Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон дар Прага: Тоҷикистон ба стратегияи аврупоӣ таваҷҷӯҳи хос дорад. АКС, ВИДЕО


Дар шаҳри Прага мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Чехия - Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан анҷом ёфт.

Дар қасри президенти Ҷумҳурии Чех дар шаҳри Прага рӯзи 1 декабр мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Чехия - Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан баргузор шуд.

Дар як суханронии мухтасар дар баробари хабарнигорон ҳарду раҳбар аз ҷараёни дидору гуфтугӯҳо изҳори қаноатмандӣ карда ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои миёни ду кишвар таъкид намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Тоҷикистон дар стратегияи байналмилалии худ ба самти аврупоӣ таваҷҷӯҳи хоса дорад. Робитаҳои мо бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, бахусус бо Ҷумҳурии Чехия бар асоси анъанаҳои нек ташаккул ёфтааст. Мо Чехияро ба унвони шарики муҳими худ эътироф кардаем ва аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намудаем”.

Раҳмон ҳамзамон гуфт, ки ду кишвар имкони тавсеа додани домани ҳамкориҳояшонро дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду энергетика доранд. Ӯ аз ширкатҳои хусусии чехӣ даъват кард, ки ба иқтисоди ин кишвар сармоягузорӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки кишвараш хостори таҳсили ҷавонҳои тоҷик дар донишгоҳҳои Чехия ва табодули омӯзгорон аст.

Президент Раҳмон таъкид кард, ки дидгоҳҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чех ба таҳдидҳои байналмилалии мисли терроризм, ифротгароӣ, интиқоли маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ҳамсон аст. Ӯ гуфт, “мо ба ин назар ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон бояд чораҳои муассир андешад”.

Тоҷикистону Чехия созишномаи парвозҳои ҳавоӣ имзо карданд

Дар ҷараёни мулоқот Созишнома ҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид. Илова ба ин санад, миёни додситониҳои кулли ду кишвар як ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ имзо шуд ва дар зери ин санад аз ҷониби Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, додситони куллии Тоҷикистон имзо гузошт.

Анҷоми мулоқот... бидуни сӯҳбат бо хабарнигорон

Барои хабарнигорон вале аслан имкони суолу ҷавоб нашуд. Хабарнигори радиои Озодӣ аз дохили толори қасри президенти Чехия гузориш дод, ки чанд лаҳза пеш аз изҳороти матбуотӣ як сухангӯи Земан ба назди матбуот баромад ва гуфт, ки брифинг бидуни саволу ҷавоб баргузор мешавад.

Дар остонаи мулоқоти Земан бо Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳе аз фаъолони сиёсӣ, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистонанд, дар назди кохи раёсати ҷумҳурии Чех тазоҳурот карданд. Онҳо дар шиорҳои худ қабули Раҳмонро дар як кишвари аврупоӣ ва ба маснади раҳбари якумрӣ нишастани ӯро интиқод карданд.

​Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми ширкаташ дар ҳамоиши оби Будапешт шоми 30 ноябр вориди шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех шуд.

Ин сафари Эмомалӣ Раҳмон дуруст баъди ду соли боздиди Милош Земан, президенти Ҷумҳурии Чех ба Тоҷикистон сурат мегирад. Земан дар моҳи ноябри соли 2014, дар шабу рӯзе, ки баҳси Ғарбу Русия бар сари бӯҳрони Украина ҷараён дошт, дидан кард ва баъдан барои "нармгуфторӣ" дар баробари Русияву Чин аз тарафи мухолифонаш ҳам "гап шунид".

Милош Земан, раисиҷумҳури Чех, ки солҳои 1980-ум дар Тоҷикистон кор кардааст, худро як дӯсти наздики ин кишвар меномад. Дар сафараш ба Душанбе соли 2014 Земан ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон муассир хонда гуфта буд, ки равобиту ҳамкориҳои ду кишвар қабл аз касби истиқлоли Тоҷикистон густариши чашмгире доштааст. Земан дар нишасти матбуотиаш дар Душанбе гуфта буд, ки солҳои 1984 ҳангоми кор дар ширкати "Agrodat" ва "Политехно" ба Тоҷикистон омада, техникаи кишоварзӣ ворид кардааст. Аз рӯи баъзе маълумот, дар Тоҷикистон ӯ чандин моҳ бо мутахассисони тоҷик ҳамкорӣ карда, ба ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҳам сафарҳо анҷом додааст, аз ин рӯ ин кишварро "як дӯсти Ҷумҳурии Чех" арзёбӣ мекунад.

Дар сафари ду соли пешаш ба Тоҷикистон Милош Земанро як ҳайати соҳибкорони чехӣ ҳамроҳӣ мекард ва дар паи мулоқоти раҳбарони ду кишвар Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷику чех низ баргузор гардид. Вале бо ин вуҷуд мизони ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳо хеле ночиз боқӣ мемонад. Коршиносон мегӯянд, ки як садди тавсеаи ҳамкориҳои байни кишварҳо вуҷуди фасод ва қонунҳои нонавиштаи муносибат дар бозори дохилии Тоҷикистон аст, ки пеши роҳи ин муомилаҳоро мегирад. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чехия дар соли 2015 каме беш аз дусад ҳазор долларро ташкил додааст.

Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чехия 5 июни соли 1992 барқарор шудааст. Вале аз он замон то кунун сафоратхонаи кишварҳо бевосита дар пойтахтҳои ин ду кишвар боз нашуд.

Маликшо Неъматов имсол ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех эътимоднома супурд
Маликшо Неъматов имсол ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех эътимоднома супурд

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG