Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар садади манъи ҳузури расонаҳои амрикоӣ дар ҷаласаҳои Дума аст


Думаи давлатии Русия мехоҳад ҳамаи расонаҳои амрикоиро аз ҳуқуқи иштирок дар ҷаласаҳои маҷлиси поёнии парлумони ин кишвар манъ кунад. Тарҳи қонуни манъкунандаи иҷозати ҳузури журналистони амрикоӣ қарор аст ҳафтаи оянда дар маҷлис баррасӣ шавад.

Олга Савастянова, як депутати Думаи давлатии Русия рӯзи 1 декабр дар ин замина дар маҷлис изҳороте дод. Ин ҳодиса ду рӯз баъди он рух дод, ки як созмони масъули дастрасии матбуот ба Конгресси амрикоӣ телевизиони русии RT-ро аз иҷозатномаи ширкат дар Конгресс маҳрум кард.

Даъвати ҷаласаи изтирорӣ

Таҳдиди манъи ширкати журналистони амрикоӣ аз ворид шудан ба

Расонҳои Русия, бо шумули RT ва “Спутник” дар ҳудуди Амрико озодона фаъолият доранд. Маводи онҳо тавассути телезионҳои кабелӣ ва радиоҳои FM пахш мешаванд ва пахш хоҳанд шуд. Аммо расонаҳои Амрико бо шумули “Садои Амрико” ва Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ аз дастрасӣ ба телевизиону радио маҳруманд

ҷаласаҳои Дума иқдоми ахири Маскав дар робита ба маҳдуд шудани кори расонаҳои амрикоӣ дар Русия дар пасманзари афзоиши таниш дар миёни ду кишвар мебошад. Робитаҳои ду кишвар дар пасманзари масоили мисли низои мусаллаҳона дар Украина ва иттиҳомоти Маскав дар мудохила ба ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016-и ИМА шиддат гирифт.

Раиси Кумитаи регламент ва ташкили кори Думаи давлатии Русия Олга Савастянова гуфт: “Кумитаи мо ҳафтаи оянда як ҷаласаи изтирорӣ даъват мекунад, ки бояд тарҳи қатъномаро омода кунад”, ки қарор аст, манъи “ҳузури журналистони намояндаи расонаҳои амрикоиро ба Думаи давлатӣ содир кунад”.

Кремл: Тасмими маҷлис қобили дарк аст

Тарҳи матн бояд 5 декабр таҳия шуда рӯзи 6 декабр дар ҷаласаи парлумон баррасӣ шавад. Дар Думаи давлатӣ аъзои ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” аксариятро ташкил медиҳанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президент Владимир Путин дар вокуниш ба қарори манъи иҷозати журналистони амрикоӣ ба Дума гуфт, “ин тасмим қобили дарк аст”.

Таҳдиди нав дар ҳолест, ки рӯзи 25 ноябр Путин қонунеро имзо кард, ки ҳама расонаҳои хориҷиро “агенти хориҷӣ” унвон мекунад. Русия мегӯяд, ки посухи онҳо ба манъи ҳузури телевизионашон дар Конгресс “мутаносиб” будааст. Мақомоти амрикоӣ телевизиони Русияро дар пахши таблиғоти сиёсӣ муттаҳам карда гуфтаанд, ки ин расона бояд таҳти Аҳдомаи сабтиноми агентҳои хориҷӣ (U.S. Foreign Agents Registration Act - FARA) фаъолият кунад.

R
R

Ҳамла ба озодии матбуот

Дар ИМА мегӯянд, ки иқдоми Русия “мутаносиб” нест, чунки дар қонунҳои Русия истилоҳи “агенти хориҷӣ” барои пахши садои дигарандешон ва ҷилавгирӣ аз баёни озоди фикру андеша истифода мешавад. Созмони мудофеи ҳуқуқи инсон Human Rights Watch ин қонунро шадидан маҳкум карда онро “ҳамла ба озодии матбуот” номидааст, ки ба “хотири хомӯш кардани садои онҳое, ки мардуми Русия шунидан мехоҳанд” қабул шудааст.

Қонуни матбуоти Русия аз Вазорати адлияаш хостааст, ки исми матбуоти амрикоиро, ки бояд ба ҳайси агенти хориҷӣ сабти ном шавад, муайян кунад. Худи мақомоти русӣ ва қонунгузорон дар ин феҳрасти эҳтимолӣ Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, CNN ва шабакаи олмонии Deutsche Welle-ро ба ҳайси расонаҳои мавриди назари худ дар ин феҳраст номбар кардаанд.

Вазорати адлия дар вебсайташ феҳрасте нашр кардааст, ки мувофиқи он дар навбати аввал Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ ва Садои Амрико мавриди ҳадаф қарор мегиранд.

Дар ИМА департаменти адлия дар паи як таҳқиқоти оҷонсиҳои истихборотии кишвар гуфт, ки телевизиону оҷонсии RT ва Sputnik дар амри таъсиррасонӣ ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 иттилои бардурӯғи таблиғотӣ пахш кардаанд.

Раҳбари Шӯрои мудирони BBG ё Идораи суханпарокании Амрико Ҷон Лэнсинг низ дар робита ба ин қонун рӯзи 25 ноябр изҳорот дод ва онро “таҳрифи воқеият” номид. Вай гуфт:

“Расонҳои Русия, бо шумули RT ва “Спутник” дар ҳудуди Амрико озодона фаъолият доранд. Маводи онҳо тавассути телезионҳои кабелӣ ва радиоҳои FM пахш мешаванд ва пахш хоҳанд шуд. Аммо расонаҳои Амрико бо шумули “Садои Амрико” ва Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ аз дастрасӣ ба телевизиону радио маҳруманд. Инчунин, журналистони мо, ки вазифаи касбии худро иҷро мекунанд, дар Русия мавриди таъқиб қарор гирифта, бо маҳдудияти фаъолият рӯбарӯянд”, - афзудааст ӯ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG