Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нафақа: Норизоияти мардум боло мегирад. ВИДЕО


Эътирозгаре дар Маскав 2 сентябр президент, вазири молия ва нахуствазирро дар тағйири низоми нафақа гунаҳгор кард
Эътирозгаре дар Маскав 2 сентябр президент, вазири молия ва нахуствазирро дар тағйири низоми нафақа гунаҳгор кард

Беш аз нисфи сокинони Русия гуфтаанд, ки омода ҳастанд дар эътирози хиёбонии зидди болоравии синни нафақа иштирок кунанд.

90 дар сади пурсидашудаҳо мухолифи ин ислоҳот ҳастанд. Аксар норозиҳо онҳое мебошанд, ки синнашон ба нафақа наздик шудааст ва онҳо аз хатари бекор мондан ҳарос доранд.

​ Як пурсиши ахири афкори умум, ки аз ҷониби маркази назарсанҷии “Левада” дар Русия анҷом шудааст, мегӯяд, 53 дар сади сокинони Русия омода ҳастанд рӯзи 9 сентябр дар намоишҳои эътирозӣ иштирок кунанд. Ин эътирозҳоро сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний барпо мекунад.

Пурсиши афкори умум баёнгари он аст, ки шумори мардуми норозӣ аз ислоҳоти низоми нафақа рӯ ба афзоиш овардааст. Ҳанӯз моҳи июл шумори онҳое, ки омода буданд дар эътирози зидди боло бурдани синни нафақа ширкат кунанд, сеяк ё 30 дарсадро ташкил медод, вале дар оғози моҳи сентябр шумори чунин мардум то 53 дарсад афзоиш ёфт.

Синни нафақа 6-8 сол боло бурда шуд

Миёнаҳои моҳи июн Думаи давлатӣ тарҳи қонуни ислоҳот, дар бораи тадриҷан боло бурдани синни бознишастагиро дар хониши аввал қабул кард, ки синни нафақаро барои мардҳо 65 ва барои занҳо 63 солагӣ муаян карда буд. Тарҳи қонун боиси нигаронӣ ва норизоияти шадиди мардум шуд, ки бе ин ҳам дар чор соли охир дар шароити болоравии нархҳову кам шудани даромади моҳона азият мешавад.

Президент Владимир Путин ҳафтаи гузашта ба гузашт роҳ диҳад ва дар як муроҷиати телевизиониаш ба мардум гуфт, ки занҳо метавонанд дар синни 60, на 63-солагӣ ба нафақа бароянд. Вале ин ҳолат ҳам мояи норизоияти мардумро кам накард. Бунгоҳҳои омузиши афкори умум гуфтанд, ки маъруфияти Путин баъди ин ташаббуси баҳсбарангез коҳиш ёфт.

Ҳоло бисёр сокинони Русия мегӯянд, ки аз тарҳи қонуни нав шадидан норозӣ ҳастанд.

Баъди суханронии Путин: мардум ислоҳоти нафақаро танқид мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Дар пурсиши афкори умуми маркази “Левада” 77 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки агар дар Русия рӯзи якшанбеи 9 сентябр раъйгирии умумӣ дар мавзӯи синни нафақа барпо шавад, онҳо барои ҳифзи қонуни амалкунанда овоз медиҳанд. Танҳо 10 дар сад гуфтаанд, ки ҷонибдори қабули қонуни нав ҳастанд.

Пурсиш: Нафақа як мавзӯи дарднок аст

Раҳбари маркази “Левада” Лев Гудков мегӯяд, ки пурсиши онҳо хеле дарднок будани масъалаи нафақаро аланӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар асл пурсиши онҳо баёнгари рӯҳияву эҳсосоти умумии мардум нисбат ба ислоҳоти низоми нафақа аст ва шояд омодагии воқеии шаҳрвандонро барои ширкат дар эътирозҳо инъикос накунад.

Лев Гудков дар сӯҳбат бо бахши Русиии Радиои Озодӣ гуфт, ки пурсиши афкори умум то суханронии ахири президент Путин баргузор шудааст.

“Мардум бо тарҳи қонуни ислоҳоти низоми нафақа розӣ нест ва аз афзоиши таниши иҷтимоӣ дар кишвар, болоравии нархҳо, тарси бекорӣ ва ғайра нигарон ҳастанд. Вале дар маҷмӯъ, мардум бештар аз ҳар чизи дигар ҳоло аз ислоҳоти низоми нафақа нигарон ҳастанд. 90 дар сади пурсидашудаҳо мухолифи ин ислоҳот ҳастанд. Аксар норозиҳо онҳое мебошанд, ки синнашон ба нафақа наздик шудааст ва онҳо аз хатари бекор мондан ҳарос доранд. Вале норизоияти мардум воқеан ҳам афзоиш меёбад”, гуфт Лев Гудков.

Ба иттилои ӯ, эҳсоси манфии мардум баъди интихоботи президентии моҳи марти соли ҷорӣ боло гирифт.

Ба андешаи ин муҳаққиқ, мизони норозигии мардум ба ҳолати соли 1998 хеле шабоҳат дорад. Вай гуфт, 53 дарсади норозӣ ва омодаи ширкат дар эътироз рақами хурд нест ва даҳҳо миллион нафарро дар бар мегирад.

Нирӯи муттаҳидкунандаи мардум ташаккул наёфтааст

Айни замон, ба андешаи ин ҷомеашинос, феълан дар Русия як нирӯи воҳид ва муттаҳидкунандаи бахши умдаи мардум созмон наёфтааст, ки тавони ба хиёбонҳо баровардани мардумро дошта бошад. Ӯ гуфт, аз миёни ҳизбҳои сиёсӣ коммунистҳо мухолифи ислоҳоти синни нафақа садо баланд карданд, вале азбаски обрӯи онҳо дар ҷомеа чандон баланд нест, гумон аст, ки тавонанд мардумро ба кӯчаҳо бароранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, мақомот ҳоло аз таҳдид кор гирифта, тавассути дастгоҳҳои таблиғии мисли телевизиону расонаҳо мардумро тарс медиҳанд, ки ба эхтирозҳои хиёбонӣ розӣ нашаванд.

Эътироз бар зидди ислоҳоти низоми нафақа дар Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Ба саволи хабарнигори Радио Свобода дар бораи он ки то куҷо норизоияти мардум дар баробари ҷанбаъҳои иҷтимоӣ инчунин дорои ангезаҳои сиёсӣ аст, гуфт, бисёриҳо аз ноадолатии иҷтимоӣ меноланд. “Ба назари онҳо, давлат дағалона дасташро ба кисаи мардум зада мехоҳад пули онҳоро бигирад. Ин як ғорати қонунишуда мебошад”, мегӯяд Лев Гудков.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар давоми 18 соли раҳбарии Путин қонуни нафақа яке аз тарҳҳои бисёр номаъруф гардид, ки ҳатто ҷонибдорони содиқи президентро ҳам ноумед мекунад. Даромади мардум дар чанд соли охир ду-се баробар коҳиш ёфта, арзиши молу маҳсулот ва хадамот, аз ҷумла хонапулӣ ҳамин қадар афзоиш ёфт. Эҳсоси ноқаноатмандӣ аз ҳукумат бештар мешавад ва дар гумон аст, ки як гузашти нисбии Путин дар нисбати синнусоли бонувони нафақахӯр дар қонуни нав битавонад фикри мардумро дигар кунад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG