Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Душанбе аз моликони ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт тақозо кардааст, ки дар моҳи Рамазон дарҳои худро набанданд. Мақомоти шаҳрдорӣ гуфтанд, ки баста будани дари ошхонаҳо барои бархе аз сокинон мушкил эҷод хоҳад кард. Дар гузашта дар моҳи Рамазон аксари ошхонаву тарабхонаҳо баста мешуданд.

Як нафар аз деҳа меояд ва бегоҳ дар куҷо бояд ифтор кунад? Ё як нафар бемор аст ва наметавонад рӯза гирад, ӯ дар куҷо бояд хӯрок хӯрад?

“Дар куҷо ифтор кунанд?”

Як мақом дар бахши савдои ҳукумати Душанбе рӯзи 17-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби онҳо аз моликони ошхонаю тарабхонаҳо чанд рӯз қабл тайи як ҷаласа садо додааст. Ӯ гуфт, аз соҳибони ошхонаҳо тақозо шудааст, ки ҳадди ақал шомгоҳон барои ғизои шом ё ифтор шароит фароҳам биоранд.

"Албатта, ошхонаҳо моликияти ҳар кас аст ва мо ҳаққи маҷбур карданро надорем. Аммо набояд ҳамаи онҳо дар моҳи Рамазон баста бошанд. Барои мисол, як нафар аз деҳа меояд ва бегоҳ дар куҷо бояд ифтор кунад? Ё як нафар бемор аст ва наметавонад рӯза гирад, ӯ дар куҷо бояд хӯрок хӯрад?" - суол гузошт ӯ.

“Аз субҳ танҳо як дархост гирифтам”

Тақозои шаҳрдори Душанбе барои боз будани дари ошхонаҳо дар моҳи Рамазон дар ҳоле садо медиҳад, ки дар рӯзи аввали фаро расидани ин моҳ аллакай дари баъзе ошхонаҳои пойтахт баста буданд. Мушоҳидаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе нишон дод, ки рӯзона асосан дари ошхонаи ғизоҳои хориҷӣ, ба монанди тарабхонаҳои туркиву эронӣ ва чинӣ ба рӯи муштариён боз буд. Дари аксар ошхонаҳои ғизои миллӣ баста буд. Бахусус ошхонаҳои сермуштарии оши палав, яке аз маъруфтарин ғизои миллӣ низ ҳамчунон беодам мебошанд.

Назари мардум дар бораи рӯзадорӣ:

Рӯза мегиред? Агар нагиред, чӣ кори хайр мекунед?
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Ҳасан Юлдошев, масъули самбӯсахонаи “Қатра” аз субҳ то нисфирӯзӣ аз муштариён танҳо як дархост гирифтааст. Ӯ бар асоси математикаи оддӣ гуфт, дар муқоиса бо моҳҳои пеш аз Рамазон, шумори муштариёнаш ҳоло 60-70 дарсад кам шудааст. Ӯ аз бохти молиаш дар рӯзи аввали моҳи Рамазон чизе нагуфт, вале ҳисоб кард, ки рӯзҳои пеш маъмулан то соати 14-и рӯз 2 ҳазор самбӯса осон ба фурӯш мерафт. Имрӯз то шом барои таҳияи танҳо 800 дона самбӯса фармоиш гирифтааст. Вай гуфт, ин самбӯса ҳам ба хотири дастархони ифтор ва аз ҷониби як нафар фармоиш шудааст.

Ҳасан Юлдошев
Ҳасан Юлдошев

Умеди масъули самбӯсахона ин аст, ки шомгоҳон ва дар вақти ифтор муштариён ба суроғаш меоянд. Ҳасан Юлдошев ба хотири коҳиши якбораи муштариҳо дар рӯзи аввали моҳи Рамазон як қисми кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод. “Пеш аз моҳи Рамазон муштариҳо хеле зиёд буданд, ҳатто барои хидматрасонӣ баъзан дастамон намерасид. Аммо ба ин ҳама шукр. Умеди мо ба дастархони ифтори мардум аст ва умед дорем аз ин ҳисоб муштариҳо зиёд мешаванд”, - афзуд ӯ.

“Муштарӣ наомад, ғизо вайрон намешавад”

Тарабхонаву ошхонаҳои дигар дар Душанбе худро ба ҳамагуна омода кардаанд. Александра Андреева, масъули қаҳвахонаи “Роҳат”, ки бештар ба таҳияи сихкабоб машғул аст, аз кам шудани муштарӣ ҳарос надорад ва дар сурати омадани меҳмон низ ғизояш ба шакли нимпӯхт омода аст. Ӯ гуфт, “агар хӯриш фармоиш диҳанд, маҳсулоташро ҳамон лаҳза реза мекунанд. Ғизоҳои якум, моҳӣ ва мурғро низ ба ҳамин тартиб омода мекунем.”

Дар пушти дари баъзе ошхонаҳо "Таъмир" навиштаанд
Дар пушти дари баъзе ошхонаҳо "Таъмир" навиштаанд

Аммо чунин шароитро ошхонаҳое, ки ғизоҳои дерпӯхту муфассале мисли оши палав таҳия мекунанд, надоранд. Аз ин хотир, муваққатан бастани дарҳои тарабхонаро дуруст меҳисобанд. Баъзе ошхонаҳо бо истифода аз фурсат дар муддати камии муштарӣ ба таъмири муассисаи худ рӯ овардаанд, вале бархе мегӯянд, ин баҳонае беш нест, то дар сурати пеш омадани мушкил бо мақомот, ки таблиғгари шеваи дунявии зиндагӣ ҳастанд, мушкиле пеш наояд.

Таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон ба иҷрои рукнҳои мазҳабӣ баъди пошхӯрии Шӯравӣ бештару ошкортар шуд. Мақомоти тоҷик аз сӯе дар ин тамоюл хатар эҳсос карда, фаъолиятҳои мазҳабиро назорат мекунанд. Вале дар чунин шароит, тоҷирон барои худ шеваҳои пешбурди тиҷоратро ҷуста, мутобиқ ба завқу ҳаваси муштарӣ шеваи корро тағйир медиҳанд. Аз ҷумла, мутобиқкунии шароити кор ба соатҳои ифтори мардум яке аз

ин роҳҳалҳо будааст. Бархе ошхонаҳо дар Душанбе бо ташкили ифтори доимӣ дар тарабхона навиштаанд, ки арзиши он барои як муштарӣ аз 20 сомонӣ шуруъ мешавад. Солҳои охир ташкили ифтор дар тарабхонаҳо ҳам дигар як кори маъмулӣ шудааст.

Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми май фаро расид ва як моҳ идома мекунад. Ҳоло тӯли рӯз, ки барои шахси рӯзадор хӯрдану ошомидан манъ аст, дар Тоҷикистон бештар аз 17 соатро дарбар мегирад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG