Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Хатлон аз дуздии пулҳо дар Идораи коммуналии Бохтар гуфт


Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон.

Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, аз 300 ҳазор сомонӣ маблағи ҷудошуда барои Идораи коммуналии шаҳри Бохтар, 70 ҳазор сомониро дуздидаанд.

Давлаталӣ Саид ҳафтаи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфт, Идораи коммуналии шаҳр бо вазъи ҳозирааш имкони ҳалли мушкили партовҳо дар маркази вилояти Хатлонро надорад ва барои ҳамин онҳо мехоҳанд ин корхона ба тавозуни шаҳри Бохтар гузаронда шавад.

Масъулини ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, чанд сол қабл барои Идораи коммуналии шаҳри Бохтар бо маблағи 1 миллион 229 ҳазор доллар 12 техникаи нав хариданд.

Аммо ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон, як қисми ин техникаҳо корношоям шуданд ва барои таъмири онҳо аз буҷаи вилояти 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аммо тафтиши додситонӣ рӯшан кардааст, ки 70 ҳазор сомонӣ ин пул ғорат шудааст. Маълум нест, дар робита ба ин чанд кас ҷазо гирифтааст.

Саривақт набаровардани партовҳо дар шаҳри Бохтар ба гуфтаи сокинон, аз мушкилиҳои ҷиддӣ дар маркази вилояти Хатлон аст. Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки кӯчаҳо ва дохили ҷӯйборҳо пур аз партов асту касе онҳоро тоза намекунад.

XS
SM
MD
LG