Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агар «Ҳашти субҳ» дар таҳлил мумтоз мебуд..."


Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон дар ин блог ақидаи худрор роҷеъ ба иддаоҳои нашрия ва марказҳои гуногун баён доштааст.

Боиси хушнудист, ки ҳамсоягони ҳамдину ҳамзабони мо доир ба вазъи феълии фазои динӣ дар Тоҷикистонва таъмини ҳуқуқу озодиҳои мусулмонони тоҷикистонӣ бетараф набуда, дар робита ба ин андешаҳои худро иброз медоранд.

Ахиран нашрияи «Ҳашти субҳ»-и Афғонистон низ бо иншои матлабе вазъи сиёсӣ ва динии Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, андешаҳои худро дар масъалаи ба қавли муаллиф “маҳдудиятҳои мазҳабӣ” дар кишвари мо иброз намуд.

Нашрияи «Ҳашти субҳ» гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон барои шаҳрвандон маҳдудиятҳои мазҳабиро аз қабили гузоштани риш, ширкати духтарони то ҳаждаҳсола дар ҳар навъ маросими мазҳабӣ ва амсоли ин вазъ кардааст.

Нашрия инчунин тавсия медиҳад, мақомоти давлатӣ аз баҳсҳои ришу ҳиҷоб канор истода, ба рушди иқтисод рӯй оваранд, ки роҳи наҷот аз гурӯҳҳои ифротист.

Қобили зикр аст, ки чунин «дилсӯзиҳо» танҳо як ҳадаф доранд ва он ҳам эҷоди тафриқаву иғво, ба гурӯҳҳо ҷудо сохтани мусулмонону бадном сохтани миллати сулҳпарвар.

Нашрияи «Ҳашти субҳ» иброз менамояд, ки «занони тоҷикистонӣ ҳақ надоранд мӯйҳояшонро бипӯшонанд». Аввалан, ин дурӯғи маҳз аст. Сониян, масъалаи ҳиҷоби исломӣ, ки муддатест, мавриди интиқоди баъзе расонаҳои хабарии хориҷӣ гардидааст, дар асл беасос буда, аз ноогоҳӣ ё ғарази мунаққидон дарак медиҳад. Мурод аз либоси миллии тоҷикӣ, ин даст кашидан аз бегонапарастӣ буда, ин омил тақозо мекунад, ки занон ба фарҳанги миллӣ рӯй оваранд, зеро аз қадимулайём зан-модари тоҷик либосе ба бар мекунад, ки ҷавобгӯи талаботи шариат буда, ҳамзамон хусусиятҳои миллиро ифода мекунад.

Мутаассифона, баъзе «хайрхоҳон» ба миллати шарифи тоҷик «дилсӯзӣ» намуда, бо маслиҳатҳои «муфид»-и худ мехоҳанд, ҷомеаи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ бадном кунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба дастандаркорони нашрия пурсон шуданиам, ки оё шумо ҳамаи масоили марбут ба мушкилоти дохилии худро ҳал кардаед, ки ҳамакнун ба мушкилоти кишварҳои дигар “расидагӣ” мекунед?

Агар нашрияи «Ҳашти субҳ» қобилияти мумтози таҳлилиро доро бошад, чаро вазъи ҳолии Афғонистонро таҳлилу баррасӣ намекунад, то бо ин амал ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию амниятии кишвари ба мо ҳамсоя мусоидат кунад?

Оё маҳз чунин иғвогарӣ ва мазҳабталошии баъзе гурӯҳҳои ифротӣ набуд, ки мардуми шарифи афғон то имрӯз дар вазъи нохуби амнияти басар мебаранд?

Мебоист, нашрияи мазкур ва мутахассисону коршиносони зархариди хоҷагони беруна аввал ба мушкилоти дохилии худ таваҷҷӯҳ намуда, дар пайи ислоҳи ҷомеаи Афғонистонмешуданд. Зеро амну суботи Афғонистон барои мо ҳамчун як кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабон ва ниҳоятан ҳамдин басо муҳим аст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона буда, ба маслиҳат ва тавсияҳои чунин “коршиносон”, ки бар асоси маълумоти нодурусту иғвоангез таҳия гардидаанд, эҳтиёҷ надорад.

Ба маълумоти нашрияи «Ҳашти субҳ»-и Афғонистон ва дигар зархаридони хориҷӣ, ки мехоҳанд мардуми шарифи тоҷикро низ ба шӯр оварда, дар ватани азизамон тухми кинаву адоват коранд, мерасонем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама саъйу кӯшиши худро ба он равона сохтааст, ки давлати Тоҷикистон ба ҳоли Афғонистону Покистон, Сурияву Ироқ гирифтор нашуда, мусулмонони ҷумҳурӣ дар фазои сулҳу салоҳ ва оромиву амният умр ба сар баранд.

Бинобар ин, аз нашрияи «Ҳашти субҳ»-и Афғонистон ва дигар коршиносони масоили динӣ ва рӯҳониёни маъруф эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба корҳои дохилии давлати соҳибистиқлол дахолат нанамуда, бар он бикӯшанд, то аввал худро ислоҳ кунанд, ватани худро ободу ором кунанд, сипас ба ҳамсоя назар намоянд.

Навишта мавқеи шахсии муаллиф аст...

Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон

Аз идора: Рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и Афғонистон рӯзи шанбеи 18 май бо нашри як матлаб бо руҷӯъ ба Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти кишварро аз баҳсҳои ришу ҳиҷоб канор кашонда, якҷоя ба рушди иқтисод рӯй оваранд, ки, ба қавли нашрия, роҳи наҷот аз гурӯҳҳои ифротист. "Ҳашти субҳ" карда буд, шайхҳои пулдор дар баъзе аз кишварҳои арабӣ дандон тез кардаанд, ки ҷангро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ кӯчонанд ва ин баҳсҳои марбут ба ришу ҳиҷоб дар Тоҷикистон баҳонаи хубе барои ҷангҷӯён хоҳад шуд. Ин нашрия дар ин ҷойи мақолааш ба раҳбарияти Тоҷикистон ёдоварӣ кардааст, дар ҳоли ҳозир бо сармояи шайхҳо чаҳор шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои гуногуни арабзабон бо форсӣ барои Тоҷикистон барнома пахш мекунанд ва ҳадафашон "нуфузи нарми гурӯҳҳои ифротӣ аст".

"Душанбе бояд мушкили обҳои муштарак бо Узбакистонро ҳал карда, бо роҳандозии пружаҳои бузурги иқтисодӣ зиндагии мардуми кишварро беҳбуд бахшад. Вақте амнияти иқтисодӣ таъмин аст ва мардум шуғле доранд, шикори гурӯҳҳои ифротӣ намешаванд. Тақвияти иқтисоди Тоҷикистон метавонад, тамоми барномаҳои беруниро барои ноамнсозии он кишвар хунсо кунад,"-навиштааст “Ҳашти субҳ”.

Ин нашрияи Афғонистон мегӯяд, давлати Тоҷикистонро зарур аст, дар машварат бо ҷомеашиносон низ роҳҳои хуби мубориза бо нуфузи иҷтимоии гурӯҳҳои ифротиро имтиҳон кунад. Вагарна ба навиштаи он, "таҷрубаҳои нокоми дигарон баҳои сангине бар халқи Тоҷикистон таҳмил мекунад."

Дар шарҳи ин матлаби нашрияи афғонистонӣ чандин нафар аз хонандагони торнамои Озодӣ навиштанд, ки Тоҷикистон як кишвари мустақил ва дунявист ва аз таҷрибаи кишварҳое чун Афғонистону Эрон ин ибратро гирифтааст, ки бояд бо роҳу равиши худ пеш равад ва бархе аз шореҳон гуфтаанд, бигзор ду кишвари ҳамсоя аввал мушкилоти худро дар риштаи дину мазҳаб ҳал кунанд ва намунаи сазовори пайравиро ба дигарон пешниҳод намоянд.

XS
SM
MD
LG