Ҳукумати Русия мегӯяд, ки ҳеҷ хабаре аз кушта шудани ҷанҷӯёни қарордордӣ ё "зархарид"-и ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико дар минтақаи Дайр-аз-Зури Сурия надорад. Бархе аз расонаҳо мегӯяд, ки дар ҳамлаи "пешгирона"-и эътилоф ба нерӯҳои тарафдори Башор Асад, чанд шаҳрванди Русия кушта шудаанд. Тибқи бархе гузоришҳо, даҳҳо нафар аз ҷангиёни қарордодии Русия дар ин ҳамлаҳо кушта шудаанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи сешанбеи 13-уми феврал гуфтааст, "мо хабаре аз русҳои дигаре, ки мумкин аст дар Сурия ҳузур дошта бошанд, надорем".
Изҳороти сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия дар вокуниш ба гузоришҳое мунташир шуд, ки аз кушта шудани шуморе аз ҷангиёни қарордодии Русия дар вилояти Дайр-аз-Зур дар чанд рӯзи пеш, хабар медиҳанд. Эътилоф бо раҳбарии Амрико рӯзи 7-уми феврал дар баёнияе гуфта буд, дар вокуниш ба "ҳамлаи ғайримунтазира" аз сӯи "нерӯҳои тарафдори ҳукумати Сурия" ба маркази "Нерӯҳои демократии Сурия", шаш ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи нерӯҳои тарафдори Башор Асад анҷом додааст. Ин даргирӣ дар 8-километрии шарқи минтақаи бетарафи низомӣ дар атрофи дарёи Фурот, воқеъ дар вилояти Дайр-аз-Зур рух дода буд.
Ду рӯз пас аз он баёния, Ҷим Мэттис, вазири дифои Амрико изҳор дошт, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ комилан "дифоӣ" буд ва дар вокуниш ба ҳамлаи нерӯҳои тарафдори Башор Асад анҷом шудааст. Шумораи дақиқи кушташудагон маълум нест. Аммо як мақоми амрикоӣ рӯзи сешанбеи гузашта аз кушта шудани "беш аз 100 нафар аз нерӯҳои тарафдори Асад" хабар дода буд.
Бархе аз расонаҳои мегӯянд, дар ҳамлаҳо шаҳрвандони Русия кушта шудаанд. Шабакаи хабарии "Блумберг" рӯзи 13-уми феврал гузориш дода буд, ки шуморе аз нафарҳои рус кушта шуданд, ки "мумкин аст маргбортарин рӯёрӯии Амрико ва Русия аз замони поёни Ҷанги Сард ба ин сӯ бошад". Шабакаи ҷаҳонии Бӣ-Бӣ-Сӣ ба нақл аз ҳамкорони сарбозони қарордодӣ гуфт, ҳадди ақал ду нафар аз онҳо кушта шудаанд.
Аммо ин танҳо шабакаҳои ғарбӣ нестанд, ки гузоришҳое дар ин маврид нашр кардаанд ва хабаргузории русии РИА Новости низ ба нақл аз ҳамоҳангкунандаи "Гурӯҳи Русия дигар" гуфтааст, "шаҳрвандони рус дар ҷараёни ҳамлаҳои Дайр-аз-Зур кушта шудаанд."
Ин мусоҳиби РИА Новости дар мавриди яке аз кушташудагон гуфтааст, "ӯ узви расмии артиш набуд, ва қаблан ба унвони довталаб дар Донбасс ҳузур дошт." Минтақаи Донбасс дар шарқи Украина воқеъ аст ва ниманизомиён ва ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои украинӣ аз чанд сол ба ин тараф дар ин минтақа бо ҳам даргир мебошанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи сешанбеи 13-уми феврал гуфтааст, "мо аз русҳои дигаре, ки мумкин аст дар Сурия ҳузур дошта бошанд, хабар надорем". Хабаргузории "Рейтерз" гузориш додааст, ки Ҷим Мэттис, вазири дифои Амрико, ки дар ҳоли ҳозир дар Рим -- пойтахти Италия ба сар мебарад, низ гуфтааст, ки гузоришҳоеро дар ин бора дидааст. "Мо маълумоте дар ин маврид аз Ситоди фармондеҳии марказӣ дар Пентагон дарёфт накардаем",-гуфтааст вазири дифои Амрико.
имруз пула мебаран метиян пагох меган и бача бегунох бдай тухматуш кардиян дар райони рудаки
Озодӣ илтимос қазияро хуб равшан нависед ин қазия аз филми бисерсерягии туркида зиёда. Тақрибан 100 то ҷабрдида аз болояш нависондагияй чандин соҳибкоронро доля мебасту пастава мекард банкҳо аз дасти ин ба дод омадаанд илтимос озоди миёнаравашро ҳам қапидан номаш Давлати сия инро аз пушти падараш касе ҷуръат намекард гап занад
Эти люди которые служат определённым людям и семье Хотят держать людей таким путём в страхе. Эта они специально делает чтобы другие боялись но уже они не понимает что нельзя журналистов трогать. Они должны наконец-то понять что революционер находится рядом с Верхушке Власти и день и ночь ходить с ними кушает с одного стола зачем тут журналисты. Не трогайте журналистов. Хотите не хотите заставим уйти. Как пришли так и уедите. Не переживайте Вес мир против Вас вы что можете делать. С своими фальшивыми людьми которые вы управляете и верхушка оппозиции которое Вам служат. Клан удет Народ мой. Если не хочет уйти заставим. Оставьте журналистов покое они не причём смотрите ближе себе и сваю клану они там с вами и всегда с вами. Яблоко гнётся из Нутри.
