Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 13 январ дар сайти президенти Тоҷикистон муроҷиатномае ба номи мардуми ин кишвар пахш шуд, ки дар он шурӯъ аз 14 январ пурра бардошта шудани маҳдудият дар таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ хабар дода мешавад. Таъмини аҳолии Тоҷикистон бо нирӯи барқ дар фасли сармо ба як мушкили умда ва ҳам чолиши аслии ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои истиқлол маҳсуб мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон эътироф кардааст, ки "имконият барои таъмини пурраи барқ" дар солҳои истиқлол маҳдуд буд.

Дар муроҷиатномаи президент Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи 13 январ гуфта мешавад, ки ҳукумат тамоми захираву имкониятҳояшро барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона кардааст. "Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард. Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем", гуфта шудааст дар ин баёния.

Раҳмон гуфт: "Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем"
Раҳмон гуфт: "Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем"

Ҳоло, ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, "ба шарофати бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи энергетика" дар кишвар як низоми воҳиди энергетикии мамлакат бунёд шудааст. Илова ба ин, навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ҳам барои коҳиши шиддати камбуди барқ мусоидат мекунад. Раҳмон гуфтааст, ки соли ҷорӣ "ба хотири кифоя будани захираи об дар обанборҳои кишвар" бидуни ворид кардани нерӯи барқ аз хориҷа таъминоти барқ имконпазир шудааст.

Президент аз аҳолӣ ва ҳам корхонаҳо даъват кардааст, ки дар истифодаи нирӯи барқ аз сарфакорӣ кор бигиранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.

Мавзӯи маҳдудият дар дастрасӣ ба нирӯи барқ мушкили аслии сокинони махсусан манотиқи рустову деҳоти Тоҷикистон мебошад. Нирӯи барқ барои таҳияи ғизо, гарм кардани манзил ва ҳам ҳалли мушкилоти

​маишии дигари мардум лозим аст. Дар шароити маҳдудият, мардум ба истифодаи бештари ангишт, ҳезум ва тапаку дигар захираҳои сӯзишворӣ рӯ меоранд ва аз болоравии қимати ин мавод дар фасли сармо шикоят мекунанд. Мақомот дар маҳалҳо аз нобудшавии ҷангалзорҳо бонги изтироб мезананд. Дар хонаводаҳои зиёд харҷи аслии даромади моҳона барои харидории ангишту навъҳои дигари сӯзишворӣ сарф мешавад.

Лимит ё маҳдудият дар интиқоли неруи барқ ба сокинони Тоҷикистон ба истиснои Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои бузурги саноатӣ аз 1 ноябри соли 2016 шурӯъ шуда буд. Тоҷикистон, ки дар фасли зимистон ба тақрибан 2,5 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ эҳтиёҷ дорад, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май маҷбур мешавад, нерӯи барқро ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо лимити хеле шадид тақсим кунад.

Вазъ фақат дар вилояти Бадахшон фарқ мекунад, ки аз ибтидои солҳои 2000-ум бо супурдани нерӯгоҳи Помир-1 ва шабакаҳои барқаш ба Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи Оғохон, шабакаҳои барқи ин вилоят аз ширкати давлатии "Барқи тоҷик" комилан ҷудо амал мекунанд ва бино ба иттилои расмӣ, навоҳии ин вилоят ҳатто дар авҷи фасли сармо аз 18 то 24 соат дар шабонарӯз бо барқ таъмин мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми солонааш ба парлумон ва мардуми кишвар дар рӯзи 22 декабри соли гузашта эълон кард, ки дар зарфи се соли оянда сокинони Тоҷикистон дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ ба таври пурра таъмин хоҳанд шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG