Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Узбекистон неругоҳи хурди ҳастаӣ бунёд мекунад


Русия мехоҳад дар Узбекистон як неругоҳи хурди барқии ҳастаӣ бисозад.

Дар ин бора раҳбарони Русия ва Узбекистон Владимир Путин ва Шавкат Мирзиёев 27 май созишномаеро дар шаҳри Тошканд имзо карданд.

Дар ҳоли ҳозир дар ягон кишвари Осиёи Марказӣ неругоҳи барқии ҳастаӣ вуҷуд надорад.

Тошканд соли 2018 бо Маскав дар мавриди сохтмони неругоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида буд. Ин неругоҳ бо маблағҳои буҷаи Узбекистон ва қарзи давлатии Русия бояд сохта шавад.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, то соли 2030 неругоҳи ҳастаӣ 15-18 дарсади талаботи он кишварро бо барқ таъмин хоҳад кард.

Таҳқиқотҳои байналмилалӣ Узбекистонро ба унвони воридкунандаи асосии молҳои таҳримшудаи Русия меноманд. Ширкати русии "Газпром" соли 2023 содироти газро, ки ба Аврупо қатъ шуд, ба Узбекистон оғоз кард.

Президенти Русия Владимир Путин 26 май бо сафари давлатии дурӯза ба Узбекистон рафта буд.

XS
SM
MD
LG