То ин рӯз кормандони милисаву гаи дар тухмату бухтон хад надоштанд, худои нокарда агар аз барашон мегузашти ва шамолатон расад, бо хар роху васила тухмататон мекарданду пулхои калон сарф мекарди то халос шави ва агар бизананду маъюббатон кунанд боз бо гуфте прав мебаромаданду гугахкорат меҳисобиданд....Имрӯз бошад дар баробари хамин баъзе кормандони худкомаи полис ки шумораашон андак хасту танҳо мақсади пулис шуданашон зарбу лат таъма ҳастанд ва бо қавле танҳо ба хотири падару язнаи миллат шудан, милиса мешаванд, ҷояшонро блогерону рӯзноманигорон гирифтаанд ва айнан аз ҳамин шева истифода мебаранду тӯҳмат месозанд ва боз прав ҳастанд ва боз пушташон ҳамон пулисон ҳастанд ки яке аз дигаре фарк надорад дигар акнун блогерону журналистон падару язнаву шавҳари миллат гаштаанд ва боз пушти ҳамин журналистону блогерону ҳамон милисаҳо ҳастанд ва танҳои боқии миллат бе пушту паноҳанду соҳиби язнаву шавҳару падари дуввуму дувоздаҳум шудаанд вой миллати бесоҳиб бе пушту паноҳ бечора мардуми одди як мусуре беш нестанд... Масалан як блогере,ки тамом ҳадди ҳудуд надорад ва ҳамеша дашномҳо болои миллат мезаду боз бо роҳи конкурс боқии миллати гариби бечораеро қиморбоз карду танҳо аз даҳонаш ғайр аз дашноми бе ҳадди, зиёд набуд ва ҳатто дар суханхои пештарааш ҳатто ҳамин ҳукуматдоронро дашному суханҳои қабеҳ мезад ва боқиро ҳар рӯз бо ҳар васила даштномҳо медод ва подписчикҳояшро автомати пулбарори сохта буду халқу ғарибонро ғайр аз лох будан дигар касе намеҳисобид, ҳамин полисҳое, ки ҳамин гуна табъ доранду ва ако аз уко ҳеч фарқе надорад ва дар ҳолати истифода бурдану бар зидди нокасоне, ки касро нокас сохтан мисли садои умедаш месозанд ҳастанд, ҳамин садои умеде, ки он гуна воҳимае буд, ки агар худое нокарда ягон суханат ноҷо мерафт бо сӯистифода аз чор пушташ он гуна мехонд, худро, ки гуҷое боши ва дар ҳар кунҷи диёр боши меебемат мегуфту ҷазоятро медиҳем ва танҳо аз рӯи падписчик доштанаш мефахрид ки ин чиз ва, ин подписчикдорони дигар дар тамоми дунё ингуна рафтор намекунанду ба мисли он чор подписчикдори точики... Ва ҳатто инҳо агар ин коментҳоро хонанд он гуна худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд ва ин коментнависро он гуна даштном месозанд ба хотири табъи нозукашон, ки дигар вовайло, дигар он гуна блогерон бо конурсҳояшон худро раису сарвари халк ва соҳиби ҳалк меҳисобанд, ки ҳатто Аллоҳ фаромӯш шуда истодааст, аз корашон ва ҳатто, он гуна ҳукумат дар баробарашон нотавон шудааст, ки як даштномдиҳандаву қабеҳгуфторро танҳо барои кадри ҳирфаву надоштанаш Ҳукумати бузурги Тоҷикистон, қаҳрамони миллат сохтааст чи миллат ва соҳибони аслии ин миллат мӯҳтарам (Ҳукуматдорони ҳакики) кучо, ва бо кадом роҳ, ба хотири ин чор нокас блогеру журналист ва милисаи худкома рафтаа истодааст номаълум ва аҷибаш он аст, ки боз ҳамин блогерон- (аз ҳарду тараф)-и нокасу журналистони худхоҳ, ва милисаҳои худкомае, ки (худро ҳамаи чизи миллат)меҳисобанд, он аст ки натанҳо Ҳукуматдоронро қарзидори худ балки Тамоми Ҳукумат ва Миллати бо Соҳиби Тоҷикро бо гуфти русҳо должен гардонидаанд...дигар Миллат ба он рузе расида истодааст, ки худро бар ҳар касе хоҳад мебахшад, нисфе ба афғону ирониҳо ва нисфи дигаре бар ӯзбеку қирғизу русу чинитаборҳо ва боқи ба нокасиву нокасон Шояд Радиои Озоди инро чоп накунад, ки медонад, аммо дарди миллат ин аст...Во вайло....ва бовар кунед инчо ачнабиен ҳеч гуноҳе надоранд
Здесь Таджикистан, детка. Законы не работают. Всё решают деньги.