Русия дар ҳоли пешрафти сареъ (зуд) дар роҳандозии як шабакаи интернетии фазоӣ аст, ки метавонад бартарии Украинаро дар майдони ҷанг, ки ба воситаи истифода аз "Starlink" ба даст омадааст, поён диҳад.
Бо ин ҳол, коршиносон мегӯянд, интернети моҳвораии Русия эҳтимолан дар замони ҷанг як нуқтаи заъфи калидӣ хоҳад дошт.
Ширкати "Bureau 1440" низоми интернетии монанд ба "Starlink"-и худро барои истифодаи ғайринизомӣ муаррифӣ кардааст, аммо президенти Русия Владимир Путин ошкоро дар бораи ин тарҳ дар чорчӯби ҷанги Украина сухан гуфт.
Путин моҳи июни имсол дар ҷараёни мулоқот дар Кремл бо шуморе аз сарбозон гуфт, кор рӯйи сохти ҷойгузини "Starlink" "бо суръати хубе пеш меравад" ва ибрози умедворӣ кард, ки нерӯҳо "ба зудӣ онро дар майдони ҷанг таҷриба кунанд".
Чин, Иттиҳоди Аврупо ва чанд қудрати дигар низ дар ҳоли тавсеаи нусхаҳои ихтисосии худ аз "Starlink" ҳастанд.
Ян Муирҳед, муҳандиси сомонаҳои фазоӣ аз нерӯҳои низомии собиқи Бритониё ба Радиои Озодӣ гуфт, шитоб барои тавсеаи интернети моҳвораӣ дар мадори пасти замин асосан ба ин далел аст, ки "як артиши муосир наметавонад бе иртибототе, ки тавоноии нисбатан баланди интиқоли маълумотро дорад, фаъолият кунад".
Ӯ мегӯяд, ҷанги Украина нишон додааст, ки "танҳо роҳи воқеии мубодилаи иттилоотӣ дар ҳаҷми калон дар минтақаҳои низоъ, истифода аз системаи моҳвораӣ аст".
Дар система ё низомҳои қадимии интернети кайҳонӣ аз моҳвораҳои алоҳидае истифода мешуд, ки дар масофаи даҳҳо ҳазор километр аз Замин қарор доштанд ва ин боис ба ноустуворӣ ва қатъу васли доимии интернет мегардид.
Баръакси ин, моҳвораҳои "Starlink" дар сатҳ ё қабатҳои муайян дар баландии 350 ва 550 километр давр мезананд; ин ҳолат имкон медиҳад, ки интиқоли маълумот хеле тезтар сурат гирад.
Аммо барои таъмини дастрасии корбар ба ҳадди ақал як моҳвора дар ҳар вақт ва аз ҳар макон, мавҷудияти як шабакаи бузурги моҳвораӣ (ё гурӯҳи моҳвораҳо) дар мадори Замин зарур аст.
Муирҳед мегӯяд, шабакаи интернетии Русия дар мадори пасти Замин бо "Starlink" қобили муқоиса нахоҳад буд; дар ҳоли ҳозир беш аз 10 ҳазор моҳвораи фаъол дар мадори замин ва миллионҳо муштарии пардохткунанда дорад. Аммо ӯ мегӯяд: "Роҳандозии ҳар гуна шабакаи стандартии мадори пасти Замин имконоти алоқаи дастрасро барои нерӯҳои Русия ба таври назаррас афзоиш дода, дар қобилияти фармондеҳӣ ва идораи онҳо дигаргунии ҷиддӣ ба вуҷуд меорад".
Бо ин ҳол, Ян Муирҳед ба як бартарии муҳими амниятӣ ишора мекунад, ки дастрасии Украина ба "Starlink" дар муқоиса бо сомонаи монанди Русия, ба шарофати бо ном "истигоҳҳои заминӣ" рабт мегирад.
Истгоҳҳои заминӣ маъмулан антеннаҳои табақшакле ҳастанд, ки ба сурати физикӣ ба интернети заминӣ пайваст мешаванд. Ин истгоҳҳо манбаи маълумоти интернетӣ ба ҳисоб мераванд. Ин маълумот тавассути моҳвораҳои дар ҳоли ҳаракат ба боло фиристода шуда, сипас ба корбарони алоҳида интиқол дода мешавад
Истгоҳҳои заминӣ калон ва собит буда, аз мавҷҳои электромагнитӣ саршор мебошанд. Корбарони "Starlink" дар Украина дар ҳоли ҳозир аз тариқи истгоҳ ё пойгоҳҳои заминӣ дар Лаҳистон (Полша), Литва ва Туркия хадамот дарёфт мекунанд.
Ҳар се кишвар узви НАТО ҳастанд, ба ин маъно, ки агар Русия истгоҳҳои мавриди истифодаи Украинаро нобуд кунад, хатари барангехтани вокуниши низомиро бо пуштибонии Амрико ба миён меорад.
Киев дар моҳҳои охир тавонмандиҳои худро барои нишон гирифтани ҳадафҳое дар саросари Русия бо истифода аз паҳподҳои дурпарвоз нишон додааст.
Агар системаи моҳвораии Rassvet фаъолияти комили худро оғоз кунад, ҳар гуна истгоҳи заминӣ дар хоки Русия ба эҳтимоли зиёд ба ҳадафҳои калидии Киев табдил хоҳанд шуд.
Ян Муирҳед мегӯяд, "итминон дорам, ҳадафҳои бартари Русия "Starlink" ҳастанд, аммо онҳо наметавонанд истгоҳҳои заминии "Starlink"-ро нобуд кунанд, дар ҳоле ки Украина тавоноии ҳамларо дорад. Ҳатто агар (истгоҳи заминии Rassvet) дар Сибир бошад, ҳеч чиз монеи ҳамлаи Украина ба он нест".
Вадим Скибитский, ҷонишини раиси Идораи истихбороти Вазорати дифои Украина, рӯзи 10-уми август дар мусоҳибае гуфт, даҳҳо моҳворае, ки Rassvet ҳамакнун дар фазо дорад, ба ин маъно аст, ки нерӯҳои русӣ ҳамин ҳоло ҳам метавонанд "ба сурати кӯтоҳ ва ҳангоми ҳаракати моҳвора аз фазои қаламрави мо" аз ин шабака истифода кунанд. Вай афзуд, "ҳамакнун гуфтугӯҳое дар бораи шеваи муқобила бо ин мавзуъ дар ҷараён аст".
Виктория Самсон, мудири амният ва суботи фазоӣ дар "Бунёди ҷаҳонии амн", ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтааст, иқтидори маҳдуди Русия дар самти партоби дастгоҳҳои моҳвораӣ, яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи фарогирии васеътари "Рассвет" хоҳад буд.
Ӯ мегӯяд, русҳо "аслан тавоноии партоби лозимро надоранд. Аммо ин ба он маъно нест, ки онҳо наметавонанд шабакаи моҳвораии интернетиро роҳандозӣ кунанд, аммо эҳтимол он ба мисли "Starlink" (ё ду нусхае, ки Чин рӯи онҳо кор мекунад ва бо номҳои Guowang ва Qianfan маъруфанд) суръати боло нахоҳад дошт ва коромад нахоҳад буд".