Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Беш аз сеяки ҷаҳониён дар режимҳои истибдодӣ зиндагӣ мекунанд


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико.

Вазорати умури хориҷии Амрико гузориши соли 2013 дар бораи ҳуқуқи башарро ба нашр расонд, ки тибқи он беш аз сеяки мардуми ҷаҳон зери режимҳои истибдодӣ зиндагӣ мекунанд.

Вазорати хориҷии Амрико дар гузориши солонаи худ ҳукуматҳои мустабидро маҳкум кардааст, ки ба хотири ҳифзи қудраташон барои саркӯб кардани мухолифон аз неруҳои амниятӣ истифода мекунанд.

Ҷон Керри, вазири корҳои хориҷии Амрико ҳангоми нашри гузориши вазорати хориҷии Амрико дар бораи ҳуқуқи башар дар Вашингтон гуфтааст: «Манотиқе ки имрӯз амнияти миллии мо дар бархе аз онҳо ба бузургтарин чолишҳо рубарӯянд, маҳалҳое ҳастанд, ки ҳукуматҳо дар онҷо додани ҳатто ҳуқуқи авалия ба мардумонашонро инкор мекунанд.»

Дар гузориши ҳуқуқи башари вазорати хориҷии Амрико дар соли 2013 омадааст, дар ҷойҳое, ки мақомот аз нерӯҳои амниятӣ барои саркӯби мардум истифода мекунанд, ба суботу пойдории он кишварҳо садама ворид карда ва монеи рушди иқтисод мешавад. Ҷон Керри, вазири корҳои хориҷии Амрико дар ин маврид ба Украина ишора кардааст, ки ба хотири хушунату нооромӣ, иқтисоди ин кишвар ба мушкилот мувоҷеҳ шудааст.

«Дар Украина тавре, ки ахиран мо ҳамаамон шоҳид гаштем, садҳо тан ба хиёбону кӯчаҳо рехтанд, алайҳи қудрат ба эътироз бархостанд ва хоҳони як ҳукумати демократӣ шуданд.»

Дар гузориши вазорати хориҷии Амрико дар бораи ҳуқуқи башар омадааст, ки беш аз як сеяки мардуми ҷаҳон таҳти ҳокимиятҳои диктаторӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар гузориши солонаи ҳуқуқи башари вазораи хориҷии Амрико масоили иҷтимоӣ низ ишора шудааст. Ҷон Керри гуфтааст, «аз кишвари Нигерия то Русияву Эрон ва дар воқеъ беш аз ҳаштод кишвари ҷаҳон ҳамҷинсгароён ва онҳое ки ҷинсияти худро тағйир додаанд, бо қавонини табъизомез рубарӯянд.»

Гузориши солонаи ҳуқуқи башари вазорати хориҷии Амрико дар ҳоле нашр шуд, ки аз 65-уми солгарди Эъломияи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад.
XS
SM
MD
LG