Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби озодии Бузургмеҳр Ёров бо нигаронӣ аз таҳдиди сирояти коронавирус ба зиндониён


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, бо назардошти таҳдиди сирояти СOVID-19 ба зиндониён Бузургмеҳр Ёров, яке аз вакилони шинохтаи тоҷикро озод кунад.

Созмони “Вакилони ҳомии вакилон” (Lawyers for Lawyers), ки қароргоҳаш дар Ҳолланд аст, рӯзи 11-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт: "Бо назардошти таҳдиди пандемияи COVID-19 ба сиҳатӣ ва ҷони Бузургмеҳр Ёров созмони Lawyers for Lawyers аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёровро фавран озод кунад ва ӯро бо тамоми хадамоти тиббии зарурӣ таъмин намояд."

Чанде пеш хешовандонаш гуфтанд, ки Бузургмеҳр Ёров дар зиндон бемор ва ҳарорати баданаш баланд шудааст. Ҷамшед Ёров, бародари вакили зиндонӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, Бузургмеҳр Ёров таб дорад ва 29-уми апрел сардори маҳбас доруву дармонеро, ки наздиконаш бурда буданд, ба ӯ расондааст.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои “таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент” 5 соли дигар изофа кард.

Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд.

Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳеч гуноҳ накардааст ва парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад ва фақат барои ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин ҳизбро соли 2015 дар Тоҷикистон созмони террористӣ эълон карда ва фаъолияташро мамнӯъ намуданд. Бузургмеҳр Ёров аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард.

Созмони Lawyers for Lawyers гуфтааст, Бузургмеҳр Ёров, ки "ноодилона ва бе риояти меъёрҳои байналмилалӣ боздошт ва муҳокима шудааст", то ҳол ҳеҷ гуна кумаки тиббии муносиб нагирифтааст. Ба гуфтаи созмон "таби Ёров, ки аз бемории диққи нафас ранҷ мекашад, чанде пеш баланд шудааст".

Lawyers for Lawyers мегӯяд, ки аз гузоришҳо доир ба вазъи сиҳатии Бузургмеҳр Ёров фавқулода нигарон шудааст ва аз ин рӯ аз ҳукумат мехоҳад, билофосила ӯро аз зиндон раҳо кунад. Дар идомаи баёния омадааст: "Бо назардошти хатарҳои ҷиддӣ ба сиҳатӣ ва ҷони дигар вакилони ҳомии ҳуқуқ дар ин замон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, онҳоро ҳам, ки барои фаъолиятҳои касбӣ зиндонӣ шудаанд, фавран озод кунад."

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон баъд аз гузоришҳо доир ба бад шудани сиҳатии Бузургмеҳр Ёров гуфтанд, ки ба ӯ имкон доданд, бо аҳли хонаводааш телефонӣ сӯҳбат кунад ва вазъи саломатии ӯ мояи нигаронӣ нест.

Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро раҳо кунад. Ӯ имсол дар шаҳри Прага сазовори Ҳомо Ҳоминӣ - ҷоизаи як созмони имдодии Чехия шуд. Ҷоизаи “Ҳомо Ҳоминӣ”-ро ҳар сол ба афроди алоҳида ва ё гурӯҳҳое медиҳанд, ки дар “ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, демократия ва ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсӣ” саҳм гирифтаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG