Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар раҳпаймоии низомӣ бахшида ба 35-умин солгарди истиқлол дигарбора аз сарбозону афсарони тоҷик хостааст, ойинномаи низомиро риоят кунанд.
Беэътиноӣ ба ин ойиннома ва бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ, як мушкили сахтест, ки солҳои дароз гиребонгири нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад. Дар ин раҳпаймоӣ, ки рӯзи 7-уми сентябр дар маркази шаҳри Душанбе ва бо ҳузури 27 000 сарбозу афсар ва дигар кормандони воҳидҳои низомӣ сурат гирифт,
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст:“Талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ, мунтазам баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон вазифаи муҳимтарину муқаддаси ҳар як афсар ва сарбоз мебошад.” Панҷ рӯз пештар аз ин раҳпаймоӣ афсарони тоҷик ҷасади Солеҳ Файзиев, як сарбози 19-соларо дар ноҳияи Деваштич ба волидонаш супурданд. Қарор будааст, ӯ низ дар раҳпаймоии мазкур ширкат кунад.
Наздиконаш гуфтаанд, ки афсарон “ҷасадро оварда супурданд, вале сабаби марги ӯро шарҳ надоданд". Дар як соли охир дар бораи марги ҳафт сарбози тоҷик гузориш шудааст. Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи имсол ва дар пайи ҳалокати се сарбоз дар моҳи апрел аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ, хост, масъалаи тартибу низом дар воҳидҳои низомиро бисёр ҷиддӣ бигиранд.
Ӯ дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон сухан гуфт. Танҳо дар ду ҳафтаи охири моҳи апрел Исрофил Азимзодаи 25-сола аз Рӯдакӣ, Ғолибҷон Иброҳимов - сарбози 23-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола ҳалок шуданд.
Мақомот гуфтанд, сабаби марги онҳоро таҳқиқ мекунанд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро яке аз сабабҳои қасди ҷони худ кардани сарбозон ва ё ҳалок шудани онҳо медонанд.