Шоми 11-уми декабр дар шаҳри Маскав намоишгоҳи осори наққошии кӯдакону наврасони вилояти Ивановои Русия роҷеъ ба Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ муаллифони хурдсол корҳои дастии худро дар бораи манзараҳои Тоҷикистон ва қаҳрамонони афсонавии мардуми тоҷик пешкаш карданд.
Дар аксари ин асарҳо зиндагии мардуми тоҷик ва кӯдакони тоҷик аз диди кӯдакона тасвир шуда буд. Дар намоишгоҳ осори кӯдакона ҳамчунин ҳаёти мардуми Қазоқистонро низ дар бар мегирифт ва намоишгоҳ “Тоҷикистон ва Қазоқистон дар қарни 20” ном дошт. Ин намоишгоҳ бо ташаббуси сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Юлия Вербитская, наққоши шинохтаи рус ва яке аз дӯстдорони фарҳанги миллии тоҷикон баргузор шуд.
Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ дар робита ба ин намоишгоҳ гуфт, ки “бо ин чорабинӣ сафорат ба силсилаи намоишгоҳҳои соли 2015-и сафорати Тоҷикистон дар бахши муаррифии кишвари худ ва таблиғи эътибори тоҷикон дар ҷомеаи Русия хотима бахшид. Аз ин пештар ҳам мо як силсила намоишгоҳҳои баргузор карда будем. Хонум Юлия Вербитская, яке аз дӯстони фарҳангии тоҷикон муддате пеш эълон кард, ки дар байни кӯдакони Иваново озмуне баргузор мекунем. Сипас, кӯдаконро ба тамошои намоишгоҳи осори ҳунармандони тоҷик бурданд. Баъд аз дидани ин осор кӯдакон таассуроти худро дар таблоҳо инъикос намуданд ва ба сафорат пешниҳод карданд. Тақрибан 40 нафар асарҳояшонро ба сафорат фиристоданд. Мо муаллифони хурдсолро ба Маскав даъват кардем, то худашон дар намоишгоҳи наққошиҳояшон ширкат кунанд. Онҳоро бо автобус аз Иваново оварданд. Дар чеҳраи онҳо хурсандиро эҳсос мекардем. Шояд баъзеи онҳо бори аввал Маскавро медиданд. Николай Карика – раҳбари Хонаи Миллатҳои Иваново ва Илҳом Бобоев, раиси ҷамъияти тоҷикони Иваново онҳоро то Маскав ҳамроҳӣ карданд. Бори аввал дар ин намоишгоҳ ба онҳо дар ҳузури аҳли фарҳанг дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат мекарданд ва онҳо аз сафорати Тоҷикистон тӯҳфаҳо гирифтанд. Ин як навъ таваҷҷуҳ ба фарҳанги мардуми тоҷик буд.
Озодӣ: Мавзӯи наққошиҳои онҳо чӣ чизро дар бар мегирифт?
Эгамзод: Наққошиҳое, ки кӯдакони 5-6 сола то даҳсола офарида буданд, тамаддуни кӯҳани мардуми Шарқ, ба хусус тоҷиконро инъикос мекард. Дар миёни онҳо бештар аз ҳама манзараҳои зебои Тоҷикистонро дидем, кӯҳистони обшори Тоҷикистон, қаҳрамонҳои афсонаву латифаҳои мардумии тоҷикро дидем. Дар ин намоишгоҳ наққошии тарбиятгари Хонаи бачагони Иваново Ирина Яндукина буд, ки “Поэзия, музыка, любовь” ном монда буд. Кӯдаки дигар сайру гаштҳои Хоҷа Насриддин дар Бухорои қадимро тасвир кардааст. Кӯдаки дигар дар тасвири худ қисмати Роҳи абрешимро нишон додааст, ки аз диёри аҷдодии мо мегузарад. Яъне, ин осор таъриху тамаддун ва зебогии кишвари тоҷикон, бозиҳои тифлони тоҷик дар оғӯши табиатро нишон медод.
Озодӣ: Оё баргузории ҳамин гуна намоишгоҳҳо, ҳатто агар аз кӯдакон ҳам бошад, метавонад барои муаррифии тоҷикон ё боло бурдани эътибори тоҷикон дар Русия кӯмак кунад?
Эгамзод: Дар баробари селоби ахбори манфӣ дар бораи Тоҷикистон, ба вижа дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик, бояд ин чорабиниҳо бештар роҳандозӣ шаванд. Ин гуна чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки мардуми таҳҷоии Русия оҳиста-оҳиста тасаввури худро дар бораи тоҷикон дигар кунанд. Албатта, қудрати инқилоби ахбори манфӣ дар бораи тоҷикон бузург аст, барои ҳамин бояд маъракаҳои муаррификунандаи миллатро роҳандозӣ кард. Ҳатто чунин маъракаҳо дар сатҳи озмуни кӯдакон тоҷиконро муаррифӣ мекунанд. Пештар аз ин намоишгоҳи осори наққошии ҳунармандони тоҷик дар Маскав, дар шаҳри Талдон, дар Серпухов, дар Иваново ва дар Уфа баргузор шуд ва намоишгоҳи шоми 11 декабр дар Маскав идомаи ҳамин силсила буд.