Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд мусалмонем, бовар кардем". Хотироти талх аз ДОИШ. ВИДЕО


Шаҳри Раққа дар Сурия баъд аз ҷанги сахт ва маҳви ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба оҳистагӣ эҳё мешавад.

Шаҳри Раққа, як замон маркази гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ", ки минтақаҳои васеи Сурияву Ироқро дар даст дошт, ба тадриҷ бозсозӣ мешавад, ҳарчанд ҳамлаҳои тундравон дар он рӯ ба афзоиш овардааст.

Айни замон мардум ҳам метарсанд, ки мабодо ҳалқаҳои хобидаи ДОИШ дигарбора сар бардошта аз онҳо, ки оромона дар зери назари мақомот зиндагӣ доранд, ниқор бигиранд. Ҳамин мақомот буданд, ки бо шикасти ДОИШ мардумро аз зулми ҷангҷӯён халос карданд.

Холид Баркал, вакили Маҷлиси Раққа, мегӯяд, "аз назари низомӣ ДОИШ шикаст хӯрд, вале ҳалқаҳои хобидае дорад, ки барои мардум хатарноканд."

Ваҳшати ҳукмронии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз ёди мардум намеравад.

Абдулло, сокини Раққа мегӯяд, "аввал вақте омаданд, гуфтанд, ки мо мусалмон ҳастем ва мо ба онҳо бовар кардем. Вале вақте як нафарро барои дуздӣ дастгир карданд, ба майдони Наим оварданд ва дасташро буриданд."

Майдони Наим дар аҳди ДОИШ "майдони ҷаҳаннам" ном гирифт, чун сарҳои буридаи муттаҳамон ба ҷосусӣ ва ҷиноятро дар онҷо рӯзҳо сари найза нигаҳ медоштанд.

Майдони футбол дар онҷо зиндони ваҳшатноке буд. Минаҳои коштаашон дар боғи осорхона ҳанӯз ҳам боқист.

Боғ нимавайрона аст, майдонро пок кардаанд ва девори майдони Наимро дигар карданд. Вале ин тағйирот хотираи талхи сокинони Раққа ва тарси онҳо аз бозгашти ҷангҷӯёни ДОИШ-ро аз байн набурдааст.

Гузориши видеоии "Садои Амрико"-ро дар ин ҷо бинед:

"Сарҳои буридаро дар майдон нигаҳ медоштанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

Шарҳҳоро бинед (3)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG