Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз ҷанг дар Ғазза ва кушта шудани кӯдакон гуфт


Эмомалӣ Раҳмон. 1 сентябри 2024
Эмомалӣ Раҳмон. 1 сентябри 2024

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар кишвар танқид мешавад, аз "авҷи исломситезиву мусулмонбадбинӣ ва тафриқаандозӣ миёни дину мазҳабҳо" дар ҷаҳон гуфт.

Раҳмон 1-уми сентябр дар маросиме бахшида ба оғози соли таҳсил дар Душанбе бидуни инки аз ҳеч кишваре ном барад гуфт, "ҳазорон одами бегуноҳ қурбони манфиатҳо ва бозиҳои геосиёсии кишварҳои абарқудрат шуда истодаанд."

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз ҷанг дар Навори Ғазза ёд кард, ки ба гуфтаи ӯ боис ба кушта шудани беш аз 40 ҳазор кас, аз ҷумла 17 ҳазор кӯдак гардидааст.

Ҷанг дар Навори Ғазза 7-уми октябри соли 2023 баъд аз ҳамлаи ҷангҷӯёни "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд ва то ҳол идома дорад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон пештар гуфта буд, ки кишвараш хоҳони давлати мустақили Фаластин бар асоси қатъномаҳои пешини Созмони Милали Муттаҳид аст.

XS
SM
MD
LG