова ба Радиои Озодӣ гуфт, муносибати бад ба муҳоҷирон дар Русия ӯро водор кардааст, ки барои инъикоси воқеии зиндагии ин қишри бузурги ҷомеа ба яке аз гӯшаҳои дурдаст ва сарди Тоҷикистон биравад:

”Дар бинои мо як хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекунад, падару писари ин оила саҳни биноро мерӯбанд, модар дохили биноро. Рузе ман бо ин зан рӯ ба рӯ омадам ва дидам, ки зани фавқуллода зебост. Фикр кардам, ки бо кумаки ӯ метавонам, масъалаи муҳоҷиратро боз кунам, уро ба гунаи дигаре нишон бидиҳам. Ман аз муносибати Русия бо муҳоҷирон бисёр нигарон ҳастам ва фикр кардам, ки масъалаи муҳоҷиратро аз роҳи дигаре боз кунам. Яъне онҳоро на бо белу халтаи семент дар даст балки ба шакли дигар нишон бидиҳам.”

Тарҳи Ксения Диодорова “Дар сардӣ” унвон дорад ва мумкин аст, номи филми мустанадаш бишавад. Ксения унвони мазкурро аз он сабаб, интихоб кардааст, ки нишон бидиҳад, ба муҳоҷирони корӣ аз рустоҳои сарди Бадахшон на танҳо табиат, балки мардум ҳам сардӣ мекунанд.

“Достони ман дутарафа аст, як қисмашро дар Помир бардоштам, қисми дигарашро дар Русия. Дар ҳарду ҷо сардӣ ҳаст. Онҳое, ки дар Помир ҳастанд, сардии иқлимро эҳсос мекунанд ва дар муҳити поки табиӣ ба сар мебаранд, аммо хешовандони онҳо дар Русия дар шароити иҷтимоии сард зиндагӣ мекунанд. “

Помир ва Русия. Дар сардӣ

Рустои Равмед, ки маънояш Роҳи Умед будааст
1/20 Рустои Равмед, ки маънояш Роҳи Умед будааст
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Либос дар дараи Бартанг чанд рӯз хушк мешавад. Обе ки аз либос мешорад, даррав ях мекунад.
2/20 Либос дар дараи Бартанг чанд рӯз хушк мешавад. Обе ки аз либос мешорад, даррав ях мекунад.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Мирфароз, номзади Фазила мегӯяд: &quot;Зан, ҳатто агар аз шавҳараш чолоктару оқилтар ҳам бошад, бояд заифу вобаста буданашро намоиш диҳад. Ҳикмат дар ҳамин аст.&quot;<br />
&nbsp;
3/20 Мирфароз, номзади Фазила мегӯяд: "Зан, ҳатто агар аз шавҳараш чолоктару оқилтар ҳам бошад, бояд заифу вобаста буданашро намоиш диҳад. Ҳикмат дар ҳамин аст."
 
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Ду чароғи ин хона дар рустои Рошорв аз батареяи офтобиест, ки бо пули Иттиҳодияи Аврупо харидаанд.
4/20 Ду чароғи ин хона дар рустои Рошорв аз батареяи офтобиест, ки бо пули Иттиҳодияи Аврупо харидаанд.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Олима, ки донишгоҳи Хоруғро хатм кардааст, пеши шавҳараш ба Маскав рафт ва дар &nbsp;KFC ҳамчун кассир кор мекунад. &quot;Ман барои он омадам, ки шавҳарам инҷост ва мехоҳам кӯдак кунам. Ҳар вақте ҳомила шудам, бармегардам.&quot;
5/20 Олима, ки донишгоҳи Хоруғро хатм кардааст, пеши шавҳараш ба Маскав рафт ва дар  KFC ҳамчун кассир кор мекунад. "Ман барои он омадам, ки шавҳарам инҷост ва мехоҳам кӯдак кунам. Ҳар вақте ҳомила шудам, бармегардам."
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Дар аҳди Шӯравӣ дар Бартанг ҷангал мешинонданд. Ҳоло ҷангал нест ва мардум барои ҳезурм чанд км роҳ мераванд.
6/20 Дар аҳди Шӯравӣ дар Бартанг ҷангал мешинонданд. Ҳоло ҷангал нест ва мардум барои ҳезурм чанд км роҳ мераванд.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Қадами 47-сола, ки хуб намешунавад, дар вилояти Маскав дар як вагон бо 5 мардикори дигар зиндагӣ мекунад.&nbsp;
7/20 Қадами 47-сола, ки хуб намешунавад, дар вилояти Маскав дар як вагон бо 5 мардикори дигар зиндагӣ мекунад. 
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Хонаҳои помирӣ аксар тиреза надоранд. Рӯшанӣ ба ин хонаҳо аз равзан меояд.<br />
&nbsp;
8/20 Хонаҳои помирӣ аксар тиреза надоранд. Рӯшанӣ ба ин хонаҳо аз равзан меояд.
 
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Авулбек дар як сохтмон кор мекунад ва ду моҳ боз ба бригадаи онҳо маош надодаанд.
9/20 Авулбек дар як сохтмон кор мекунад ва ду моҳ боз ба бригадаи онҳо маош надодаанд.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Имрӯз тамоми рӯз барф мерехт. 5 сантиметри дигар бирезад, шояд тарма фарояд. Он вақт роҳи русто то баҳор баста мешаавад.
10/20 Имрӯз тамоми рӯз барф мерехт. 5 сантиметри дигар бирезад, шояд тарма фарояд. Он вақт роҳи русто то баҳор баста мешаавад.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Фаридун работает на мойке машин в Подмосковье. В январе его жена родила дочку. Когда Фаридун увидит дочь вновь, ей будет полтора года
11/20 Фаридун работает на мойке машин в Подмосковье. В январе его жена родила дочку. Когда Фаридун увидит дочь вновь, ей будет полтора года
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Памирцы, когда приезжают на работу в Россию, делают все так же, как у себя дома: спят на полу, едят на расстеленной на полу скатерти из одной тарелки, разделяя трапезу поровну
12/20 Памирцы, когда приезжают на работу в Россию, делают все так же, как у себя дома: спят на полу, едят на расстеленной на полу скатерти из одной тарелки, разделяя трапезу поровну
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Зиндагӣ дар хонаи иҷора
13/20 Зиндагӣ дар хонаи иҷора
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Когда в чьем-то доме отмечают праздник, семья готовит большой плов и женщины разносят тарелки с угощением соседям по всему кишлаку
14/20 Когда в чьем-то доме отмечают праздник, семья готовит большой плов и женщины разносят тарелки с угощением соседям по всему кишлаку
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Бародари Ҷумъа 17 сол боз нест
15/20 Бародари Ҷумъа 17 сол боз нест
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Дар ин ҷо на роҳ аст, на алоқа ва на ягон корхона. Барқ низ доим нест.
16/20 Дар ин ҷо на роҳ аст, на алоқа ва на ягон корхона. Барқ низ доим нест.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Дар инҷо, дар баландии 3500 м, қариб дар ҳар хона телевизиор доранд. Ин ягона &quot;равзана&quot;-и ин мардум ба &quot;ҷаҳони берунӣ&quot;-ст. &quot;Ҷаҳон&quot;-е ки аз ҳар оилаи ин минтақа касе барои мардикорӣ ба ҷон ҷо рафтааст.
17/20 Дар инҷо, дар баландии 3500 м, қариб дар ҳар хона телевизиор доранд. Ин ягона "равзана"-и ин мардум ба "ҷаҳони берунӣ"-ст. "Ҷаҳон"-е ки аз ҳар оилаи ин минтақа касе барои мардикорӣ ба ҷон ҷо рафтааст.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Дар 4 моҳи аксбардории мо 4 қаҳрамони ин барномаро аз Маскаву Петербург ихроҷ карданд. Дар ин муддат ба ҷои онҳо аз Помир 8 нафари дигар ба Русия омад.
18/20 Дар 4 моҳи аксбардории мо 4 қаҳрамони ин барномаро аз Маскаву Петербург ихроҷ карданд. Дар ин муддат ба ҷои онҳо аз Помир 8 нафари дигар ба Русия омад.
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Роҳ аз Маскав то Бартанг 15 соатро дар бар мегирад.&nbsp;
19/20 Роҳ аз Маскав то Бартанг 15 соатро дар бар мегирад. 
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
Хабари хуш: Фарзанди ин хонавода баъди 6 сол аз Маскав баргашт. Ӯро ... ихроҷ кардаанд. Вале мегӯяд, &quot;2-3 моҳ истироҳат кунам, бармегардам.&quot;
20/20 Хабари хуш: Фарзанди ин хонавода баъди 6 сол аз Маскав баргашт. Ӯро ... ихроҷ кардаанд. Вале мегӯяд, "2-3 моҳ истироҳат кунам, бармегардам."
Тарроҳи ҷавон Ксения Диадорова аз Санкт-Петербурги Русия як моҳро дар Бартанги Бадахшон сипарӣ намуда, тарҳеро зери унвони "Дар сардӣ" таҳия кардааст.
пешина
баъдӣ

Тарроҳ ва аксбардори ҷавон мегуяд, иродаи ин мардум ба ҳадде ба ҳадде қавист, ки на парвои муносибати сард дар Русия доранд ва на парвои сардии табиати ватанашон. Ксения Диодорова аз яке аз бадтарин ҷанбаҳои муҳоҷирати тоҷикон ба Русия маъюс шудааст ва аз онки чӣ гуна даҳҳо ҳазор кудаки тоҷик солҳои тӯлонӣ бо маҳрумияти зиёд ва дур аз навозиши волидайн ба воя мерасанд.

“Як чизе, ки бисёр васеъ паҳн шудааст ва ба ман бисёр таъсир кард, он аст, ки ба сабаби муҳоҷират, фарзандон бе волидайн ба воя мерасанд. Фарзандони муҳоҷирон падару модари худро чандин сол намебинанд. Як хонавода ҳаст, ки 17 сол пеш аз Помир ба Маскав омадаанд, зан бордор мешавад ва барои таваллуд ба Помир меравад, дар онҷо фарзандашро ба дунё оварда ва ба Маскав бармегардад. Яке аз духтарони онҳо 6-сола шудааст, вале падараш уро боре ҳам надидааст, чунки барои харидани ду билет пули кофӣ надоранд.”

Матлаби бахши русии Радиои Озодӣ дар ин бора инҷост:

http://www.svoboda.org/content/article/25444492.html

Ба қавли Ксения Диодорова, шояд ин гуна достонҳои дилрешкунанда барои баъзеҳо фоҷиа ба назар бирасад, ки ҳаст, аммо барои муҳоҷирони тоҷик як воқеияти оддии зиндагӣ шудааст, ки аз ноилоҷӣ ба он одат кардаанд. Бо вуҷуди ҳамингуна маҳрумияту ҳиҷрону мусибат, ба гуфтаи Ксения Диодорова муҳоҷирони тоҷик, мардуми хушҳолу хандон ва мардуми иҷтимоӣ ҳастанд, ки аз сӯҳбаташон лаззат мебаред.

“Ман аз онҳо ҳеҷ шикояте нашунидам. Масалан ба яке аз қаҳрамонҳои достони ман миллатгароёни рус ҳамла карда ва дар метро ба қафаси синааш бо отвёртка задаанд. Ӯ тақрибан мурда буд, як моҳ беҳаракат хобид, вале ӯро муолиҷа карданд ва у дар Маскав монд. Ҳатто ин қиссаро ба ман дар байни суҳбат ва барои ханда гуфтанд, на барои шикоят. Ӯ ин ҳодисаро бо ханда қисса кард, “ман ҳеҷ чизро эҳсос накардам, вақте дар электричка нишастам, як зан гуфт, либосатон хунолуд аст”.

Акс аз Диодорова
Акс аз Диодорова

Як бадбахтии дигаре, ки аксбардори ҷавон аз Санкт- Петербург дар ҷаҳони ботинии муҳоҷирони тоҷик кашф кардааст, қаноати беш аз ҳад ва надоштани ҳадафҳои баландпарвозона аст. Ба гуфтаи Ксения Диодорова, дар байни муҳоҷироне, ки дар сохтмон ба кори сиёҳ машғуланд, ҳатто номзадҳои илм ҳастанд, вале бо ҳамон коре, ки доранд, қонеъ шудаанд ва дигар саъй намекунанд, болотар бираванд, ба мақоми дигаре бирасанд. Ксения Диодорова, аксҳои зиёдеро ки дар Русияву Бадахшон гирифтааст, мехоҳад то моҳи сентябр дар як китоб нашр кунад. Ҳадафи ӯ аз ин тарҳ ба қавли худаш нишон додани он аст, ки муҳоҷирони тоҷик ҳам мисли дигарон инсони маъмулӣ ҳастанд, на қочоқбару на ҷинояткор ва ё одами бад.

“Дар миёни муҳоҷирон бештар тоҷиконро бадном мекунанд. Мафҳуми “тоҷик” ба як исм табдил шудааст. Ҳар муҳоҷири гандумгунро тоҷик мегӯянд, ҳатто агар ӯ покистонӣ бошад. Дар Маскав ва Санкт-Петербург қаҳвахонаҳои зиёди узбакӣ вуҷуд дорад, тоҷикӣ нест, аммо ғизоҳои аслии онҳо тоҷикист. Тоҷикистон фарҳанги бостонӣ ва суннатҳои пурмаъно дорад ва ман мехоҳам, бо ҷаҳонбинии мардуми оддӣ нишон бидиҳам, ки дар фалсафаи зиндагии онҳо сарвати зиёде мавҷуд аст. Тасаввуроте, ки дар бораи онҳо сохтаанд, дуруст нест. Мисли инки ба зани худ иҷоза намедиҳанд, ки аз хона бароянд, ҳама рӯймол мебанданд, ҷойи зисташон ифлос аст, дастонашонро намешӯянд, дар руи замин мехобанд ва ё ба истилоҳ “чурка” ё кундаи бефаҳм ҳастанд. Кори ман ба баъзе атрофиёнам таъсир кардааст ва вақте аз онҳо мешунавам, ки дигар ба муҳоҷирон бо чашми дигар менигаранд, хушҳол мешавам. Аммо решакан кардани тасаввуроти ғалати дигар аз дасти ман барнамеояд, мисли ин ки муҳоҷирон ҷойи кории моро мегиранд, чаро зиндагиашонро дар Тоҷикистон дуруст намекунанд, барои чӣ онҳо нигоҳи ваҳшиёна доранд. Инҳо масъалаи байни инсонҳо нест, ки ман сари он кор мекунам, ин масъалаҳо ба давлатҳо, умури сиёсӣ, тарғибот иртибот мегирад, ки дар тарҳи ман аслан вуҷуд надоранд. Тарҳи ман муносибати инсон ба инсон аст.”

Ксения Диодорова дар суҳбат бо Андрей Шарий, хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми ба кор омадан дар Санкт Петербург ба мусофирбаре нишаст ва чун дид, ки ронандааш тоҷик аст, ба ӯ шумо гуфта муроҷиат кард ва бо ӯ бо эҳтиром ва ҳамчун инсон муносибат кард. Ксения Диодорова тарҳи мазкурро маҳз ба ҳамин сабаб амалӣ мекунад, ки дигарон дар Русия низ ба ӯ пайравӣ намоянд.

Раҳоварди дизайнери рус аз сафари Бартанг
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:23 0:00

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG