Аз ин пеш Геннадий Онишенко гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон қудрати таъмини оддитарин талаботи мусофиркашониро надорад ва ин барои Русия
хатар дорад. “Мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб хоҳем кард, ки барои таъмини шароити беҳдоштӣ чора андешад, дар акси ҳол дар чаҳорчӯби ваколатҳои худ истифодаи ин қатор дар қаламрави Русияро манъ хоҳем кард. Ин маънои қатъи ҳаракати қаторро хоҳад дошт”, изҳор намуд Геннадий Онишенко.
Рӯзи душанбе муовини раиси Хадамоти марзбонии Хадамоти федеролии амнияти Русия Владимир Мочалов пешниҳод кард, ки то аз байн бурдани камбудиҳо дар қатори хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе ҳаракати он мутаваққиф карда шавад.
Мавзӯи вазъи қатори хатсайри Душанбе-Маскав-Душанбе баъд аз он доғ шуд, ки рӯзи якшанбе як ҳайати ҳукуматӣ таҳти раёсати муовини нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин дар шаҳри Астрахан аз қатори хатсайри Душанбе-Маскав дидан кард ва вазъи беҳдоштии онро ғайри қобили қабул хонд. Дар нишасти сайёри комиссиюни давлатии марзӣ пешниҳод шуд, ки дар марзи миёни Русияву Қазоқистон ба хотири тафтиши қаторҳое, ки аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, гузаргоҳи нав бунёд шавад.
Шарҳҳоро бинед (28)
Боз кардани шарҳи бештар