Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия беш аз 90 ҳиндустониро ба ҷанг дар Украина фиристодааст


Краматорск, Украина
Краматорск, Украина

Беш аз 90 шаҳрванди Ҳиндустон бо роҳи фиреб аз тарафи Русия ба ҷанг дар Украина фиристода шудаанд.

Камаш ҳашт нафар кушта шудааст.

Вакили порлумони Ҳиндустон Сингх Саҳнейб ба шабакаи телевизионии “Дожд” гуфтааст, ҷасади шахсони кушташударо ҳанӯз ба ватан интиқол надодаанд.

Ба гуфтаи ӯ, аксар шаҳрвандони Ҳиндустон бо баҳонаи кор ба Русия даъват шуда, баъдан бе тарҷумон маҷбур карда мешаванд, ки қарордодро бо Вазорати дифоъ имзо кунанд.

Аксарият танҳо баъд аз расидан ба майдони ҷанг аз асли воқеа огоҳ мешаванд.

Волидони Рави Мину, яке аз ҳиндустониҳои кушташуда дар ҷанги Украина, ба хабарнигори шабакаи “Дожд” нақл кардааст, ки писараш дар яке аз ширкатҳои нақлиётии Русия ваъдаи кор гирифта, ба сафар баромад. Аммо ба ҷойи Русия аз Украина бо хонаводааш тамос гирифт.

XS
SM
MD
LG