Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Азимов: Қарордоди пойгоҳи 201 ба зудӣ баррасӣ мешавад


Амирқул Азимов
Амирқул Азимов

Интизор меравад, парлумони Тоҷикистон то охири моҳи сентябр созишномаи пойгоҳи ҳарбии 201-умро ба тасвиб мерасонад.

Амирқул Азимов, раиси Кумитаи дифоъ, амният ва тартиботи ҳуқуқии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вакилони парлумон то як моҳи дигар мавзӯъи тасвиби созишномаи тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард. Оқои Азимов аз шарҳи бештари ин масъала ва гуфтани таърихи мушаххаси баррасии мавзӯъи пойгоҳ дар парлумон худдорӣ кард, вале ғолибан ин созишнома то боздиди Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия ба Тоҷикистон тасвиб хоҳад шуд.

Ин изҳороти вакили аршади парлумони Тоҷикистон дар ҳолест, ки муовини вазири корҳои хориҷаи Русия Григорий Карасин низ рӯзи 10 сентябр дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Коммерсант" гуфтааст, «мо мунтазирем, ки парлумони Тоҷикистон имзо кардани созишномаи пойгоҳи ҳарбии 201-умро дар рӯзҳои наздик ба тасвиб мерасонад.»


Григорий Карасин
Григорий Карасин
Ин дипломати рус ҳамчунин гуфтааст, ки дар баробари тамдиди замони будубоши пойгоҳи низомӣ кишвараш ӯҳдарориҳои зиёдеро бар дӯш гирифта, аз ҷумла ба навсозии техникаи ҳарбии Тоҷикистон кумак карда, дар роҳи фурӯши маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва ҳамчунин и барои муҳоҷирони кори тоҷик дар қаламраваш сабукиҳо хоҳад дод.

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, кишвараш ҳамаи ӯҳдадориҳои худро хуб ва саривақт иҷро мекунад ва мунтазири тасмими ҷониби Тоҷикистон аст, ки бар ӯҳдадориҳои худ амал кунад.

Қарордоди Тоҷикистону Русия дар бораи шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 5 октябри соли 2012 зимни сафари Путин ба Душанбе имзо шуда буд. Ин қарордод замони ҳузури ин пойгоҳро дастикам то соли 2042 тамдид карда, Русияро аз пардохти пули иҷора раҳо мекунад ва ҳам эътои ҳаққи дахлнопазирӣ ба низомиёни рус дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ҷониби Русия алакай то моҳи апрел тамоми мароҳили тасвиби ин созишномаро пушти сар гузошт, вале парлумони Тоҷикистон то ҳол ба баррасии ин паймон ҳатто шурӯъ накардааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози моҳи август дар пайи мулоқоташ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дар Маскав гуфт, парлумони кишвараш ба зудӣ ба тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 хоҳад пардохт. Дар матбуот ҳадс мезаданд, ки ин тавофуқ натиҷаи як навъ муомила байни Душанбеву Маскав дар ивази мувофиқати Русия ба ҳимоят аз номзадии оқои Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябр аст.

Мақомоти Тоҷикистон маътал кардани худ дар тасвиби ин қарордодро ба он бастагӣ медиҳанд, ки ҷониби Русия дар иҷрои ваъдаҳои худ зиёд шитоб намекунад. Аз ҷумла бо имзои як қарордод дар моҳи феврал Русия муваззаф шуда буд, ки дар соли 2013 ба Тоҷикистон 1 миллион тонна маводи сӯхташро бидуни боҷи гумрукӣ мефурӯшад. Вале ин созишнома то ҳол тасвиб ва иҷроӣ нашудааст ва дигар гумон аст, ки дар севуним моҳи боқимондаи сол Маскав битавонад ваъдаи фурӯши бидуни боҷи 1 миллион тонна бензину соляркаашро иҷро ва ба коҳиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон мусоидат кунад.


Гашти низомии нирӯҳои пойгоҳи 201
Гашти низомии нирӯҳои пойгоҳи 201
Ҳамин тавр, ваъдаи дигари Русия додани ҳаққи 15 рӯз будубоши бидуни сабти ном барои муҳоҷирони тоҷик низ ба истилоҳ дар ҳаво муаллақ мемонад. Бар изофа, боздошти дастаҷамъонаи муҳоҷирони корӣ ва ихроҷи онҳо аз қаламрави Русия дар моҳҳои охир муҳоҷиронро ноумед кардааст, ки ҳатто баъди ба иҷро даромадани созишномаи муҳоҷират ҳам вазъи онҳо беҳтар шавад. Дар баробари ин аксар сиёсатмадорони рус дар ин авохир аз маъракаи зидди муҳоҷирон пуштибонӣ карда, ҳатто муддаиёни курсии шаҳрдори Маскав «тоза кардани шаҳр аз муҳоҷирони корӣ»-ро ба яке аз шиорҳои асосии корзори худ дар интихоботи ахир табдил дода буданд.

Пойгоҳи 201-ум, ки воҳидҳои низомиаш дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар мебошанд, бо наздики 7 000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия ва ҳам бузургтарин воҳиди нирӯҳои хушкигарди ин кишвар дар хориҷ ба шумор меравад.

Пойгоҳи 201-ум дар соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфт. Таърихи таъсиси ин дивизия аз 1 июни соли 1943, ки ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба нуқтаи авҷаш расида буд, оғоз мегирад. Пойгоҳи 201 ширкат дар набардҳо алайҳи Олмони фашистӣ, дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон ва ҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1995)-ро дар корномааш сабт кардааст.
XS
SM
MD
LG