Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз президент: Раҳоӣ аз бӯҳрон ва мубориза бо фасодро мехоҳем. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 22 декабр дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагон паёми солонаи худро ироа хоҳад кард. Бори охир оқои Раҳмон дар моҳи январи имсол бо паёме ба мардум ва порлумон муроҷиат карда буд.

Дар паёми солонаи худ барои соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, мубориза бо терроризм, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, баланд бурдани маош ва масоили дигар ишора карда буд.

Дар сӯҳбати атрофи мизи гирде, ки дар студияи Радиои Озодӣ ҷараён гирифт, соҳибназарони тоҷик Нуралӣ Давлат ва Меҳмоншоҳ Шарифзода ба паёмҳои гузаштаи президент муроҷиат карданд ва инчунин машваратҳои худро ба Эмомалӣ Раҳмон ироа карданд, ки бояд, аз назари онҳо, дар сиёсати раҳбари давлат қарор бигирад. Гардонандаи сӯҳбат – Мирзонабии Холиқзод

Даъват аз президент: Аз бӯҳрон бояд раҳо шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:20 0:00

XS
SM
MD
LG