Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Пойгоҳи 201 ҳаққи таъсиси телевизионро надорад"


Мақомоти тоҷик мегӯянд, пойгоҳи низомии 201 ҳамчун як муассисаи хориҷӣ ҳақ надорад дар қаламрави Тоҷикистон телевизион ё радиои худро таъсис диҳад.

Ин изҳорот соате пас аз суханони намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон садо дод, ки гуфт, шабакаи телевизионии пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бояд барои пахши барномаҳои худ аз аз Кумитаи давлатии радио ва телевизион иҷозатнома гирад. Аммо яке аз раҳбарони ин кумита мегӯяд, пойгоҳи 201-и Русия аслан ҳаққи таъсис ва истифода аз телевизион ва радиои худро надорад.

"ТВ пойгоҳи 201 ҳаққи фаъолият надорад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим


Ба қавли Самад Ҳикматов, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, дар қонуни Тоҷикистон аз соли 2004 омадааст, ки хориҷиҳо дар Тоҷикистон телевизион ва ё радио дошта наметавонанд. Вай дар гуфтугӯ бо Радиои «Озодӣ» зикр намуд, ки ин масъаларо кумита кайҳо дар миён гузоштааст: «Мо мактуби онҳоро гирифта ва ҳам посухашро ҳам дода будем, ки бино ба қонунгузории мо, на фақат як шаҳрванди хориҷӣ дар Тоҷикистон наметавонад телевизион ва радио дошта бошад, балки ҳуқуқ надорад, ки барои як телевизион ё радио сармоягузорӣ кунад.»

Татяна Холмуродова
Татяна Холмуродова
Ин дар ҳолест, ки Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 31-уми июл гуфт, радио ва телевизиони пойгоҳи 201-и Русия дар Душанбе то иҷоза нагиранд, пахш нахоҳанд шуд. Вай афзуд: «Онҳо хеле мехоҳанд, ки барномаҳояшонро худашон пахш кунанд. Барои ин бояд аз Кумитаи давлатии радио ва телевизион иҷозатнома дошта бошанд. Аз он сабаб, ки онҳо ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон сабти ном нашудаанд, ҳақ надоранд. Аммо онҳо метавонанд дар шабакаҳои дохилии Тоҷикистон вақт гиранд ва барномаҳои худро пахш кунанд».

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00
Линки мустақим


Аммо масъулони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯянд, ин суханон бе назардошти тағйире садо додаанд, ки дар соли 2004 ба миён омад. Бино бар он, созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи мақоми фирқаи 201-ум низ таҷдиди назар шуд. Дар банди 21 уми Созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи мақоми фирқаи 201-ум аз соли 1993 омадааст, ки ҳукумати Тоҷикистон муваззаф аст дар ҳоли набудани дигар роҳҳо барои пахши заминии радио ва телевизион дар ҳудуди фирқа мусоидат кунад, тавре ҳоло телевизиони «Россия» ва радиои «Голос России» пахш мешаванд.

Масъулон мегӯянд, дар ин Созишнома дар бораи телевизион ва ё радиои хусусӣ ва ҳам дигарбора пахш кардани ягон расонаи электронии хориҷӣ умуман ҳарфе дида намешавад. Дар як сӯҳбати қаблӣ бо «Озодӣ» Дмитрий Матушкин,
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
сухангӯи пойгоҳи низомии 201изҳори тааҷҷуб карда буд, ки чаро маҳз ҳамин сол қонуни тасвибшуда дар соли 2004 ва ҳам созишномаи солҳои 90-ум ба хотири ҷониби Тоҷикистон зад. Вай афзуд, аз соли 1996 пойгоҳ барои пахши телевизион ва радио ҳеҷ мушкиле надошт.

Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигори «Озодӣ» дар ин бора, ки сарнавишти пахши «Звезда» ва ОРТ тариқи маркази радио ва телевизиони пойгоҳи 201 оё дар Созишномаи тамдиди муҳлати будубоши пойгоҳи 201 ҳал хоҳад шуд?», гуфт, аз қазия хабар надорад, аммо аз ин баъд онро пайгирӣ хоҳад кард.

Маркази радиову телевизионии пойгоҳи 201, ки соли 1996 дар Душанбе ташкил шудааст, то моҳи апрели соли равон асосан ба бознашри барномаҳои шабакаи ОРТ-и Русия ва радиои вазорати дифои ин кишвар - "Звезда" машғул буд.
Моҳи майи соли равон Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон пахши барномаҳои «Звезда»-ро қатъ кард. Барномаҳои ОРТ ҳанӯз дар соли 2010 дар басомади ТВ мустақили СМТ ва ба қавли масъулон, аз Қазоқистон пахш мешавад.
XS
SM
MD
LG