Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Душанбе – Чаноқро кушоданд, вале баъзе маҳдудиятҳо побарҷост. ВИДЕО


Роҳи Душанбе - Хуҷанд
Роҳи Душанбе - Хуҷанд

Роҳи Душанбе – Чаноқро, ки бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма баста буд, баъд аз зуҳри 14-уми март дигарбора боз карданд.

Дар ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" (IRS), ки нигоҳубини ягона роҳи пулакиро дар кишвар ба уҳда дорад, гуфтанд, "ҳоло ҳаракати нақлиёт аз ҳарду самт имконпазир ҳаст", вале "барои гузаштани мошинҳои боркаши ядакдор ва фураҳо муваққатан маҳдудият ҷорӣ гардидааст."

Шаби 13 ба 14-уми март дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон барф борид ва дар баъзе аз гӯшаҳои кӯҳистонии кишвар тарма фаромад.

Қаблан Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road Solutions эълон карданд, ки бар асари боридани барфи зиёд ва фаромадани тарма роҳи Душанбе – Хуҷанд (Чаноқ) муваққатан баста шудааст. Ҳарду манбаъ гуфтанд, тозакунии роҳ аз барфу тарма ва сангреза идома дорад.

Масъулони ширкати IRS, ки нигоҳубин ва ҷамъоварии пулро дар ин роҳ ба уҳда доранд, дар паёме дар Фейсбук навиштанд, "ду тармаи калон, ки паҳноии ҳар кадом қариб 500 метр аст, мондааст. Агар тармафароӣ идома наёбад, тасмим дорем, пас аз ду пас ҳаракати нақлиёт, ақаллан аз як самт роҳандозӣ гардад."

Айни замон чандин ронандаву мусофир аз ду тараф дар роҳ банд мондаанд.

Хуршед, сокини шаҳри Истаравшан, рӯзи 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамроҳи чаҳор дӯсташ дар роҳ ба сӯйи Душанбе ҳастанд ва бояд ин шом ба Русия бираванд. "Вале роҳ аз шаб бастааст. Садҳо мошини хурду калон дармондаанд. Касе ба мо хӯрок ё нӯшидании гарм надод. Дар бораи кушодашавии роҳ низ чизе нагуфтанд. Баъзе аз ронандагонро бо гирифтани чунин баёнот, ки дар ҳолати садама ё фалокати дигаре худ ҷавобгаранд, гузаронда истодаанд", -- гуфт ӯ.

Масъулони ширкати IRS мегӯянд, ҳоло ҳаракати ҳамагуна нақлиёт дар роҳи Душанбе Чаноқ манъ аст ва то ин дам ба чанде аз ронандаҳову мусофирони бандмонда хӯрок додаанд.

Баръакс, онҳо шикоят доранд, ки ронандагон ҳушдорҳои чанд рӯз пешро нодида гирифта, вазъиятро аз будаш мушкил гардондаанд.

"Чанд рӯз қабл сохторҳои дахлдор бориши пуршиддати барф ва тармафароиро пешгуйӣ карда буданд. Мутаассифона, баъзе ронандагон ин ҳушдорро сарфи назар карда, бе омодагӣ ва бо автомобилҳое, ки ҳаракати онҳо дар ҳолати зиёд будани бориш қобили қабул нест, ба роҳ баромаданд”, -- гуфта шудааст дар баёнияи ширкати IRS.

Ронандагон мегӯянд, дар ин сурат бояд дар нуқтаҳои пулчинии ширкат ба убури роҳ иҷозат намедоданд. Яке аз ронандагон бе зикри ном дар тамоси телефонӣ гуфт: “Вақте дар нуқтаҳои пулчинӣ ҳаққи роҳро мегиранд, ба гузаштан иҷозат медиҳанд ва мо фикр мекунем, роҳ барои ҳаракат муносиб аст. Бояд онҳо дар нуқтаҳои аввал мардумро огоҳ карда, иҷозаи убур надиҳанд.”

Идораи Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон рӯзи 14-уми март дар ҳушдоре аз ронандагон ва мусофирон хост, то замони бартараф шудани мушкили роҳ “аз сафар худдорӣ кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар вилояти Суғд гуфт, дар чунин вазъият теъдоди ҳавопаймоҳоро дар хатсайри Хуҷанд - Душанбе афзоиш додаанд. Давлат Сафаров рӯзи 14-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо дархости мақомот имрӯз се ҳавопаймо аз Хуҷанд ба Душанбе парвоз мекунанд. Соати 17:30, 19:30 ва соати 22", вале дар бораи арзиши билет тафсилот надод.

Роҳи Душанбе - Чаноқ
Роҳи Душанбе - Чаноқ

Ҳар сол дар фасли зимистон равуо дар роҳи Душанбе – Чаноқ ягона масир аз пойтахт ба шимоли кишвар мушкил мешавад. Ин роҳ аз соли 2009 дар ихтиёри ширкати IRS аст ва ширкат барои нигоҳдории роҳ аз ронандагон пул мегирад. Бо вуҷуди баҳсҳои зиёд дар ҷомеа то ҳанӯз молики ширкат эълон нашудааст.

Роҳи Душанбе – Чаноқ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дарсад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта, дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

XS
SM
MD
LG