Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия як фаъоли мадании туркманро ихроҷ карданист


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шаҳрванди Туркманистон Тоҷмурод Бекиев, ки аз моҳи марти соли 2023 дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Санкт-Петербург қарор дошт, ба маркази нигаҳдории шаҳрвандони хориҷии рақами 1 дар ноҳияи Красное Село интиқол дода шудааст.

Бунёди Туркмании Ҳелсинкӣ 27-уми май бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки эҳтимол Бекиевро барои ихроҷ ба ватан омода мекунанд.

Тоҷмурод Бекиев бародари Ашӯрбой Бекиев аст, ки мақомоти Русия дар моҳи августи соли 2023 ба Туркманистон ихроҷ карданд. Вазорати амнияти миллии Туркманистон соли 2015 ду бародарро бо гумони ангехтани бадбинии миллӣ ва динӣ таҳти пайгард қарор додааст.

Ба иттилои дарёфтии Бунёди Туркмании Ҳелсинкӣ, Ашӯрбой Бекиев, ки бо дархости Ишқобод ба ватан ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми сохтаи "ифротгароии динӣ" 23 сол зиндонӣ шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ нигаронанд, ки Тоҷмурод Бекиев низ дар сурати ихроҷ ба ватан маҳкум ба зиндон хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG