Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сухангӯи "Барқи тоҷик": Умед дорем, мардум моро мебахшад. ВИДЕО


Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик"

Мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” гуфтанд, ки ба зудӣ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои мардум бардошта хоҳад шуд, аммо санаи дақиқеро ба забон наоварданд.

Ҳар рӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳо тақрибан дар як вақт барқ хомӯш мешавад. Ҳайратовар аст, ки чӣ тавр корҳои "профилактикӣ" мегузаронанд? Чӣ гуна дар нисфи шаб хатҳоро таъмир мекунанд? Ҳар сабабе аст, рӯирост бигӯянд

Суолҳои беҷавоб​

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик”, рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “таъмири хатҳои интиқоли нерӯи барқ дар ҳоли анҷомёбист. Бовар дорам, муштариён барои ин ногуворие, ки аз зӯромад (маҷбурӣ) чанд рӯз боз пеш омадааст, моро мебахшанд."

Сокинон аз гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон шикоят доранд, ки беш аз як моҳ боз бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Дар гузашта ва ҳоло мақомоти ширкати “Барқи тоҷик” онро ба таъмир дар хатҳои интиқоли нерӯи барқ рабт медиҳанд.

Аммо ин изҳороти онҳо дар як моҳи пеш ва ҳоло суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки магар таъмири хат дар як вақт ва дар тамоми ҷумҳурӣ ҷараён дорад? Ҳатто нимашабӣ? Ва агар фарзияи таъмири хатҳои интиқоли барқ дуруст аст, пас, кай ба поён мерасад?

Дар гузашта дар фасли зимистон интиқоли нерӯи барқ бо маҳдудият ба мардум дода мешуд. Аммо ин дафъа ин вазъият дар аввали баҳор пеш омадааст.

Изҳорот: Мардум қарздоранд

Саидэҳсон Ҷалолиён
Саидэҳсон Ҷалолиён

Масъалаи камбуди барқ дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел дар як мизи гирд дар идораи Радиои Озодӣ баррасӣ шуд. Хабарнигор Саидэҳсон Ҷалолиён дар мизи гирд гуфт, ҳар рӯз аз сокинони минтақаҳои гуногун шикоят мегиранд, ки “барқ нест”. Ҷалолиён гуфт, ҷавоби “рӯзҳои наздик ин масъала ҳал мешавад” дигар барои худаш ҳам боварбахш нест.

Аммо дар ин миён як муроҷиати расмии ширкати “Барқи тоҷик” бисёриҳоро ҳайрон ва бархеро нороҳат кард. Аз ҷумла, ин ширкат гуфт, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ натиҷаи қарздории мардум аст ва аз ин ба баъд "ба хотири як нафари қарздор ҳатто метавонанд як деҳа ва ё маҳалларо комилан аз барқ маҳрум" кунанд. Онҳо гуфтанд, ки сокинон аз ширкат як миллиард сомонӣ, муодили 100 миллион доллар қарздоранд.

Масъулони “Барқи тоҷик” ба мизи гирди Радиои Озодӣ ҳозир нашуданд, аммо сухангӯи ширкат дар суҳбати ҷудогона гуфт, “манзури мо ин аст, ки дар деҳаву маҳаллаҳо ба одамон таъсир гузоранд, то онҳо ҳаққи барқро пардозанд.”

"Барқ ба ҳама мерасад"

Иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ мегӯянд, ширкати “Барқи тоҷик” бо муттаҳам кардани мардум ба насупурдани ҳаққи барқ мехоҳад, масъулиятро аз дӯши худ канор гузорад.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, коршиноси тоҷики муқими Аврупо, ки тариқи онлайн дар мизи гирди Радиои Озодӣ иштирок кард, гуфт, феълан ягон сабаби айнӣ барои надодани барқ ба аҳолӣ вуҷуд надорад.

Чун, ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, “дар кишвар солона наздики 20 миллиард киловатт соат барқ тавлид мешавад ва талаботи солонаи мардум дар дохил ҳудуди 17 миллиард киловатт- аст.” Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён бовар дорад, ки мақомот барқро ба хориҷа содир мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки бе огоҳии қаблӣ қатъ кардани барқ нақзи ҳуқуқи онҳост. Фаридун Шоинбеков, муовини аввали раиси Иттиҳодияи истеъмолгарони Тоҷикистон гуфт, тақрибан дар ҳеч шаҳру ноҳияи кишвар мардум аз қатъ шудани барқ аз қабл огоҳ карда намешаванд.

"Ҳақиқати ҳолро бигӯед"

Фаридун Шоинбеков
Фаридун Шоинбеков

“Барои чунин вазъ сокинон метавонанд, ба додгоҳ шикоят баранд”, - афзуд ӯ.

Дар кул иштирокдорони мизи гирди Радиои Озодӣ таъкид карданд, ки ширкати “Барқи тоҷик” ба ҷои баҳонаҷӯӣ, беҳтар аст, вазъро пурра ба мардум бигӯяд.

“Ҳар рӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳо тақрибан дар як вақт барқ хомӯш мешавад. Ҳайратовар аст, ки чӣ тавр корҳои профилактикӣ гузаронда мешавад? Чӣ гуна дар нисфи шаб хатҳоро таъмир мегузаронанд? Хеле ҳайроатовар аст. Барои ҳамин, ҳар сабабе аст, рӯирост бигӯянд”, – гуфт Фаридун Шоинбеков.

Тафсилоти баҳс ва назари мақомоту коршиносонро дар навори видео бубинед:

Мизи гирди Радиои Озодӣ: Чаро интиқоли нерӯи барқ маҳдуд шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:31 0:00

Шарҳҳоро бинед (38)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG