Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як низомии Русия, ки дар Сурия кушта шуд, аз Тоҷикистон будааст


Акс аз бойгонӣ

Як афсари Вазорати мудофиаи Русия, ки ҳамроҳи ду низомии дигар дар минтақаи Дейр-аз-Зори Сурия кушта шуд, зодаи Тоҷикистон будааст.

Яке аз пайвандонаш дар Вазорати дифои Русия кор мекард. Русҳо ба ӯ бовар доштанд ва машварат мекарданд. Русиро бисёр хуб медонист. Бо як фармондеҳ муносибати хуб дошт ва ӯро ҳамроҳи худ ба Русия бурда буд

Сӯҳроб Каримов 35 сол дошта, аввал дар пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон хидмат мекард ва баъдан ба Русия рафта буд. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки ӯ забони арабиро хуб медонист ва бо маъмурияте дар Дейр-аз-Зори Сурия қарор дошт. Ӯ дафъаи дувум ба Сурия рафта будааст.

"Ба муҳосира афтоданд"

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 25-уми марти имсол ҳалокати Сӯҳроб Каримов ва ду низомии дигари русро дар Сурия тасдиқ кард. Мақомот гуфтанд, се нафар охири моҳи феврали имсол ба муҳосираи террористон афтода ва кушта шудаанд.

Матбуоти Русия бо такя ба қавли мақомоти Взорати дифоъ навиштанд, Сӯҳроб Каримов ва ҳамроҳонаш барои расондани кумаки башардӯстона дар Дейр-аз-Зор қарор доштанд. Нашрияи “Российская газета” навишт, “онҳо ҳангоми бозгашт дар иҳотаи ҷангҷӯён афтода, пас аз даргирӣ ғайб заданд”.

Акси Сӯҳроб Каримов дар нашрияи "Красная звезда"
Акси Сӯҳроб Каримов дар нашрияи "Красная звезда"

Пораҳои ҷасад ва озмоиши ДНК

Каримов бори охир рӯзи 22-юми феврали имсол ба хонаводааш занг зада будааст. Чанд рӯз баъд аз Вазорати дифои Русия ба хонаводаи Каримов занг зада, аз онҳо хостаанд, ки озмоиши ДНК бисупоранд. Зеро дар натиҷаи ҳамла ба мошини Каримову ҳамроҳонаш танҳо пораҳои ҷасадро пайдо кардаанд.

Бахши русии Би-би-сӣ навишт, ки Сӯҳроб Каримов тобистони соли 2018 ба Сурия рафта буд. Пайвандонаш ба ин расона гуфтаанд, “сафари хидматии ӯ 8-9 моҳ давом кард”.

Сӯҳроб Каримов хатмкардаи Донишгоҳи ҳарбии Маскав аст. Номи ин низомии рус ҳанӯз замони кораш дар Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. “Красная звезда” – нашрияи Вазорати мудофиаи Русия – соли 2010 навишт, ки Сӯҳроб Каримов кӯдаки 8-солаи тоҷик Беҳрӯз Рӯзиевро аз сӯхтор дар Душанбе наҷот дод. Худи ӯ ба ин нашрия гуфта буд, ки “ҳеч қаҳрамонӣ накардааст ва ҳар афсар бояд чунин рафтор кунад”.

"Русҳо бо ӯ машварат мекарданд"

Чанде аз кормандони пешини пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сӯҳроб Каримовро мешинохтанд.

Наврӯз Ҷумъаев, корманди собиқи пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми март гуфт, Каримов аз эҳтироми хос бархӯрдор буд. “Яке аз пайвандонаш дар Вазорати дифои Русия кор мекард. Русҳо ба ӯ бовар доштанд ва машварат мекарданд. Русиро бисёр хуб медонист. Бо як фармондеҳ муносибати хуб дошт ва ӯро ҳамроҳи худ ба Русия бурда буд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент Владимир Путин баҳори соли 2016 қисми асосии нерӯҳои Русияро аз Сурия берун оварда, охирҳои соли 2017 фармони ихроҷи сарбозони рус аз ин кишварро содир кард.

Бино ба иттилои расмии Вазорати дифои Русия, аз 30-юми сентябри соли 2015 дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия беш аз 40 низомии рус кушта шудаанд. Ҳамчунин 50 тани дигар дар пайи суқути чархболу ҳавопаймоҳои Русия ҷон бохтаанд.

Ба ин рақам шумори зархаридони кушташудаи ширкати низомии хусусии "Вагнер" шомил намешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG