Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз пазириши Қазоқистон ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ


Кохи раёсатҷумҳурии Қазоқистон дар Остона
Кохи раёсатҷумҳурии Қазоқистон дар Остона

Ҷумҳурии Қазоқистон барои нахустин бор ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пазируфт шуд.

Дар ҷаласаи рӯзи душанбеи маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк дар қатори 18 давлати нав, Қазоқистон, як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ низ барои аввалин бор узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуд. Барои пазириши Остона ба ин ниҳоди бонуфуз 183 кишвар раъй додааст.

Шӯрои ҳуқуқи башари СММ соли 2006, бар ивази Комиссиюни ҳуқуқи башар таъсис ёфта, ба узвияти он 47 кишвар дохил мешаванд. Пазириш ба узвият дар ин шӯро дар раъйдиҳии пӯшидаву боз сурат гирифта, ҳузури як кишварро то се сол таъмин мекунад.

Вале бархе созмонҳои бонуфузи мудофеи ҳуқуқи башар ба узвияти ин шӯро пазируфта шудани ҳафт кишвар, яъне Қазоқистон Соҳили Оҷ, Эфиопия, Габон, Покистон, Венесуэла ва Имороти Муттаҳидаи Арабро интиқод кардааст. Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch мегӯяд, ки раъйдиҳии шаби гузашта “дур аз интихоботи воқеӣ” буд. Пеггӣ Ҳигз, як масъули ин созмон дар Ню-Йорк гуфт, “раъдиҳии Маҷмаи куллро интихобот номидан аз ҳад беш аст”. Вай гуфт, “то замоне барои бурдани ҳақи ишғоли як курсӣ рақобати воқеӣ набошад, узвият дар ин ниҳод як маросиме беш нест”.

Хонаи Озодӣ ё Freedom House бо пахши изҳороте рӯзи сешанбе гуфт, ки ҳафт кишвари наве, ки ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башар пазируфта шуданд, “аъзои номуносиби ниҳоде мебошанд. Ин ниҳод бояд аз кишварҳое ташкил ёбад, ки ба баландтарин меъёрҳои ҳуқуқи башар посухгӯ ҳастанд”. Хонаи Озодӣ мавқеи Бразилия, Кения ва Сиерра Леоне, се аъзои дигари нави ин шӯроро аз назари мурооти ҳуқуқи башар дар ин давлатҳо “суолбарангез” унвон кардааст.

Дар гузашта, интиқодҳои созмонҳои мудофеи озодии баён аз давлатҳои мисли Беларус, Шри Ланка, Озарбойҷон ва Эрон боиси он шудааст, ки номзадии ин кишварҳо ба узвияти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ рад шавад.

Дар раъйдиҳии шоми душанбе дар Ню-Йорк ИМА ва ҳабдаҳ кишвари дигар барои давраи сесолаи навбатӣ аъзои ин Шӯро интихоб гардиданд. Сафири Амрико дар Созмони Милал -- Сюзан Райс мегӯяд, овоздиҳии рӯзи душанбе (12-уми ноябр) дар Маҷмаи кулли СММ собит кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар ин созмони байналмилалӣ нақши пешворо бар ӯҳда дорад.

Ба гуфтаи ӯ, “имрӯз раёсати маъмурияти президенти ИМА Обама дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ натиҷа овард. Овоздиҳии имрӯза тасдиқ мекунад, ки нақши раҳбарии ИМА дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ва умуман, низоми СММ ҳамоно ба мардуми Амрико ва аҳли олам самара меорад.”

Хонум Райс гуфт, ИМА саъй хоҳад кард, таваҷҷӯҳи ин ниҳоди дидбони ҳуқуқи башарро ба масъалаҳои хос ҷалб намояд: “Дар ҳоле ки кори зиёде ҳанӯз ҳам бояд иҷро шавад, интихоби имрӯза ба ИМА имкон медиҳад, ки дастовардҳоямонро таҳким бахшида, дар бораи камбудиҳои давомдор, аз ҷумла таваҷҷӯҳи бидуни мувозинати Шӯро дар муқобили Исроил ҳарф зада, дар баробари он барои ҳифзи ҳуқуқи башар ва арзишҳои башарӣ, ки дар маркази таваҷҷӯҳи амрикоиҳо қарор доранд, қиём намоем.”

Котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон низ ӯҳдадор шуд, ки ҳамкории зич бо ҷомеаи ҷаҳониро идома диҳад.

Ҳамроҳ бо ИМА Олмон ва Ирландия дар гурӯҳи кишварҳои “Аврупои ғарбӣ ва дигарон” ба узвияти Шӯро интихоб шуданд.

Сар аз якуми январи соли оянда кишварҳои тозаинтихобшуда ҷои 18 кишвари барканоршуда Шӯрои ҳуқуқи башарро ишғол хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG