Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 71 нафар дар суқути ҳавопаймои Русия. Аз муҳоҷирон хабар нест. ВИДЕО


Лошаи ҳавопаймои Ан-148

Як ҳавопаймои мусофирбари Русия рӯзи якшанбе бо 71 сарнишинаш дар наздикиҳои Маскав суқут кард. Ба гуфтаи хабаргузориҳои Русия ҳавопаймои Ан-148 мутаалиқ ба ширкати Саратов Эйрлайнз, баъди парвоз аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав дар деҳаи Аргуново дар Подмосковйе суқут кардааст.

Ҳавопаймо аз Маскав ба шаҳри Орск парвоз мекардааст. Хабаргузории Интерфакс аз қавли манобеи худ дар идораҳои имдодии Русия навишт, ки “Ҳавопаймо дар наздикии деҳаи Аргуново, 80 - километрии шаҳри Маскав суқут кардааст.” Ба навиштаи хабаргузориҳо ҳеҷ касе аз сарнишинон зинда намондааст.

Маъмурони вазорати ҳолатҳои фавқуллода натавонистаанд, бо нақлиёти заминӣ ба ҷойи ҳодиса бирасанд. Як манбаъ ба хабаргузории ИТАР ТАСС гуфтааст, ки пораҳои ҳавопайморо пайдо карданд ва “ҳеҷ касе зинда намондааст”.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, “Владимир Путин, ҳамдардии амиқи худро ба хешовандони онҳое, ки ҷон доданд, мерасонад.”

Телевизиони давлатии Россия-24 видеои лошаҳои ҳавопайморо дар як майдони барфпӯш намоиш дод. Ҳавопаймо 65 мусофир ва шаш халабон доштааст. Вазорати нақлиёти Русия сабабҳои суқути ҳавопайморо таҳқиқ дорад, ки чӣ будааст, ҳавои номусоид ва ё хатои инсонӣ, ё мушкили техникӣ.

Суқути ҳавопаймо дар Русия. Аз муҳоҷирон хабар нест
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:08 0:00

Ҳуввияти қурбониёнро эълон накардаанд ва маълум ҳам нест, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ё не. Дар Русия садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва сафари онҳо аз як гӯша ба гӯшаи дигари Русия бо ҳавопаймо, қатор ё нақлиёти дигар зиёд мушоҳида мешавад.

Агар дар ҷойи ҳодиса ҳастед ва ё дар бораи мусофирони он чизе медонед, ба мо хабар диҳед ва ба ин шумора аз тариқи ИМО, Вайбер ва Вотсапп. +420 724 053 959

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG