Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

333 ҳазор муҳоҷири тоҷик - дар рӯйхати сиёҳи Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, то 1 январ шумори шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст.

Мақомоти Хадамоти муҳоҷирати вазорати кор, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то 1 январи соли 2016 теъдоди он шаҳрвандони тоҷике, ки ба далоили мухталиф аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва панҷяки 1,6 миллион муҳоҷири хориҷии аз ҳаққи бозгашт ба он кишвар маҳрумшударо ташкил медиҳад.

Қаблан Константин Ромодановский, раиси ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия гуфт, танҳо дар як соли охир ба далели нақзи қоидаҳои кору иқомат 478 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд. Ҷамъи муҳоҷирони хориҷие, ки дар рӯйхати сиёҳи ФМС ва мақомоти дигари Русия шомил шудаанд, то поёни соли 2015, ба гуфтаи Ромодановский, ба 1,6 миллион нафар расидааст.

Лайлӣ Аҳмадова, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорати кор, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 19 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин 333 391 он шаҳрванди тоҷиканд, ки будубоши онҳо дар қаламрави Русия ғайримақбул дониста мешавад. Ба далели ягон қонуншиканим маъмурӣ, ки доштанд, ё чанд бор ҷарима шудаанд. Онҳо вобаста ба қонуншиканиҳояшон ба муддати 3, 5 ё ҳатто 10 сол ҳақ надоранд, ба Русия сафар кунанд.”

Лайлӣ Аҳмадова гуфт, ба ҷуз аз ФМС, боз 11 ниҳоди дигари давлатии Русия, аз ҷумла вазоратҳои умури дохилаву тандурустӣ, ФСБ ва идораи санитарӣ низ салоҳияти манъи сафари муҳоҷирони хориҷӣ ба он кишварро доранд ва ФМС ва ФСБ, барои мисол, рӯйхатҳои сиёҳи алоҳидаи муҳоҷирони номақбулро тартиб додаанд.

Дидори Раҳмон ва Путин дар Уфа
Дидори Раҳмон ва Путин дар Уфа

Дар тӯли соли 2015 мақомоти Тоҷикистон чандин дафъа ҷиҳати афви он муҳоҷирони тоҷике, ки дар қаламрави Русия қонуншиканиҳои ҷиддие накардаанд, талош доранд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯъро моҳи июли соли 2015 дар мулоқоти рӯбарӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар миён гузошт. Ҳамин тавр, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов афви муҳоҷирони тоҷикро дар мулоқотҳояш бо Андрей Исаев, раҳбари фраксияи ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” дар Думаи давлатии Русия ва раҳбарони Думаи вилояти Маскав матраҳ кард.

Думаи вилояти Маскав дар соли 2015 пешниҳод карда буд, ки ҳукумат ва парлумони Русия бо тасвиби як қонуни афв роҳи ин кишварро ба рӯи муҳоҷироне, ки қонуншиканиҳои ҷиддӣ надоранд, боз кунанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷумла Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, ҷамъияти “ЭтМос” ва Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия низ чандин бор бо таъкид ба паёмадҳои манфии ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ба вазъи иҷтимоӣ дар кишвари онҳо хостори афви муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик аз сӯи мақомоти Русия шудаанд.

Лайлӣ Аҳмадова, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин мавзӯъ дар рӯзномаи гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Русия ҳаст ва музокираҳо идома доранд: “Пешниҳоди мо ин аст, ки онҳоеро, ки ба далелҳои амниятӣ аз сӯи ФСБ ваё барои ягон ҷиноятҳои вазнин дар Русия аз ҳаққи сафар маҳрум кардаанд, аз муҳоҷирони дигар ҷудо кунанд. Аксари муҳоҷирони тоҷике аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрумшуда, қонуншикании ҷиддие надоранд ва мо талош дорем, ки онҳо афв ва роҳашон ба Русия боз шавад.”

Бино ба қонунҳои нави муҳоҷирати Русия, мақомоти он кишвар ҳақ доранд, ҳар муҳоҷирро барои нақзи шароити кору иқомат дар Русия ва ҳатто барои 2 қонуншикании резае, чун насупурдани пули барқ ё телефон, ё рондани мошин бо суръати баланд, ваё саривақт тамдид накардани патент ё санади сабти номаш ихроҷ кунанд.

Ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Пулҳое, ки ин муҳоҷирон ба Ватан мефиристанд, як омили муҳими таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва як чархаи асосии пешбарандаи аробаи иқтисоди ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор меравад.

Дар соли 2013 аз Русия танҳо аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ ба Тоҷикистон 4,1 миллиард доллар пул интиқол дода шуд. Дар соли 2014, соли оғози мушкилоти иқтисодии Русия, аз ин кишвар ба Тоҷикистон 3,8 миллиард доллар омад. Дар 9 моҳи аввали соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1 миллиарду 54 миллион доллар пул фиристодаанд, ки назар ба як соли қабл 3,7 маротиба камтар аст. Ниҳодҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи пул ва Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, мушкилоти иқтисодии Русия дар соли 2016 низ давом хоҳад кард ва ба эҳтимоли ғолиб ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон аз ин кишвар имсол низ боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон низ мегӯянд, сатҳи даромади мардикорони тоҷик дар Русия ба далели 2,5 маротиба паст шудани қурби рубл ва бӯҳрони иқтисодии ин кишвар хеле кам шудааст. Аммо бо ин вуҷуд, мардикорӣ дар Русия ҳамчунон як манбаи умдаи таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Вазорати кор, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта эълон кард, ки дар ду соли оянда дар ин кишвар, аз ҷумла барои таъмини он муҳоҷироне, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, 306 000 ҷои корӣ хоҳанд сохт. Аммо маоши миёна дар Тоҷикистон, ки ҳудуди 130 долларро ташкил медиҳад, бисёриҳоро қаноат намедиҳад ва садҳо ҳазор ҳар сол худро ҳамоно ба бозори кори Русия мезананд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба онҳое, ки азми муҳоҷирати корӣ ба Русияро доранд, тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ҳатман аз тариқи дафтарҳои ин идора номи худро дар рӯйхатҳои сиёҳи Русия тафтиш кунанд. Лайлӣ Аҳмадова мегӯяд, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз сарфи беҳудаи пули мардум аст, чунки “бисёриҳо бо пули зиёд чипта харида, ба Русия парвоз мекунанд ва танҳо баъди расидан мефаҳмаданд, ки номашон дар рӯйхати сиёҳ аст ва бояд баргарданд.”

XS
SM
MD
LG