Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодиро дар Маскав ҷарима бастанд


Дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав
Дафтари Радиои Озодӣ дар Маскав

Дар Русия дафтари Радиои Озодӣ дар Маскавро бо иттиҳоми “риоят накардани қонуни матбуот, ки расонаҳои хориҷиро “маъмури хориҷӣ” меномад, ҷарима бастанд.

Додгоҳи ноҳияи Тверской дар Маскав рӯзи 5-уми июл амр дод, ки Радиои Озодӣ 100 000 рубл ва ё 1600 доллар ҷарима пардозад ва дархости вакили дифои радио барои ба таъхир андохтани мурофиаро рад кард.

Радиои Озодӣ гуфт, масъалаҳои ҳуқуқии ин амри додгоҳро баррасӣ мекунад, чун дар ниҳоят мумкин аст, ба зидди Радиои Озодӣ ва кормандони он дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз кунанд ва корашро ба ҳам бизананд.

Томас Кент, мудири Радиои Озодӣ гуфт, амри додгоҳ “шиддат гирифтани амалкардҳои Русия барои фалаҷ кардани кори радио ва барангехтани шубҳа дар бораи хабарнигорони Радиои Озодӣ аст."

Маъмури хориҷӣ кист?

Ҳашт моҳ пештар аз ин амр вазорати адлияи Русия Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва чанд расонаи дигарро “маъмури хориҷӣ” унвон дод. Чунин унвонгузорӣ баъди он шурӯъ шуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи ноябри соли гузашта зери қонуне имзо гузошт, ки ба мақомот иҷоза медиҳад, расонаҳоеро, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ” унвон диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ин қонуни Русияро сахт танқид карданд.

Томас Кент, мудири Радиои Озодӣ гуфт, аз аввал чунин ба назар мерасид, ки санади мазкур ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Том Кент
Том Кент

“Дар миёни тамоми расонаҳое, ки дар Русия кор мекунанд, танҳо матбуоте, “матбуоти маъмури хориҷӣ” унвон гирифт, ки аз тарафи Конгресс маблағгузорӣ мешавад. Мо чунин мешуморем, ки ҳадафи ин қонун махсус мо ҳастем. Қонунҳои Амрико ба мо ҳаққи истиқлол дар кори эҷодиро додааст. Ин назар, ки мо маъмури кадом ҳукумате ҳастем, беасос аст. Онҳо то кунун ба тавоноии мо дар ҷамъоварии хабар асари манфӣ гузоштанд ва кор барои кормандони мо дар онҷоро хатарнок мекунанд” гуфт, Том Кент.

Радиои Озодӣ ва Садои Амрико тобеи Идораи Суханпарокании Амрико ҳастанд, ки фаъолияти матбуотро назорат мекунанд. Садои Амрико тобеи ҳукумат аст, вале Радиои Озодӣ, муассисаи мустақили ғайритиҷоратист, ки аз тарафи Конгресс маблағгузорӣ мешавад.

Пеш аз “маъмури хориҷӣ” унвон додани матбуоти хориҷӣ Русия дар соли 2012 қонуне қабул кард ва созмонҳои ғайриҳукуматиро ҳам, ки аз хориҷ кӯмак молӣ мегирифтанд, “маъмури хориҷӣ” номид. Дар сурати риоят накардани муқаррароти ин қонун фарди гунаҳкорро ҷарима ва ё то 2 сол ба зиндон маҳкум мекунанд.

Посухи ҳамвазн ва ё монеъ шудан ба гуногунандешӣ

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки қабули ин қонун “посухи ҳамвазн” ба амалкарди Амрико аст, ки соли гузашта аз телевизиони Русияи имрӯз (RUSSIA TODAY) хост, бар асоси Қонуни маъмурони хориҷӣ, як санади 80 соли пеш дар Амрико худро ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном кунад. Ин санадро барои пешгирӣ аз тарғиботи фашизм қабул карда буданд.

Телевизиони Русияи имрӯзро ки ҳоло “RT” ном дорад, мақомоти Амрико ба дурӯғпароканӣ муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, қонуни ин кишвар аз санади Русия фарқ мекунад ва ҳадафи Маскав аз қабули чунин санаде хомӯш кардани дигарандешон ва монеъ шудан ба гуногунандешӣ аст.

Ҳоло порлумони Русия тарҳи қонунеро баррасӣ мекунад, ки ба мақомот иҷоза медиҳад, афроди алоҳидаро, ки барои расонаҳои хориҷӣ кор мекунанд “маъмури хориҷӣ” унвон диҳанд.

Бар асоси ин қонун созмонҳо ва афроде, ки “маъмури хориҷӣ” унвон шудаанд, бояд солона ду бор ба мақомот дар бораи фаъолияташон гузориш бидиҳанд. Солона ҳисоботи молӣ супоранд ва дар ҳар матлабе, ки нашр мекунанд, бояд навиштаи “маъмурони хориҷӣ” дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG