Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалқи матбуоти хориҷӣ дар дасти мақомоти Русия. САДО


Вакилони рус ҳангоми баррасии қонун

Думаи давлатии Русия қонунеро тасвиб кард, ки ба ҳукумат иҷоза медиҳад, расонаҳои хабариеро, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном кунад. Дума санади мазкурро рӯзи 15-уми ноябр баъди се бор баррасӣ қабул кард ва онро созмони Афви Байналмилал як “зарбаи ҷиддӣ” ба озодии матбуот дар Русия номид.

Кори Радиои Озодӣ нашри гузоришҳои дурусту бетарафона барои аудиторияи русзабон дар саросари дунё, ба шумули Русия аст ва мо ба кори худ идома медиҳем

Пеш аз баррасии аввал Вячеслав Володин, вакили мардумии Русия, тарҳи қонуни мазкурро “посухи ҳамвазне” ба “фишори Амрико ба хабарнигорони рус” номид. Мақомоти Русия акнун метавонанд, Радиои Озодиро, ки дар Русия дафтари калоне дорад, ҳамчун “маъмури хориҷӣ” ном баранд.

Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатӣ баъди баррасии дуввуми тарҳи қонун гуфт, ки ин санад “ҳеҷ таъсире ба озодии баён дар Русия надорад.” Қонуни мазкур акнун барои баррасӣ ба Шӯрои Федератсияи Русия ва сипас барои имзо ба раиси ҷумҳур Владимир Путин фиристода мешавад.

Афви Байналмилал: Ҳалқи матбуотро мефишоранд

Вале Афви Байналмилал гуфт, ки дар сурати тасвиби Қонун дар бораи матбуоти хориҷӣ мақомот “ҳалқи матбуоти Русияро, ки дар вазъи ногуворе қарор дорад, сахттар мефишоранд”.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 14-уми ноябр гуфт, ки тарҳи қонуни нав рӯзи 22-юми ноябр дар ҷаласаи шӯро баррасӣ мешавад.

Дмитрий Песков
Дмитрий Песков

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия нагуфт, ки Владимир Путин ин санадро имзо мекунад ё не, вале афзуд, ин санад ба ҳукумат имкон медиҳад, дар сурати “эҷоди маҳдудият барои матбуоти Русия дар хориҷ” посух бидиҳад.

Гарри Минх, намояндаи президенти Русия дар Думаи Давлатӣ ба хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, ки ҳукумат тарафдори қонуни қабулкардаи дума аст.

Дар баррасии дуввуми санад, аз миёни 450 вакил 409 нафар раъйи мувофиқ додаанд. Ҳеҷ касе аз вакилон мухолифи санад садо баланд накарданд, вале ба гуфтаи худи вакилону мақомот қонуни нав ғолибан ба фаъолияти Радиои Озодӣ, Садои Амрико, СИ ЭН Эн, телевизиони олмонии Дойче Велле таъсир мегузорад.

Маъмури хориҷӣ кист?

Бар асоси қонун, дар мақолаву гузоришҳое, ки расонаҳои хориҷӣ нашр мекунанд, бояд ибораи “маъмури хориҷӣ” навишта шуда бошад. Аммо ҳоло рӯшан нест, ки вазорати адлияи Русия ҳақ дорад, расонаҳоеро, ки худро ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном намекунанд, бубандад ё не.

Русия мегӯяд, ки расонаҳои давлатии кишвар ба мисли РТ в Спутник соли гузашта зери фишори афзояндаи мақомоти Амрико қарор гирифтаанд. Маскав гуфт, ки чунин фишорҳоро беҷавоб намегузорад. Телевизиони РТ рӯзи 13-уми ноябр худро дар вазорати адлияи Амрико ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном кард.

Хадамоти иттилоотии Амрико моҳи январ гуфтанд, ки расонаҳои Русия ба мисли РТ ва Спутник, барои таъсир гузоштан ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар моҳи ноябри соли 2016 ба дурӯғпароканӣ машғул шудаанд. Маскав ин иддаоҳоро рад кардааст.

"Мо ба кори худ идома медиҳем"

Радиои Озодӣ бо нашри баёнияе дар рӯзи 15-уми ноябр иддаои Русияро рад кард, ки мегӯяд, санади Дума посухи ҳамвазн ба амалкардҳои Амрико аст.

“Раъйдиҳи имрӯзаро ҳамчун “посухи ҳамвазн” ба талабот аз расонаҳои Русия дар Амрико номидан хатост. РТ ва Спутник дар ҳамаҷои Амрико озодона барнома нашр мекунанд, дар ҳоле ки Радиои Озодӣ бинобар фишорҳои маъмурӣ аз ҳаққи пахши барномаҳо аз тариқи матбуоти дохилӣ маҳрум шуд ва ба шабакаҳои кабелӣ роҳ надорад. Хабарнигорони Русия бе тарсу ҳарос дар Амрико кормекунанд” -омадааст, дар баёнияи Радиои Озодӣ.

Дар идомаи баёния омадааст, “кори Радиои Озодӣ, нашри гузоришҳои дурусту бетарафона барои аудиторияи русзабон дар саросари дунё, ба шумули Русия аст ва мо ба кори худ идома медиҳем.”

Бар асоси қонуни қабулкардаи Думаи Давлатӣ, ҳукумат ҳақ дорад, ҳар вебсайтро, ки ҳукумат “номатлуб” медонад, бубандад. Айни замон дар Русия 11 созмони ғайриҳукуматиро созмонҳои “номатлуб” меномад, вале сайти ҳеҷ яке аз онҳо баста нашудааст.

Таҳдиду қасоси ҳамарӯза ба хабарнигорон

Созмони Афви Байналмилал рӯзи 15-уми ноябр бо нашри баёнияе гуфт, матбуоти мустақил ва журналистон дар Русия “тақрибан ҳар рӯз ба хатари таҳдиду қасос дучоранд”. Денис Кривошеев, намояндаи созмон гуфт, қонуни нав “монеаҳо дар роҳи матбуоти Русияро зиёдтар мекунад.”

Пётр Толстой дар ҷаласаи 15-уми ноябр
Пётр Толстой дар ҷаласаи 15-уми ноябр

Пётр Толстой, муовини раиси Думаи давлатии Русия рӯзи 14-уми ноябр гуфт, ки ҳар расонаҳои хориҷие, худро ба ҳайси маъмури хориҷӣ сабти ном намекунад, аз ҳаққи фаъолият дар Русия маҳрум карда мешавад.

Мақомоти Амрико мегӯянд, қонуне, ки аз расонаҳои хориҷӣ талаб мекунад, худро ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном кунанд, соли 1938 ва барои муқобила бо тарғиботи фашистӣ ва дурӯғпароканӣ дар Амрико қабул карданд. Ҳезер Ноер сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико моҳи гузашта гуфт, санади мазкурро замоне ба кор меандозанд, ки “муассиса ва ё фарде ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул мешавад.”

Таҳаввулоти ахир дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибати Амрикову Русия ба сабаби дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи Амрико дар соли гузашта ва амалкардҳои Русия дар Украина сард шудааст. Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия рӯзи 14-уми ноябр гуфт, “муносибати мо рӯз ба рӯз бадтар мешавад” ва “ба поинтарин сатҳ дар даҳсолаҳои ахир расидааст.”

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG