Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Бузургмеҳр Ёров пас аз як соли маҳдудият бо ӯ дар зиндон мулоқот карданд


Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик

Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик дар мулоқот бо хоҳар ва ҳамсараш гуфтааст, ки барои бозбинии парвандааш ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ариза менависад. Рӯзи 28-уми ноябр ба ҳамсар ва хоҳари Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик пас аз як соли маҳдудият иҷоза доданд, ки бо ӯ дидор ва мулоқот кунанд.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр рӯзи 29-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо бародараш панҷ соат сӯҳбат кард ва ҳамсараш шаб назди ӯ монд.

Ӯ гуфт, ки бори охир бо Бузургмеҳр Ёров моҳи декабри соли гузашта мулоқот карда буданд, вале баъдан, бо далели паҳншавии коронавирус, мулоқоти зиндониён бо наздиконашонро манъ карданд.

Мақомоти зиндон пештар эълон карда буданд, ки ба наздикони зиндониён пас аз пешниҳоди натиҷаи озмоиши коронавирус иҷозаи дидор медиҳанд. Пайвандони Ёров онро дастрас кардаанд.

Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки барои бозбиниии парвандааш ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ариза менависад.

“Саломатиаш хуб буд, ҳеҷ шикояте надошт. Гуфт, ки барои аз сар дидани парвандааш ариза менависад. Ба наздикӣ намояндагони мақомот бо ӯ дар зиндон сӯҳбат кардаанд. Гуфтанд, ки чӣ шикоят дорӣ, гуфтааст, ки либоси гарм надорам. Либосздӯзҳоро даъват кардаанд, андозаашро гирифта, либос омода мекунанд. Гуфт, ки моҳи апрел бемор шуда буд, вале ҳоло хуб аст”,--афзуд Хосият Ёрова.

Хоҳари Бузургмеҳр Ёрова гуфт, ки ӯ аз ҳодисаҳои ҷаҳону Тоҷикистон аз тариқи матбуот огоҳ мешавад, чун барояш ҳафтаномаҳоро мерасонанд. Дар бораи изҳоротҳои созмонҳои байналмилалӣ, даъвати сенаторҳои амрикоӣ барои озодиаш ва тақдими Ҳомо Ҳоминӣ - ҷоизаи як созмони имдодии Чехия, ба гуфтаи хоҳараш, аз матбуот хабардор шудааст.

Ӯ гуфт: “Ҳама навигариҳоро аз нашрияҳо, ки ҳар ҳафта мебарем, мехонад. Гуфт, ки вазъияташон дар маҳбас беҳтар шудааст. Фақат гуфт, ки дар як ҷо бо 84 ё 86 нафар нигаҳдорӣ мешаванд, ки тартибаш камтар сахт аст. Дар як рӯз дигаронро чор бор тафтиш кунанд, онҳоро шаш бор тафтиш мекардаанд.”

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои "таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент" 5 соли дигар изофа кард. Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ айбҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Ёров ва наздиконаш пештар гуфтаанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ва пеш аз боздошт аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард. Мақомот чунин иддаоро рад кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG