Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҳҳомони "Ином" аз шаҳрдории Душанбе иҷозаи гирдиҳамоӣ хостанд


Агар шаҳрдории Душанбе ба саҳҳомони бозори "Ином"-и Шаҳритӯс иҷозаи гирдиҳамоӣ бидиҳад, ин нахустин мавриди баргузории раҳпаймоии қонунӣ дар бист соли ахир хоҳад буд.

Саҳҳомони бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритӯс бо пешниҳоди ариза ба шаҳдории Душанбе, хостори иҷозаи баргузории гирдиҳамоӣ дар рӯбарӯи бинои Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шудаанд. Санавбар Абдуллоева, яке аз саҳҳомони ин бозор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо бо ин талаб ба шаҳрдорӣ дар таърихи 13 ноябр муроҷиат кардаанд.

Дар ин муроҷиат ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки як нусхаи он ба раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон низ ирсол шудааст ва дар ихтиёри "Озодӣ" низ қарор дорад, аз ҷумла омадааст, ки "имрӯз ба шумо бо аризаи мазкур муроҷиат намуда, дар асоси қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта» хоҳиш менамоем, ки имкон диҳед, ки 3 декабри соли 2014 аз соати 10.00 то соати 16.00 дар пеши бинои Суди Олии Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии пойтахт, гирдиҳамоӣ гузаронем ва ба ин тариқ ҳуқуқи конститутсионии худро, ки дар моддаи 29 Сарқонуни ҶТ "Шаҳрванд ҳаққ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад", воқеан амалӣ намоем ва дар амал ба ҷомеъа давлати демокративу ҳуқуқбунёд будани онро нишон диҳем."

Санавбар Абдуллоева
Санавбар Абдуллоева

Саҳҳомони бозори "Ином" сабаби даст ба чунин иқдом задани худро ба "бесалоҳиятӣ"-и Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рабт додаанд, ки дар баҳси сесолаи онҳо бо Муҳибулло Саъдуллоев, зери таъсири додарарӯси президент ҳукми одилона содир намекунад. Ба гуфтаи онҳо, "қарорҳои ғайриқонунии Додгоҳи олии иқтисодии кишвар ба зиёда аз 3000 соҳибкор, мо саҳҳомон ва даҳҳо ҳазор сокинони ноҳияти Шаҳритӯс дахл дорад."

Баҳси байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари ҳаққи моликият бар бозори “Ином” дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс чанд сол боз идома дорад. Дар моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ қарор кард, ки ин бозор байни тарафҳо баробар – 50 ба 50 тақсим карда шавад. Додгоҳ ин нуктаро далел овард, ки гӯё Абдуллоевҳо 4 сол пеш нисфи бозорро ба Саъдуллоев ва Достиев тӯҳфа кардаанд. Абдуллоевҳо инро рад мекунанд.

Дар тобистони имсол Санавбар Абдуллоева монеъи талоши якуми иҷрочиёни додгоҳ барои тақсими бозор шуд. Навори он тақсимот дар Интернет нашр шуд ва сарусадои зиёде ба по кард. Ба дунбол, додгоҳи маҳаллӣ Санавбар Абдуллоеваро барои мамониат ба кори иҷрочиён 120 сомонӣ ҷарима баст.

Дар ин муроҷиати саҳҳомони бозори "Ином" ба шаҳрдорӣ омадааст, ки " 7 ноябри 2014 мо тасмим гирифтем,барои барқарор шудани ҳақиқат фақат гирдиҳамоӣ лозим аст. Зеро президент ба ноҳияи Шаҳритӯс омада моро қабул накард, кормандони милиса моро ҳабс карданд, чандин мактуб ба номи ӯ навиштем, ҷавоб надод. Ба номи оилааш мактуб навиштем, ҷавоб надод..."

Ба гуфтаи онҳо, ба ин тариқ мехоҳанд, ки таваҷҷуҳи мақомоти давлатиро ба қазия бозори "Ином" ҷалб намоянд ва қарор аст дар сурати мувофиқати шаҳрдорӣ, дар ин гирдиҳамоӣ 3000 ҳазор нафар ширкат намоянд.

Талаби саҳҳомони бозори "Ином" барои баргузории гирдиҳамоӣ дар ҳолест, ки парлумони Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр тарҳи қонун дар бораи гирдиҳамоӣ ва намоишҳоро тасвиб кард, ки бар пояи он шаҳрвандон ҳаққи баргузор кардани маҷлису гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳоро доранд. Тибқи муқаррароти ин қонун, ҳукуматҳои мақомоти иҷроияи маҳалҳо, танҳо барои баргузории маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии то ҳазор нафар сокинон иҷоза медиҳанд.

Аммо, дар сурати бештар аз ин теъдод ва дар чанд макон баргузор кардани гирдиҳамоиву раҳпаймоиҳо, салоҳияти иҷоза барои баргузории ин чорабиниро ҳукумати вилоятҳо ва шаҳрҳо доранд. Дар қонун мушаххасан зикр шудааст, ки ташаббускорони ин чорабиниҳо бояд 15 рӯз қабл аз баргузории гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ ба ҳукумати маҳалҳо бо ариза муроҷиат кунанд ва замону макон, теъдод ва ҳадафи онро баён созанд. Баргузории ҳама гуна маҷлису гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоӣ мутобиқи ин лоиҳаи қонун бо ширкати намояндагони ҳукумати маҳал, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот сурат мегирад ва дар сурати нақзи қонун аз сӯи баргузоркунандагон, онҳо ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 ба ин сӯ давлати Тоҷикистон ба баргузории ягон гирдиҳамоии эътирозӣ иҷозат надодааст ва ҳамаи талошҳои ташкили хурдтарин пикет ё эътироз ба вокуниши сахти мақомоти рӯбарӯ гаштаанд. Дар муқобил даҳҳо гирдиҳамоии тарафдорони давлат бо ташаббуси мақомоти давлатӣ ва зери ҳимояи онҳо ҷараён ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG