Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини сохтмони "Роғун" аз бемории COVID-19 дар Русия даргузашт. АКС


Николай Савченков

Николай Савченков, раиси пешини сохтмони нирӯгоҳи барқи обии "Роғун" (1978-1992), бар асари бемории коронавируси нав дар шаҳри Маскав даргузашт. Ӯ 88-сола буд.

Писараш Степан Савченков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Николай Савченкоро 4-уми декабри имсол бо нишонаҳои "поинравии гемоглобини хун" дар як шифохонаи Маскав бистарӣ карданд ва ӯ 17-уми декабр фавтид.

"Як ҳафта истод, табаш баланд шуд. Гуфтанд, ки илтиҳоби шуш шудааст. Рӯзи 11-уми декабр натиҷаи ташхис аз коронавирус манфӣ баромад. Пизишкон гуфтанд, метавонед ба хона баред, аммо шоми он рӯз дубора озмоиш карданд. Он вақт натиҷа мусбат баромад", -- нақл кард ӯ.

Николай Савченков (аз тарафи чап) ва Борис Елтсин дар Роғун, соли 1989
Николай Савченков (аз тарафи чап) ва Борис Елтсин дар Роғун, соли 1989

Савченкови хурдӣ мегӯяд, падарашро барои санҷидани вазъи саломатӣ ба шифохона бурда буданд ва эҳтимол дар онҷо ба бемории ҳамагир мубтало шудааст.

Ба гуфтаи Степан Савченков, дар Маскав 7 бемористони вижа барои муолиҷаи гирифторони коронавирус амал мекунад ва падарашро баъди мусбат баромадани ташхис ба шифохаони рақами 70 бурданд. "Ҳолаш торафт бад мешуд ва даргузашт", -- гуфт ӯ.

Ба нақли Степан Савченков, падараш аз дарди дил ҳам ранҷ мекашид ва солҳои ахир хеле заиф шуда буд. Вай афзуд, ҳоло дар ташвиши ҷамъоварии санадҳои тасдиқи марги падар аст ва шояд ҷасадашро рӯзи шанбе ё якшанбе дафн кунанд.

Аксҳои бештар аз Николай Савченков:

Николай Савченков соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва муқими Русия шуд. Ба қавли писараш, то панҷ сол пеш тавассути номаву машваратҳо дар идомаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун саҳм гирифтааст.

"Ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ҷараёни сохтмони "Роғун" номаҳо менавишт ва то муддате узви шӯрои машваратии сохтмони нирӯгоҳ ҳам буд. То охир ба кораш содиқ буд", -- гуфт Степан Савченков.

Савченкови хурдӣ, ки низ ба роҳи падар рафтаву гидротехник аст, дар нирӯгоҳи Роғун низ кор кардааст. Вай мегӯяд, соли 2016 дар маросими бастани маҷрои рӯди Вахш иштирок карда буд.

Николай Савченков ҳамчун муҳандис ва гидротехник соли 1962 ба Душанбе ба кор рафта, аз аввал то охир дар сохтмони нирӯгоҳи Норак саҳм гирифтааст. Баъди он солҳои 1974-1978 дар Шӯрои вазирон кор кардааст.

"Ӯ бо Норак ифтихор мекард, аммо бисёр мехост, садди аз Норак ҳам баландтарро дар нирӯгоҳи Роғун бисозад. Бо баландии 335 метр. Аз раҳбарияти вақт хоста буд, ӯро раиси сохтмон таъин кунанд. Ҳам раҳбари сохтмони Роғун шуд ва ҳам раиси идораи Тоҷикгидроэнергострой. Ду корро баробар анҷом медод. Бисёр мехост, Роғунро бисозад ва аз ӯ ёдгоре монад", -- ба ёд овард ӯ.

Николай Савченков падари ду фарзанд – як духтар ва як писар – аст. Писараш Степан ва наберааш Данила ба роҳи ӯ рафта, онҳо ҳам муҳандисон гидротехник шуданд. Ҳамсари 87-солааш ҳамроҳ бо фарзандон дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG