Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 60 дипломати амрикоӣ аз Русия ва баста шудани консулгарии Амрико дар Санкт-Петербург


Бинои консулгарии Амрико дар Санкт-Петербург.
Бинои консулгарии Амрико дар Санкт-Петербург.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбеи 29-уми март эълом кард, ки дар вокуниш ба тасмими Амрико, 60 дипломати амрикоиро аз хоки Русия ихроҷ мекунад ва консулгарии Амрико дар шаҳри Санкт-Петербург баста мешавад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки ин консулгарӣ давоми ду моҳи оянда баста ва 58 дипломат аз Маскав ва 2-тои дигар аз Екатеринбург то рӯзи 5-уми апрел бояд ихроҷ шаванд. ​

Собиқ ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4-уми март дар ҳолати мадҳушӣ дар шаҳри Салисбури Инглистон пайдо ва дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол дода шуданд. Бритониё Русияро ба даст доштан дар ин ҳодиса муттаҳам кард.

Вазири умури хориҷии Русия гуфт, Ҷон Ҳатсман, сафири Амрико дар Русия ба вазорати умури хориҷӣ даъват шуда ва ин тасмим ба таври расмӣ ба ӯ расонида шудааст. Сергей Лавров рӯзи панҷшанбеи 29-уми март зимни нишасти хабарӣ гуфт, "ҳамин лаҳза, ки хабарро ба шумо медиҳам, муовини вазири хориҷӣ Сергей Рябков машғули тавзеҳ додани ҷузъиёт ба оқои Ҳантсман, сафири Амрико аст."

Сергей Лавров гуфтааст, "мо ҳамон теъдоди дипломатҳоеро, ки Амрико аз хоки худ ихроҷ кард, аз Русия берун мекунем ва консулгарии Амрико дар Санкт-Петербург ҳам дигар иҷозаи фаъолият надорад". Вазири умури хориҷии Русия бидуни ироаи ҷузъиёти бештар гуфтааст, "вокуниши мо ба ин кори Амрико баробар хоҳад буд, вале фақат ба ин кор маҳдуд намешавад."

Вокуниши Бритониё ва муттаҳидонаш

Дар вокуниш ба заҳролуд кардани ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Бритониё, Лондон ба он вокуниш нишон дод ва 23 дипломати Русияро ихроҷ кард. Бритониё Русияро ба даст доштан дар ин ҳодиса муттаҳам кард. Пас аз он муттаҳидони Бритониё ҳам ба ҳамин тартиб амал карданд ва Амрико 60 дипломати Русияро ихроҷ кард ва консулгарии Русия дар Сиэтлро ҳам баст. Ғайр аз Амрико, шуморе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳам теъдоде аз дипломатҳои Русияро ихроҷ карданд.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе баёнияе нашр кард ва гуфт, "ба Ҷон Ҳантсман, сафири Амрико дар Русия расонидем, ки агар Амрико рафтори душманонаи худ алайҳи дафтарҳои намояндагии Русия дар Амрикоро давом диҳад, мо ҳам тасмимҳои бештаре хоҳем гирифт."

Моҷаро чигуна сар зад?

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.
Сергей Скрипал ва духтараш Юлия.

Собиқ ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4-уми март дар ҳолати мадҳушӣ дар шаҳри Салисбури Инглистон пайдо ва дар ҳолати сангин ба бемористон интиқол дода шуданд. Мақомоти Бритониё гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб ин кори Маскав аст ва ин ақидаро Иттиҳодияи Аврупо ҳам такрор кард.

Скрипали 66-сола як афсари собиқи сохторҳои иктишофии Русия соли 2006 барои хиёнат ба ватан маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ки Скрипал ҳуввияти ҷосусони русро ба хадамоти иктишофии Бритониё ё MI6 фош кардааст. Соли 2010 ӯ яке аз чаҳор зиндониҳои рус буд, ки бар ивази 10 ҷосуси руси пинҳоншуда дар ИМА иваз карда шуд.

Ин амалиёти калони табдили зиндониҳо аз замони Ҷанги Сард будааст. Скрипал ва духтараш Юлияи 33-сола баъди он, ки аз Маскав баргашт, бемор шуда ҳоло дар ҳолати сангин қарор доранд. Хабаргузории Франс-пресс рӯзи панҷшанбеи 29-уми март навишт, Юлия аз бахши нигаҳдории вижа берун оварда шуда ва ҳолаш рӯ ба беҳбуд аст.

XS
SM
MD
LG