Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, Эрон "иштибоҳи хеле бузурге" кард, ки дрони амрикоиро суқут дод


Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Эрон "иштибоҳи хеле бузурге" кард, ки дрони ҳарбии Амрикоро суқут дод.

Бино ба гузориши чандин расона, мақомоти амрикоӣ тасдиқ кардаанд, ки як мушаки замин ба ҳавои эронӣ як дрони низомиро дар ҳарими ҳавоии байналмилалӣ бар фарози гарданаи Ҳурмуз суқут додаанд.

Эрону ИМА пайомадҳои атрофи суқут додани як дрони низомии амрикоиро баҳс мекунанд, ки боиси эҷоди нигарониҳо аз ихтилофҳои низомӣ ва афзоиши таниши миёни ду ҷониб шудааст. Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи 20 июн бо пахши изҳороте гуфтанд, ки як дрони “ҷосус”-ро суқут доданд, ки тавонмандиҳои фаннии онро хароб кард ва он аз болои минтақаи ҷанубии Ҳурмузгон парвоз карда, ба қавли онҳо “хати қирмизро убур кард”.

Сухангӯи фармондеҳии марказии Амрико капитан Билл Урбан дар тамоси хабарнигори АП нахост дар ин замина шарҳе бидиҳад, вале гуфт, ки ҳеҷ як дрони амрикоӣ аз қаламрави Эрон нагузаштааст.

Оҷонсиҳои Reuters, Fox News ва AP ба нақли қавл аз мақомоти беноми амрикоӣ навиштанд, ки рӯзи 20 июн дрони амрикоии навъи MQ-4C Triton суқут дода шуд.

Ин гузоришҳо дар ҳоле нашр шуд, ки субҳи панҷшанбе Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо пахши изҳороте иддао карданд, ки як дрони амрикоиро нобуд карданд. Вале дар изҳороти сипоҳи посдорон иддао шуд, ки ин мушак дар ҳарими ҳавоии устони ҷанубии Ҳурмузгон дида шуд. Манобеи амрикоӣ иддао мекунанд, ки дрон замони нобуд шуданаш дар ҳаво буду ин қаламрав бахше аз фазои байналмилалӣ мебошад.

Вебсайти Sepah News, ки марбут ба Сипоҳи посдорон аст, навишт, “он замоне суқут дода шуд, ки дар наздикии ноҳияи Кӯҳмуборак дар ҷануб вориди ҳарими ҳавоии Эрон шуд”.
Кӯҳмуборак дар 1200-километрии ҷанубушарқи Теҳрон ва дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз ҷойгир аст.

Хабаргузории давлатии IRNA дронро навъи RQ-4 Global Hawk шиносоӣ кардааст.

Ин хабарҳо дар ҳоле нашр мешавад, ки таниш дар равобити Вашингтону Теҳрон ва нигарониҳо аз эҳтимоли сар задани низоъҳои мусаллаҳона дар минтақа афзоиш меёбад.

Ҳамлаҳои ахир ба киштиҳои нафткаш дар халиҷи Амон дар наздикии гарданаи Ҳурмуз боиси афзоиши танишҳо шуд ва Вашингтон дар анҷоми ин ҳамлаҳо Эронро муттаҳам кард. Теҳрон даст доштанаш дар ин ҳамлаҳоро рад кардааст.

Вазорати хориҷаи Эрон бо лаҳни тунде ин ҳодисаро маҳкум карда гуфт, ки рахнаи ҳарими ҳавоии Эрон як "тавтеа" буд.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар як изҳороти телевизионӣ гуфт, ки "ҳама гуна нақзи марзҳои Эрон шадидан маҳкум мешавад... мо аз паёмадҳои ингуна тадбирҳои ғайриқонунӣ ва тавтеаомез ҳушдор медиҳем".

Дар ҳамин ҳол шӯришиёни Ҳусӣ дар Яман иддао карданд, ки дар шаҳри Ашшуқаиқи Арабистони Саудӣ як истгоҳи нерӯи барқро бо мушаке асобат карданд. Сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс гуфт, ки президент Доналд Трамп "дар бораи ҳамлаи мушакӣ дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ огоҳонида шуд". Сандерс гуфт, ки ИМА вазъиятро назорат карда дар машварат бо ҳамкорону муттафиқон қарор дорад.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG