Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Путин аз Ленин ва ситоиш аз Шӯравӣ. ВИДЕО


Қарор аст, имрӯз тарафдорони Ҳизби Коммунисти Русия бо раҳпаймоӣ дар маркази шаҳри Маскав, 100-солагии Инқилоби Болшевикиро таҷлил кунанд. Ҳизби мазкур аз тарафдоронаш хост, бо шиорҳои “Зинда бод, инқилоби сотсиалистӣ”, “Мо бо кишварҳои шӯравӣ мефахрем”, “Замин ба кишоварзон, корхонаҳо барои коргарон”, ба хиёбонҳо бароянд.

Таҷлили 100-умин солгарди Инқилоби Болшевикӣ, ки дар замоне сурат мегирад, ки ҳукумати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ин санаро нодида гирифта ва мардуми зиёди кишварро ҳайратзада кардааст. Мардуме, ки кишварашонро 100 сол пеш ошӯб фарор гирифт ва баъди он 70 сол ҳукумати истибдодии коммунистҳо дар он ҳукмфармоӣ кард.

Ҳизби Коммунисти Русия гуфт, дар раҳпаймоӣ намояндагони созмонҳои гуногун ва намояндагони 120 ҳизб аз 80 кишвар ширкат мекунанд.

Мақомоти Русия бештар ба таҷлили пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар замони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ таммаркуз карда ва ҳар сол дар Майдони Сурх раҳпаймоии бузурги ҳарбӣ баргузор мекунанд.

Қарор аст, зимни раҳпаймоии коммунистҳо, мардум болоравии нархҳо, афзоиши молиёт барои сарватмандон дар Русияро талаб кунанд. Баъди суқути низоми коммунистӣ Русия ба низоми капиталистӣ гузашт ва ҳоло тафовут байни дорову нодор биcёр зиёд аст ва ин фарқ дар шаҳри Маскав ҳар рӯз дида мешавад. Мақомоти Русия рӯзи 3-уми ноябр гуфтанд, ки иҷоза доданд, то 5 ҳазор нафар дар раҳпаймоӣ ширкат кунанд.

Ҳизби Коммунисти Русия гуфт, дар раҳпаймоӣ намояндагони созмонҳои гуногун, аз ҷумла Созмони Афсарони Шӯравӣ, Созмони Умеди Занони Русия, Комсомол ва намояндагони 120 ҳизб аз 80 кишвар ширкат мекунанд.

Бо вуҷуди гузашти 100 сол аз Инқилоби Болшевикӣ, ҳанӯз ҳам ҷасади пешвои инқилоб Владимир Ленин дар Мавзолей дар Майдони сурх нигаҳ дошта мешавад. Таҳлилгарон мегӯянд, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки суботро ба кишвараш баргардонд, дар интихоботи моҳи марти соли 2018 ширкат мекунад, ҳеҷ майле барои баргардонидани мавзӯи ошӯбҳои сиёсии гузаштаро надорад.

Владимир Путин, ки аз соли 1999 то кунун президент ва нахуствазир ҳам будааст, бо ситоиши замони шӯравӣ ва пирӯзии он дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум бар зидди Олмони фашистӣ саъй кардааст, ки меҳанпарастиро дар дили мардум ҷой кунад. Айни замон ӯ бузургиҳои Русияи императориро ҳам таъриф кардааст.

Владимир Путин, афсари собиқи КГБ-и шӯравӣ суқути шӯравиро “бузургтарин фалокати геополотикӣ” дар қарни 20 номидааст. Вале ӯ ҳамчунин Ленинро соли 2016 танқид кард, ки дар Русия “бомби соатӣ” гузошт. Соли 2005 ӯ рӯзи таҷлили инқилоби болшевикиро, ки 7-уми ноябр ҷашн гирифта мешуд ва рӯзи 4-уми ноябрро Рӯзи Ваҳдати Миллӣ эълон карданд. Рӯзи 7-уми ноябр рӯзи корӣ дар Русия аст.

Паради низомӣ дар Маскав, аммо на барои инқилоби сурх
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00

XS
SM
MD
LG