Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Николай Савченков: Роғун мутобиқи ҳама меъёрҳост


Николай Савченков ва Борис Елтсин дар Роғун, соли 1989
Николай Савченков ва Борис Елтсин дар Роғун, соли 1989

Николай Савченков, олими рус ва яке аз тарроҳони сохтмони нерӯгоҳи Роғун, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, тарҳи ин нерӯгоҳ аз лиҳози экологӣ, фаннӣ, тавозуни об ва сейсмологӣ мутобиқ ба меъёр аст.

Вай азфуд, Роғун метавонад обанбори бузурге барои таъмини кишварҳои минтақа бо об гардад. Ба таъкиди Савченков, пажӯҳишҳои ахири мутахассисону олимони русу тоҷик дар маҳалли ин нерӯгоҳ собит кардааст, ки садди обанбори Роғун ба заминларзаи то 9 дараҷаи ҷадвали Риштер тобовар хоҳад буд.
Николай Савченков дар сохтмони нерӯгоҳи Норак саҳми аслиро дошт ва корҳои анҷомшуда дар сохтмони Роғун то фрӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ низ таҳти раҳбарии ӯ сурат гирифтааст.

Зилзилаи беш аз 6 бал имкон надорад?

Академик Собит Неъматуллоев, зилзилашиноси тоҷик, мегӯяд, таҷриба нишон додааст, ки то ҳол дар минтақаи сохтмони ин нерӯгоҳ, дар шарқи Тоҷикистон, заминларзаи беш аз 6 дараҷаи Рихтер рух надодааст. Академик Неъматуллоев афзуд, заминларзаи Ҳоит, ки дар 80 соли пеш ба вуқӯъ пайваст, ҳамагӣ 6 дараҷаи Рихтерро ташкил мекард.

Ҷаҳонгир Низомов, раиси Пажӯҳишгоҳи сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, мегӯяд, хоки маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар муддати ҳудуди сӣ соли ахир, яъне аз оғози корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ дар даврони Шӯравӣ тағйир накардааст. Ба ин далел, меафзояд ӯ, сохтмони нерӯгоҳ аз лиҳози геологӣ ва экологӣ пурра ҷавобгӯ буда, ҳеҷ хатареро ба дунбол надорад.

Аммо ҳамсоя ҳамоно нигарон аст

Ахиран Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, бо ирсоли номе ба ҳамтои тоҷикаш Оқил Оқилов хостори арзёбии байналмилалии тарҳи нерӯгоҳи Роғун шудааст. Нахуствазири Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати сарфи назар шудани мавқеи Узбакистон ин кишвар дар ба созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати рафъи пайомадҳои эҳтимолии сохтмони нерӯгоҳи Роғун муроҷеъ хоҳад шуд.

Ба эътиқоди Шавкат Мирзиёев, Роғун дар маҳалли зилзилахези то 10 дараҷаи Рихтер бунёд мешавад, ки дар сурати заминҷунбӣ бо ин шиддат марги садҳо ҳазор нафар аз сокинони кишварҳои минтақа эҳтимол дорад.

"Идомаи сохтмони Роғун ҳаққи Тоҷикистон аст"

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон, дар номаи ҷавобӣ ба ҳамтои узбакаш иддаои ҷониби Узбакистонро бепоя донист ва гуфт, «идомаи сохтмони «Роғун» ҳаққи Тоҷикистон аст».

Нахустин корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар авоили даҳаи 1970 бар пояи лоиҳаи дар Тошканд - пойтахти Узбакистон тарҳрезишуда шурӯъ гаштааст.

Феълан сохтмони ин нерӯгоҳ ба шиддат идома дорад ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд барои ба кор андохтани нахустин чархаи Роғун ба ҳудуди 600 миллион долари амрикоӣ ниёз аст. Ин чарха тибқи барномаи давлати Тоҷикистон бояд соли 2013 ило 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG